Абдуллоҳ ибни Масъуд
Абдуллоҳ ибни Масъуд  Нахустин нағмасари Қуръон  Қабл аз он ки Паёмбар (с) ба ҳавлии Арқам дохил гардад, Абдуллоҳ ибни Масъуд ба ӯ имон оварда буд. У шашумин шахс аз касоне буд, ки ба Паёмбар (с) имон оварда ва пайравии ӯро намуданд. Бар вай ва бар онҳо раҳмати Худо ва саломатӣ аз ҷониби Худо бод! […]
Ҳамза ибни Абдулмуталлиб
Ҳамза ибни Абдулмуталлиб Шери Худо ва пешвои шуҳадо Макка баъди сипарӣ шудани рӯзи саршор аз саъю машаққат, ибодат ва бозиву беҳудагӣ дар хоби ноз фурӯ рафта буд. Ва аҳли Қурайш дар ҳоли хоб дар бистарҳояшон ба ҳар паҳлӯ мегаштанд. Магар як нафар, ки паҳлӯяш берун аз бистари хоб буд. Ӯ барвақт ба бистари хобаш медаромад […]
Саъид ибни Омир
Саъид ибни Омир Бузургӣ таҳти ҷандалибосҳо  Кадоме аз мо ин номро медонем ва кадоме аз мо аз ин пеш ин номро шунидааст? Гумони асл ин аст, ки агар ҳамаи мо набошад, ҳам аксари мо ин номро аз ин пеш нашунидаем. Ман тасаввур мекунам, ки чун ин номро мехонед, мепурсед: Саъид ибни Омир кӣ бошад? […]
Ал-Миқдод ибни Амр
Ал-Миқдод ибни Амр Нахустин шаҳсавори Ислом  Ҳамсӯҳбатон ва рафиқонаш дар бораи ӯ чунин гуфтаанд: — Аввалин касе, ки аспаш ҳамроҳаш дар роҳи Худо давид, Миқдод ибни Асвад буд. Ва_Миқдод ибни Асвад, ҳамин диловари мо Микдод ибни Амр аст. У дар давраи ҷоҳилият бо Асвад ибни Абуяғус аҳду паймони ёрмандӣ баста буд, дар навбати худ […]
Муъоз ибни Ҷабал
Муъоз ибни Ҷабал Донотарини онҳо ба амриҳалол ва ҳаром Ҳангоме ки Паёмбари Худо (с) бо ансор ба байъати Ақабаи дуюм машғул буд, дар миёни ҷамъияти аз 70 нафар иборатбудаи ансор ҷавоне бо чеҳраи нуронӣ, зебо ва дандонҳои мисли барқ рӯшан менишаст. Ӯ бо оромӣ ва хомӯшиаш дидаи назорагарро хира мекард. Чун сухан мегуфт, боз зиёдтар […]
Суҳайб ибни Синон
Тиҷорат фоида дод, эй Абояҳё! Ӯ дар канори неъмат таваллуд шуда буд. Падараш ҳокими Убилла ва аз ҷониби Хисрави Парвиз волии онҷо буд. У аз ҷумлаи арабҳое буд, ки аз сарзаминҳои худ дур шуда, пеш аз ислом ба Ироқ омада буданд. У дар қасри падараш, ки дар соҳили дарёи Фурот дар наздикии ал-Ҷазира ва ал-Мувсил […]
Родмардоне дар атрофи паёмбар (с) Саъд ибни Абиваққос
Шере дар сарпанҷааш  Хабари ҳуҷумҳои аҳдшиканонае, ки қувваҳои Форс бар сари мусалмонон ворид месохтанд, ва хабари ҷанги Сари Пул, ки қурбонии якрӯзаи он чаҳор ҳазор шаҳид буд ва хабари ахдшикании аҳли Ироқ, амирулмӯъмин Умар ибниХаттобро (р) дар ташвишу изтироб андохтанд. Пас халифа қарор дод, ки худаш биравад, то лашкари мусалмононро дар маъракаи ҳалкунанда бар […]
Талоқ ба хотири волидайн
Дар тамоми оилаҳо мушкиливу якдигарнофаҳмӣ байни арӯсу наздикони шавҳар вуҷуд дорад. Арӯсе нест, ки аз хонаводаи шавҳар боре ҳам шикоят накарда бошад ва хусуру хушдомане ҳам вуҷуд надоранд, ки аз тамоми рафтори арӯсашон розӣ бошанд. Мушкилиҳои келуну хушдомани ҳамеша буду боқӣ мемонад. Моён замоне соҳиби зиндагии осуда мегардем, ки аз хатогиҳои ҳамдигар чашм пӯшем. Дар […]
100 фоида аз сураи Юсуф
Аллоҳ таъоло мефармояд: «Ҳамоно дар ҳикояти Юсуф ва бародаронаш барои доништалабон ва аҳли таҳқиқ ибрат ва ҳикмати бисёр мундариҷ аст». Фоидаи 1: Аҳди падар бо фарзандонаш дар тарбияи онҳо. Фоидаи 2: Хоби нек аз тарафи Парвардигор аст, ки падар барои Юсуф (алайҳис салом) баёни онро манъ кард. Фоидаи 3: Сухан накарда пинҳон кардани неъмат барои маслаҳа […]
Родмардоне дар атрофи паёмбар (с) Абдуллоҳ ибни Умар
Муҷтаҳид ва руҷўъкунанда… Ў дар лаҳзаҳои охири умри дарозаш чунин қисса мекард: – Ба таҳқиқ ба Паёмбари Худо (с) байъат намудам ва ҳеҷ гоҳ ба сўи қафо барнагаштам ва аҳди кардаамро то имрўз табдил нанамудам. Ва ба ҳеҷ каси фитнаандоз байъат накардам. Ва ҳеҷ бандаи мўъминеро аз ҷойгоҳи хобаш бедор нанамудам. Дар ин чанд калима […]