Ояд аз шеъру сухан бӯи Ватан — Лоиқи Шералӣ
Ояд аз шеъру сухан бӯи Ватан, Бинам аз рӯи сухан рӯи Ватан. Ҳар кӣ нируманд бошад дар ҳунар Такя дорад гар ба нируи Ватан. Шоирӣ аслан ватандорӣ бувад, На суханбофӣ ба ҳар кӯи Ватан. Шоирӣ он аст, ки бо савқи шеър Беватанро оварад сӯи Ватан. Шеър аз меҳри Ватан сар мезанад, Дар фазои ҷовидон пар […]