Саъид ибни Омир

Саъид ибни Омир

Бузургӣ таҳти ҷандалибосҳо



Кадоме аз мо ин номро медонем ва кадоме аз мо аз ин пеш ин номро шунидааст?

Гумони асл ин аст, ки агар ҳамаи мо набошад, ҳам аксари мо ин номро аз ин пеш нашунидаем. Ман тасаввур мекунам, ки чун ин номро мехонед, мепурсед: Саъид ибни Омир кӣ бошад?

Оре, ба зудӣ хоҳед донист, ки ин шахси саодатманд кист!

© © 0

Ӯ яке аз саҳобагони бузурги Расули Худост, агарчанде ки номи ӯ он шӯҳрату овозаи одатиеро, ки номҳои дигар саҳобагони бузургдоранд, надорад.

У яке аз бузургони аҳли тақво мебошад.

Ҳарчанд илова ва такрор шавад ҳам, мебояд ишора кард, ки ӯ дар тамоми набардҳо бо Паёмбар (с) ҳамроҳ буд. Ин амал тариқаи тамоми мусалмонон буд ва ҳеҷ мӯъмине ҳаққи онро надошт, ки аз Паёмбари Худо (с) дар ҳолати сулҳ ва ё ҷиҳод тахаллуф варзад.

Саъид пеш аз фатҳи Хайбар ислом овард ва аз лаҳзае, ки пойбанди ислом шуд, бо Паёмбар (с) байъат намуд. Тамоми ҳаёт, вуҷуд ва зиндагиашро ба ҳардуи онҳо бахшид.

Пас тоъат, зуҳд, бузургӣ, парҳезгорӣ ва баландмартабагӣ.

Ҳама фазилатҳои бузургӣ дар ин инсони пок ҳамчун бародар, дӯст ба андозаи хеле бузург ёфт мешаванд.

Дар ҳоле, ки барои мулоқоти ин шахс ҷаҳд дорем, ба мо лозим аст, зирак бошем, то дар дидани азамати ӯ фиреб нахӯрем ва нагузорем, ки аз пеши назари мо дар гӯшае монад ва нодида гирифта шавад.

Чун чашми кас дар байни издиҳом ба Саъид бияфтад, чизеро дида наметавонад, ки ӯро ба истодан ва андешидан водорад.

139

Зеро чашми бинанда як шахсеро аз афроди ин қофилаи пешқадам мебинад. Бо мӯи жӯлида ва ғуборолуд. Дар сару либос ва шакли зоҳириаш чизе нест, ки ӯро аз фуқарои мусалмонон фарқ кунонад.

Вақте ки мо аз сару либос ва шакли зоҳириаш ба сӯи ҳақиқати у далел биҷӯем, мо чизеро намебинем. Зеро азамати ин мард аз рӯи асолат болотар аз он аст, ки дар зимни ягон мазоҳири сарвату боигарӣ ҳувайдо гардад.

Бузургии ӯ дар соддагӣ ва ҷандалибосҳои ӯ ниҳон аст.

Оё луълуъро мебинед, ки дар шиками садаф ниҳон аст? Ин шахс ба ин мисол шабеҳ аст.

© 0 0

Ҳангоме ки амири мӯъминон Умар ибни Хаттоб (р) Муъовияро аз волигии Шом барканор кард, ба атрофи худ нигариста шахсеро ҷустуҷӯ мекард, ки дар ҷои Муъовия ӯро сардор таъин намояд.

Ва услуби Умар (р) дар ихтиёр кардани роҳбарон ва муъовинонаш як услубест, ки ниҳояти ҳазарро дар диққат ва таҳаммул ҷамъ месозад. Ин аз он сабаб буд, ки ӯ боварӣ дошт ҳар хато ва камбудие, ки ягон роҳбари таъиннамудаи ӯ анҷом бидиҳад, дар ягон сарзамини дур ҳам бошад, Худованд ду нафарро таҳти пурсиш қарор медиҳад: аввалан Умарро ва дуввум соҳиби он хато ва камбудиро.

Ва меъёрҳои Умар (р) дар арзишгузории мардум ва интихоби волиҳо дақиқ ва ҳама ҷониба иҳотакунанда ва чашмрас буданд.

Вилояти Шом дар он рӯзҳо маркази бузурги тамаддун буд ва зиндагонӣ дар ин сарзамин асрҳо андаруни тамаддуни пешрафта ҷараён дошт. Шом маркази муҳими тиҷорат ҳам ба шумор мерафт ва ҷои фаровонии нозу неъматҳо низ буд ва ӯ аз ин сабабҳо ва барои ин сабабҳо маҳали ангезаҳо буд ва барои роҳбарии он ҷо ба фикри Умар (р) як шахси рӯҳонии хеле бузург ва ботақво лозим буд, то тамоми шайтонҳои бероҳкунанда дар назди парҳезгориаш гурезон бошанд. Шахсияти дунёбезор, ибодатгор, доимуттоъат ва руҷӯъкунанда ба сӯи Худованди бузург лозим буд.

Ва Умар (р) фарёд кашид:

— Ёфтамаш, Саъид ибни Омирро ба назди ман биёваред!

Ва баъдтар Саъид ба назари амири мӯъминон меояд ва халифа ба ӯ роҳбарии вилояти Ҳамсро пешкаш менамояд.

Валекин Саъид узр пурсида рад мекунад ва мегӯяд:

— Маро дар фитнаи дунё наандоз, эй амири мӯъминон.

Умар (р) фарёд мекашад:

— Қасам ба Худо, ки туро раҳо намекунам, оё амонатҳоятонро ва хилофататонро дар гардани ман бор мекунед ва баъд аз он маро танҳо мегузоред?

Ва Саъид дарҳол қаноъатманд мешавад, зеро суханони Умар (р) касро қонеъ мегардонданд.

Оре, ин аз рӯи адолат нест, ки амонат ва хилофатро ба ӯ банданд, баъд аз он ӯро танҳо бигузоранд.

Агар шахсоне мисли Саъид ибни Омир аз масъулияти роҳбарӣ бигурезанд, Умар (р) аз куҷо нафаре ёбад, то ӯро дар мушкилоти ин роҳбарии сангин ёрӣ кунанд?

Саъид ба сӯи вилояти Ҳамс раҳсипор шуд ва завҷааш ҳамроҳаш буд ва ҳарду арӯсу домоди нав буданд ва занаш аз кӯдакиаш хеле соҳибҷамол буд. Умар (р) барои Саъид як микдор мол роҳхарчӣ ҷудо намуд. Чун дар вилояти Ҳамс қарор гирифт, завҷааш хост, ки ҳаққи худашро ҳамчун зан аз он моле, ки Умар (р) барои харҷ ба Саъид дода буд, истифода барад. У ба Саъид маслиҳат дод, ки аввалан сарулибоси мувофиқбарои худашон бихаранд ва асбобу анҷоми хона ва боқиро захира намоянд.

Саъид ба ӯ гуфт:

— Оё туро ба чизе, ки аз ин беҳтар бошад, далолат намоям? Мо дар як мамлакате ҳастем, ки тиҷораташ фоидаовар аст ва бозораш хеле роиҷ аст. Мо бояд молро ба ягон касе бидиҳем, тоӯбо тиҷорат зиёдаш намояд.

Завҷааш гуфт:

— Агар он шахс зиён бинад чӣ?

Саъид гуфт:

-Аввал товонашро ба ӯҳдааш мегузорам.

Занаш гуфт:

— Ин тавр бошад, хеле хуб.

Саъид пулро гирифта берун рафт ва баъзе чизҳое, ки барои зиндагии қашшоқонаи онҳо зарур буд, харидорӣ намуд. Ва боқимондаи молро ба фақирон ва мӯҳтоҷон сарфу харҷ кард.

Рӯзҳо мегузаштанд. Гоҳ-гоҳ занаш аз он тиҷораташ ва аз замони расидани фоидаҳояш пурсон мешуд.

Саъид ҷавоб медод, ки ин тиҷорати мо хеле судманд ва муваффақаст ва фоидаҳояш зиёд гашта истодаанд.

Рӯзе занаш дар ҳузури яке аз хешовандони Саъид, ки аз

ҳақиқати амр огоҳ буд, боз ҳамон суолашро ба Саъид дод. Саъид табасуме намуд, баъд хандид ва бо ин рафтор дар дили зан шак ва нобоварӣ андохт. Занаш исрор намуд, ки ӯро аз ҳақиқати амр огоҳ созад. Пас гуфт:

— Он молро ҳамон рӯз ба садақа додам.

Занаш аз он ки аз он мол фоидае нашуд, аз алам гирён шуд. Зеро на барои худаш чизи дилхоҳе харид ва на мол боқӣ монд.

Саъид ба сӯи занаш нигоҳ кард ва ашки бо алам рехтааш ӯро зеботар ва дилработар намуда буд.

Пеш аз он ки ин ҳолати дилфиреб дар қалбаш заъфе эҷод намояд, нигоҳашро ба сӯи ҷаннат равона намуд. Дар он ҷо дӯстони собиқашро, ки аз дунё риҳлат намуда буданд, дид ва гуфт:

— Ман дустоне доштам, ки пеш аз ман ба суи Худо рафтанд ва ман дӯст намедорам, ки аз роҳи интихобнамудаи онҳо мунҳариф шавам, агарчанде барои ман дунёро бо ҳама дороияш бидиҳанд.

Чун хавф бурд, ки мабодо занаш бо истифода аз ҳусну ҷамолаш ба болои ӯ ҷуръат ёбад, чунин гуфт:

— Бидон эӣ зан, ки дар ҷаннат аз занони шаҳлочашми сиёҳчашм ва некӯхислати зеборӯй чандон ҳаст, ки агар яке аз онҳо бар рӯи замин зоҳир гардад, тамоми рӯи заминро рӯшноӣ фаро мегирад ва нури ҷамоли яке аз онҳо бар рӯшноии офтобу моҳ голиб меояд. Агар туро барои онҳо қурбонӣ кунам (яъне аз даст бидиҳам) ин беҳтару хубтар аст, аз он ки онҳоро барои ту қурбон созам.

Ва суханашро ҳамчунон ки бо оромӣ, табассум ва ризомандӣ оғоз намуда буд, ба охир расонид.

Ва занаш низ ором гардид ва дарк намуд, ки ҳеҷ чиз беҳтар аз он нест, ки дар роҳи интихобкардаи Саъид биравад ва нафсро барои пайравии Саъид дар дунёбезорӣ ва тақво маҷбур созад.

***

Дар он рӯзҳо Ҳамсро Куфаи дуввум мехонданд ва сабаби ин васф аз бисёрии саркашӣ ва ихтилоф нисбати ҳокимонашон буд.

Ва аз сабабе, ки Куфа дар Ироқ дар саркашӣ ва ихтилоф аз дигарон пешқадамтар буд, Ҳамс номи онро ба худ гирифт, вақто ки дар ин саркашӣ ба он монандӣ кард.

Бо вуҷуде, ки мардуми Ҳамс дар саркашӣ хеле ҳарис буданд, Худованд дилҳои онҳоро ба сӯи бандаи солиҳаш Саъид ҳидоят намуд. Уро дӯст доштанд ва итоъаташ намуданд.

Рӯзе Умар (р) ба ӯ гуфт:

— Аҳли Шом туро дӯср1 медоранд.

Саъид ҷавоб дод:

— Зеро ман низ онҳоро ёрӣ ва ҳамдардӣ мекунам.

Бо вуҷуди муҳаббати зиёд доштани сокинони Ҳамс нисбати Саъид, рӯй додани баъзе ранҷиш ва шикоятҳо амрест табии. Ақаллан барои он ки Ҳамс собит кунад, ки ҳоло ҳам барои Куфаи Ироқ рақиби қавӣ аст.

Вақте, ки амири мӯъминон Умар (р) Ҳамсро зиёрат мекард, дар байни як ҷамоъати хеле зиёд аз мардуми он ҷо пурсид, ки дар бораи Саъид чӣ мегуед?

Баъзе нафароне ёфт шуд, ки пеш омада аз вай шикоят намуданд ва ин шикоятҳо хеле муборак буданд, зеро ба бисёр ҷанбаҳои азамати ин бузургмард равшанӣ андохтанд.

Умар (р) аз маҷмӯъи шикояткунандагон талаб намуд, ки ҳар нуктаи шикояташонро алоҳида-алоҳида баён намоянд. Аз ҷумлаи шикоякунадагон аз ҷониби ҳамаашон яке вакил шуда чунин гуфт:

— Мо аз чор чиз шикоят дорем:

Аввалан, ин ки то рӯз равшан нашавад, ба назди мо намебарояд.

Дуввум, ҳеҷ касро дар шаб ҷавоб намедиҳад.

Саввум, ӯ дар моҳе ду рӯз аслан аз хона берун намеояд ва ӯро намебинем.

Чаҳорум, агарчӣ ин ба ихтиёраш нест, вале моро ба танг овардааст ва ин он аст, ӯро беҳӯшӣ фаро мегирад, гоҳ-гоҳе беҳӯш мешавад.

Марди шикояткунанда бинишаст.

Умар (р) чанд лаҳза ба фикр фурӯ рафта ва бо Худо зери лаб розу ниёз мегуфт:

— Бор Худоё, ман Саъидро аз ҷумлаи бандагони солиҳ мешуморам. Худоё, дар бораи ӯ фаросат ва одамшиносии маро ноумед магардон.

Халифа Саъидро барои дифоъ аз худаш даъват намуд.

Саъид гуфт:

— Шикояташон, ки ман то рӯз чошт нашавад ба наздашон намебароям, ҳақ аст. Қасам ба Худо, ки ман макруҳ мешуморидам, ки сабаби онро зикр намоям. Сабабаш ин аст, ки ман барои хонаводаам хидматгор надорам ва худам хамирамро мешӯрам ва мегузорамаш, то бирасад, баъд нонамро мепазам, баъд барои чошт таҳорат мекунам, баъд ба пешашон мебароям.

Ва рӯи Умар (р) аз шунидани ин сухан шукуфт ва гуфт:

— Алҳамдулиллоҳ, акнун дуввумашро бигӯ?

Ва Саъид ба суханаш идома дод.

— Ва шикояти дигар, ки ман ҳеҷ касро дар шаб ҷавоб намедиҳам. Қасам ба Худо, ки зикри сабаби онро низ макруҳ мешуморидам, ман рӯзро барои онҳо ва шабро барои Худованд махсус гардонидам (яъне шаб намоз мехонам).

Ва аммо сабаби он ки ду рӯз дар як моҳ умуман берун намеоям, ин аст, ки ман ёваре надорам, ки либосҳои маро бишӯяд ва ман либосе надорам, ки онҳоро иваз кунам. Пас, ман либосҳоямро худам мешӯям, баъд мунтазир мешавам чанд муддате, то онҳо хушк шаванд ва дар охири рӯз ба пеши онҳо хориҷ мешавам.

Ва сабаби чорум, ки гоҳ-гоҳе маро беҳӯшӣ фаро мегирад, ин аст, ки ман дар вақти қатли Хубайби ансорӣ дар Макка ширкат доштам ва ба таҳқиқ мушрикони Қурайш гӯшти бадани ӯро пора-пора намуда буданд ва ӯро бар шохи як дарахт овехтанд ва дар вақти ин азобу кулфат аз вай пурсиданд, ки оё ту дӯст медорӣ, ки дар ҷои ту Муҳаммад (с) бошад ва ту солиму тандуруст бошӣ?

У чунин ҷавоб дод: Қасам ба Худо, ки дӯст намедорам, ки ман дар миёни аҳлу фарзандонам бошам ва тамоми осоиши дунё ва неъматҳояш аз ман бошанд, вале ба бадани Паёмбар (с) хоре халад.

Пас ҳар вақте ин саҳнаеро, ки дидам, ба ёдам мезанад ва ҳол он ки ман дар он вақт аз ҷумлаи мушрикон будам, баъд аз он чун дар он рӯз ёрӣ надоданам ба Хубайб ба хотирам меояд, аз тарси азоби Худо меларзам ва маро бехӯшй фаро мегирад.

Ва суханони Саъид дар ҳоле ба охир расиданд, ки сару рӯяш аз ашк тар буданд.

Ва Умар (р) дигар худашро нигоҳ дошта натавониста аз ғояти хурсандӣ фарёд кашид:

— Алҳамдулиллоҳ, сипосу ситоиш барои Худованде, ки орзуву омоли маро ноумед насохт!

Ва Саъидро ба оғӯш кашид ва пешонаи поку бузурги ӯро бӯсид.

***

Чӣ насибаи бузургеро ин қабил мардумон ба даст овардаанд?

Чӣ муаллими бузурге буд Паёмбари Худо (с)?

Чӣ нури равшан ва гузароест Китоби Худо?

Чӣ мадрасаи илҳомбахш ва таълимдиҳандае аст, дини ислом?

Валекин оё замин бардошти онро дорад, ки дар болои ӯ аз ин қабил одамон зиёд бошанд?

Агар чунин шавад, дигар онро замин гуфта намешавад, зеро ӯ ҷаннат ном мегирад.

Оре, замин ба ҳамон ҷаннати ваъда кардашуда мубаддал мегардад.

Ва азбаски ҳоло замони биҳишт нарасидааст, онон ки аз ин қабил шахсиятҳои бузурганд ва зиндагониро сипарӣ менамоянд ва дар рӯи замин мегузаранд, доиман хеле кам ҳастанд ва нодиранд.

Саъид ибни Омир яке аз онҳост.

Моҳона ва даромади ӯ аз рӯи вазифа ва амалаш хеле зиёд буд, вале ӯ ба ғайри он микдоре, ки ба худаш ва занаш кифоя намояд, зиёд намегирифт ва боқимондаашро ба камбизоъатон тақсим мекард.

Рӯзе ба ӯ гуфтанд:

— Ту аз ин неъматҳои зиёд барои хонаводаат ва хусуронат бидеҳ.

У чунин ҷавоб дод:

— Ба ман аҳпи байт ва хусурон чӣ лозим? Қасам ба Худо ман ризои Худовандро ба ризои хешу табор иваз намекунам.

Ва ба ӯ аз ин қабил суханон хеле зиёд мегуфтанд. Ту барои нафси худат ва аҳли байтат дар нафақа кардан саховатмандӣ бикун, аз лаззатҳои зиндагӣ бархурдор шав.

Вале ӯ доим як ҷавоб медод ва ин сухани бузургро такрор мекард:

— Ман гурӯҳи собиқинро мухолифат карданӣ нестам. Баъд аз он ки аз Паёмбари Худо (с) шунидам, ки мегуфт:

— Худованди азизу тавоно мардумро барои қисоб гирд меорад, пас фуқарои мусалмонон меоянд, ки мисли кабутарон тезқаракат мекунанд, ба онқо гуфта мешавад, барои қисобу пурсиш боз истед, онқо мегӯянд: мо дар дунё чизе надоштем, ки қисобот бидиқем, пас Худованд мегӯяд: Бандагони ман рост мегӯянд, аз ин сабаб пеш аз дигар мардумон ба цаннат дохил мешаванд.

***

Ва дар соли бистум аз ҳиҷрат Саъид ба покизатарин саҳифаи аъмол ва ботақвотарин қалб ва бо дурахшонтарин сирату рафтор ба Парвардигори хеш мулоқот намуд.

Ва аз дергоҳ ӯ барои дидори мусалмонони садри аввал, ки ҳастиашро барои ҳифз намудани аҳди бо онҳо баста ва пайравии онҳо назр карда буд, иштиёқманд буд.

Оре, ӯ иштиёқманди рафтан буд ба сӯи Паёмбараш ва муаллимаш ва ба сӯи дӯстонаш, ки аввалин ва покизатарин буданд.

Ва имруз онҳоро ба дили хуш ва бо оромии нафс ва бо бори сабук мулоқот менамояд.

Ҳамроҳи ӯ ва аз пасаш бори дунё ва матоъи он чизе нест, ки пушти ӯро ва китфашро вазнинӣ кунад.

Бо ҳамроҳии вай чизе нест ҷуз парҳезгорӣ ва дунёбезорӣ, худотарсӣ ва азамати нафс ва сулуку рафтораш.

Фазилатҳое, ки тарозуи аъмолро вазнин мекунанд, вале пушти инсонро гаронбор намесозанд.

Ва фазилатҳое, ки ба воситаи онҳо соҳибаш дунёро ба ларза овард, вале кибру ғурур натавонист, ки ба ӯ роҳ ёбад.

***

Салом бар Саъид ибни Омир!

Салом бар ӯ дар зиндагиаш ва дар ҳаёти охираташ!

Ва салом, баъд аз он боз салом бар сират ва овозаву ёди ӯ!

Ва салом бар бузургмардони солиҳ, ҳамсӯҳбатони Паёмбари Худо (с)!

Рейтинг
( Пока оценок нет )
Мақола ба шумо писанд омад? Бо дӯстонатон мубодила кунед:
Назари худро баён кунед:

;-) :| :x :twisted: :smile: :shock: :sad: :roll: :razz: :oops: :o :mrgreen: :lol: :idea: :grin: :evil: :cry: :cool: :arrow: :???: :?: :!:

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.