Родмардоне дар атрофи Паёмбар(с) Мусъаб ибни Умайр

Аввалин аз сафирони исломӣ

Ин мард яке аз ҳамсўҳбатони Муҳаммад (с) аст.
Месазад, ки суханро аз ў оғоз намоем.
Ў арзандатарини ҷавонони Қурайш ва комилтарини онҳо аз нигоҳи бузургмардӣ, зебоӣ ва ҷавонист.
Таърихнигорон ва ровиён дар тавсифи ҷавонии ў чунин навиштаанд: “Ў хушбўйтарини аҳли Макка буд”.
Ў дар домани нозу неъмат ба дунё омада ба камол расида буд.
Шояд дар байни ҷавонони Макка каси дигаре мисли Мусъаб ибни Умайр ба навозиши падару модараш даст наёфта бошад.
Оё чунин ҷавони аз неъматҳои дунёӣ сер ва навозишдидаи сарватманд, ҳадиси зеборўёни Макка, дурдонаи маҷлисҳо ва ҷамъомадҳо метавонад ба қиссае аз қиссаҳои имондорӣ ва фидокорӣ табдил шавад?
Қасам ба Худо, чӣ хабари дурахшонест, хабари Мусъаб ибни Умайр ё Мусъабу-л-хайр, ҳамчунон ки дар миёни мусалмонон лақабаш буд.
Ў яке аз он афроде буд, ки дини ислом онҳоро дар қолаби махсуси худ ба вуҷуд овард ва Муҳаммад (с) онҳоро тарбият намуд.
Ба таҳқиқ қиссаи зиндагонии ў шарафи тамоми фарзандони инсон аст.
Воқеъан рўзе ин ҷавон он мақулотеро шунид, ки аҳли Макка дар бораи Муҳаммади Амин (с) мешуниданд. Муҳаммаде, ки мегуфт:
– Ба ҳақиқат Худованд ўро башоратдиҳанда ва тарсонанда фиристодааст ва даъваткунанда ба сўи парастиши Худованди якка ва ягона.
Дар ҳоле, ки Макка субҳу шом ба ғайри сухан аз Расул алайҳи-с-салом ва дини ў машғулияти дигаре надошт, ин ҷавони нозпарвардаи Қурайш нисбати дигар мардум ба ин суханон фаротар гўш медод, зеро ин ҷавон бо вуҷуди хурдсолиаш гули сари сабади маҷлисҳо ва шабнишиниҳо буд. Ҳар ҷамъомаде бештар мехост, ки Мусъаб дар он ҷо бошад, зеро зебоии зоҳирӣ ва ақли комил ҳар ду аз ҷумлаи хислатҳои ибни Умайр буданд, ки дилҳо ва дарҳоро барояш мекушуданд.
Рўзе дар ҷумлаи шунидаҳояш дарак ёфт, ки Паёмбар (с) ва касоне, ки ба ў имон овардаанд, барои дур шудан аз зиёдагўӣ ва изову алами аҳли Қурайш дар болои кўҳи Сафо дар ҳавлии Арқам ибни аби Арқам ҷамъ меоянд. Пас дигар дудилагӣ накард, интизорӣ накашид, балки як бегоҳ худашро ба ҳавлии Арқам расонд. Ўро иштиёқ ва дурандешиаш ба он ҷо кашид.
Дар он ҷо Паёмбар (с) бо ёронаш вомехўрд ва ба онҳо Қуръон тиловат мекард ва ҳамроҳашон Худованди баландмартабаву бузургро мепарастиданд.
Дар ҳоле ки Мусъаб ҷояшро дуруст нагирифта буд, оёти Каломуллоҳи Маҷид аз дили Паёмбар (с) гузашта ва дар лабонаш ҷорӣ шуд ва баъд ба сўи гўшҳо ва қалбҳо равона гардид. Дар ин бегоҳи хайр қалби мавъуд, ин қалби ибни Умайр буд. Шодиву сурур гўё ўро аз ҷояш бармеканд ва аз зиёдии шавқ гўё ўро ба парвоз ҳидоят менамуд.
Дар ин ҳол Паёмбар (с) дасти мубораку меҳрубонашро дароз намуд ва сари синаи дар ҳаяҷон буда ва дили пуртаппиши ўро навозиш кард. Пас барои ў як оромие мисли сукути қаъри баҳр ато шуд. Ва дар як мижа задан ин ҷавони навхат, ки имон овард ва мусалмон шуд, дар худ донишу ҳикмати аҷиберо дарёфт, ки нисбати синну солаш хеле зиёд буд ва чунон қотеъиятеро дар худ дарк кард, ки гўё гардиши замонаро тағйир медода бошад.

  • * *

Модари Мусъаб, Хунноса бинти Молик, зане буд дорои шахсияти қавӣ ва нодир ва атрофиёнаш аз тарси ў ҳамеша дар даҳшат буданд.
Ва чун Мусъаб ислом овард, дар рўи замин аз ҳеҷ кас хавф ва тарсе надошт, магар аз модараш.
Агар Макка бо тамоми бутҳояш ва бузургонаш ва биё-бонҳояш ба як қуввати азиме табдил шуда ўро мекўбиданд ва бо ў муқобала мекарданд, ҳар оина Мусъаб онро то як мўҳлате таҳаммул мекард.
Аммо душмании модараш даҳшатест, ки касе тоби онро надошт.
Пас фавран андешид ва ба хулосае омад, ки то чанд муддат ислом оварданашро аз модараш пинҳон дорад, то Худованд чизе ҳукм кунад.
Ва рафтуомадашро ба ҳавлии Арқам идома дод ва дар сўҳбати Расули Худо (с) менишаст ва аз имон оварданаш ва аз ин ки аз ғазаби модараш, ки ҳоло чизе дар бораи имон оварданаш намедонад, халос аст хело шод буд.
Вале Макка дар он рўзҳо чунон буд, ки дар вай сирре пинҳон намемонд. Ҷосусони Қурайш ва хабаркашон дар ҳама роҳҳо буданд. Аз паси ҳар як қадам, дар болои реги мулоиму тафсон хабаркаше истода буд.
Рўзе Усмон ибни Талҳа ўро дид, ки пинҳонӣ ба ҳавлии Арқам медарояд. Баъд аз он чанд бори дигар му-шоҳада намуд, ки мисли намозхонии Муҳаммад (с) намоз мехонад. Баъди ин мисли боду борони саҳро тозон назди модари Мусъаб омад ва хабареро ба вай расонид, ки ҳўшу ақли он занро аз байн бурд.
Баъд аз ин Мусъаб дар назди модараш ва хешу таборон ва саркардагони Қурайш, ки дар атрофи ў гирд омада буданд, бо яқини комил ва устуворӣ Қуръонро, ки ба во-ситаи вай Паёмбар (с) дилҳои онҳоро мешуст ва аз ҳикмату шараф ва адолату парҳезгорӣ моломол месохт, тиловат намуд.
Модараш қасд намуд, ки ўро ба задани як торсакии сахт хомўш созад, вале дасти мисли тир дарозшудаи ў лаҳзае нагузашта дар муқобили нуре, ки зебоии чеҳраи ў ва партави рўи ўро зиёд намуда буд ва касро ба эҳтиром карданаш водор месохт ва дар вуҷуди ў оромиеро ато намуда буд, ки касро қаноъат мебахшид, суст гардид ва поин фаромад.
Вале агарчӣ модараш таҳти фишори меҳри модарӣ аз задан ва дигар азоб доданаш худдорӣ намуда бошад ҳам, вале барои хотири бутҳое, ки Мусъаб онҳоро тарк намуда буд, ба тарзи дигар интиқом мегирад.
Ҳамчунин ўро ба як гўшаи дури ҳавлиаш бурда ҳабс намуд ва қуфлҳои мустаҳкам бар дар гузошт ва ў то ҳиҷрати аввалини муҳоҷирон ба сўи сарзамини Ҳабаша дар ҳабс буд. Пас вақте ки хабари ҳиҷрати ёрони Расул (с) ба вай расид, бо ҳила худро аз банд раҳо намуд ва модару посбонҳояшро дар ғафлат гузошта, дар ҳоле ки руҷўъкунанда ба сўи Худо буд, ба сўи Ҳабаша ҳиҷрат кард. .
Ў чанде нагузашта ҳамроҳи бародарони муҳоҷираш дар Ҳабаша чанде сукунат мекунад, баъд аз он бо ҳамроҳии онҳо ба Макка бозмегардад ва пас боз бори дуввум бо ҳамроҳии касоне, ки Паёмбар (с) онҳоро ба ҳиҷрат кардан амр кард, пас итоъат намуданд, ба сўи Ҳабаша ҳиҷрат кард.
Валекин баробар аст, ки Мусъаб дар Ҳабаша буд ё дар Макка, пас ба ҳақиқат таҷрибаи имондориаш дар ҳар макон ва дар ҳар замон олӣ ва баланд будани худро исбот кард ва ба таҳқиқ ў аз дигаргун кардани тарзи ҳаёташ дар қолаби наве, ки намунаи онро Муҳаммад (с) ба онҳо дода буд, фориғ шуд ва Мусъаб комилан дилпур гардид, ки зиндагонии ў акнун сазовораст, дар роҳи ризои Холиқи бузургаш қурбон гардад.
Рўзе ба пеши ҷамоае аз муслимин омад, ки онҳо бо ҳамроҳии Паёмбари Худо (с) нишаста буданд. Вақте ки ўро диданд, сарҳои худро поин андохтанд ва чашмони худро пўшиданд ва аз чашмони баъзеашон ашки ғам шашқатор гардид.
Сабаби гиряи онҳо ин буд, ки онҳо медиданд, ки дар тани Мусъаб як либоси кўҳнаи дарбеҳдор аст ва онҳо сурати пеш аз ислом оварданашро пеши назар меоварданд, ки либосҳои ў мисли гулҳои боғ буд аз ҷиҳати зебоӣ, дурахшандагӣ ва хушбуӣ.
Пас Паёмбари Худо (с) зоҳири ҳоли Мусъабро бо назари ҳакимона, ризомандӣ ва бо муҳаббат нигарист ва та-бассуми зебои одатиаш бар лабонаш ҳалқа зад ва гуфт:
– Ба таҳқиқ ҳамин Мусъабро дида будам, ки дар Макка аз вай бонеъматтар дар назди падару модараш касе набуд. Ба таҳқиқ ҳамаи онро барои муҳаббати Худо ва Паёмбар (с) тарк кард.
Чун модараш аз бозгаштанаш ба дини бутпарастӣ навмед гардид, бархурдорӣ аз неъматҳоеро, ки пештар ба ў раво медид, манъ намуд, зеро ў намехост, ки таомашро инсоне бихўрад, ки аз парастиши бут даст кашидааст ва лаънати бут атрофи ўро печонидааст, агарчанде он шахс фарзандаш бошад.
Охирин мулоқоти ў бо модараш лаҳзае буд, ки модараш баъди руҷўъаш аз Ҳабаша қасди дубора ҳабс кардани ўро дошт.
Пас Мусъаб қасам хўрд, ки агар маро ҳабс кунӣ ҳар касе туро дар ин кор ёрӣ кунад, ўро хоҳам кушт.
Модараш чун азми росихи фарзандашро медонист ўро бо чашми гирён тарк кард ва Мусъаб низ бо чашмони ашкбор аз ў ҷудо шуд.
Дар лаҳзаи охирини видоъ ду пофишории аҷибе рўй дод: яке пофишорӣ дар куфр аз ҷониби модар ва пофи-шории бузургтар аз ҷониби фарзанд барои имон.
Пас вақте ки модараш ўро аз хона бароварда пеш кард, ба ў чунин гуфт:
– Акнун пайи кори худат бирав. Аз ин рўз эътиборан ман модари ту нестам.
Ў ба модараш наздик шуд ва гуфт:
– Эй модар, ман барои ту насиҳатгарам ва мушфиқи туям. Гувоҳӣ деҳ, ки ба ғайри як Маъбуд дигар Худое нест ва ин ки Муҳаммад (с) бандаи Ў ва Расули Ўст.
Вале модараш дар ҷавоб дар ҳоле, ки дар ниҳояти ғазаб ва ҳаяҷон буд, чунин гуфт:
– Қасам ба ситорагон (ё муқаддасот) дар дини ту намедароям, ки мардум фикру андешаи маро масхара кунанд ва ақли маро ноқис шуморанд.
Ва Мусъаб аз як неъмати фаровоне, ки дар зиндагонӣ аз он бархурдор буд, даст кашид ва мўҳтоҷӣ ва камбағалиро интихоб намуд.
Ва ҷавони хушсару либос ва муаттар чунон гардид, ки дар танаш ҷуз дурушттарин либос чизи дигаре дида намешуд. Рўзе мехўрд ва чанд рўзи дигар гурусна мегашт, вале рўҳи ў, ки аз бузургии ақида зебу зиннат ёфта буд ва аз нури Худо медурахшид, ўро инсони дигаре гардонида буд, ки чашмҳоро бо бузургиаш ва нафсҳоро бо зебоияш пур месохт.

  • * *

Ва ин ҳангом ўро Паёмбар (с) барои бузургтарин кор дар ҳамон вақт, интихоб кард, ки намояндаи ў дар Мадина бошад, то ансореро, ки имон оварда буданд ва ба Паёмбар (с) дар назди Ақаба аҳду паймон карданд, аҳкоми дин биёмўзад ва низ дигаронро дар ин дин дохил кунад ва Мадинаро барои рўзи ҳиҷрати бузург омода бисозад.
Дар он рўзҳо дар миёни ҳамсўҳбатони Паёмбар (с) касоне буданд, ки аз Мусъаб калонсолтар ва бообрўтар ва бо Паёмбар (с) аз рўи қаробат ва хешӣ наздиктар буданд.
Лекин Паёмбар (с) Мусъабул-Хайрро ихтиёр кард ва Паёмбар (с) медонист, ки чӣ масъулияти азимеро ба ўҳдаи ў мегузорад ва тақдири ривоҷи ислом дар Мадинаро ба дасти ў месупорад, ки ба наздикӣ дори ҳиҷрат ва сарзамини даъват ва даъватгарон, башоратдиҳандагон ва ғозиён дар замони қариб хоҳад гардид.
Ва Мусъаб ин амонатро бо ёрии ақли комил ва ахлоқи писандидае, ки Худованд ба ў ато намуда буд, ба ўҳда гирифт ва дилҳои мардуми Мадинаро ба парҳезгорӣ ва баландҳимматӣ ва ихлоси худ чунон мусаххар намуд, ки онҳо дар дини илоҳӣ гурўҳ-гурўҳ дохил гардиданд.
Ба таҳқиқ, вақте Мусъаб бо фармони Паёмбар (с) ба Мадина омад, ҳамагӣ 12 мусалмон буданд, ки аз ин пеш бо Паёмбар (с) дар байъати Ақаба паймон баста буданд. Вале чанд моҳе нагузашт, ки Мусъаб дар байни онҳо буд ва онҳо ҳама даъвати Худо ва Паёмбари ўро иҷобат намуданд.
Ва дар мавсими ҳаҷи оянда барои байъати Ақаба, му-салмонони Мадина як гурўҳеро барои мулоқот бо Паёмбар (с) фиристоданд, ба сифати намояндагӣ, ки адади онҳо имсол аз марду зан 70 нафар буда, бо роҳбарии муъаллимашон ва фиристодаи Паёмбар (с) ба сўяшон Мусъаб ибни Умайр омаданд.
Дар ҳақиқат Мусъаб бо зиракӣ ва бурдбориаш исбот намуд, ки Паёмбари Худо (с) медонад, ки чигуна интихоб кунад.
Мусъаб комилан вазифаи худро фаҳмида буд ва аз чаҳорчўбаи он берун намерафт. Ў фаҳмида буд, ки даъваткунанда ба сўи Худост ва башоратдиҳандааст ба дине, ки мардумро ба сўи ҳидоят даъват мекунад ва ба сўи роҳи рост ва ў мисли Паёмбари бузург, ки ба ў имон овардааст, вазифааш ҷуз расонидани ҳақ чизе дигаре нест.
Он ҷо дар меҳмонии Асъад ибни Зарорат камари ҳиммат барбаст ва ҳар ду дар миёни қабоили он ҷо ва хонаҳояшон ва ҷамъомадҳояшон мегаштанд ва Мусъаб ба мардум он чӣ аз Қуръон медонист, мехонд ва бо як бурдбории аҷиб ба сўи гуфтаҳои Худо далолаташон мекард, ки: Ба ҳақиқат ба ҷуз як Худо дигар маъбуде нест.
Дар баъзе ҳолатҳо ба воқеъоте рў ба рў мешуд, ки агар бузургии ақл ва камолоти рўҳии ў намебуд, ба ҳалокати ў ва касоне, ки ҳамроҳаш буданд, меанҷомид.
Рўзе, ҳангоме ки ў ба мардум ваъзу насиҳат мегуфт, нохост Усайд ибни Ҳузайр, пешвои бани Ашҳал ба ў муқобил шуд. Ў дар ҳоле, ки ханҷарашро аз ғилоф бароварда дар даст нигоҳ медошт ва аз ғояти қаҳру ғазаб гўё аланга мегирифт, нохост ба ў муқобил омад. Ў аз он касе нафрат дошт, ки қавми ўро аз динашон берун мекунад ва онҳоро далолат менамояд, ки олиҳаашонро тарк кунанд ва онҳоро аз як маъбуди ягонае ҳикоят мекунад, ки аз ин пеш ўро намешинохтанд ва аз ин пеш бо ў ошноӣ надо-штанд.
Дар ҳақиқат Худои онҳо ба ҳамроҳашон ҳаст ва дар ҷои махсуси худ истодааст. Вақте ки касе ба ў мўҳтоҷ гардад, ҷояшро медонад ва рўяшро ба сўи он макон мегардонад ва ба он тараф мешитобад, ў низ дарду гирифтории ин шахсро бартараф месозад ва дуъояшро мешунавад, ҳамчунин буд тасаввурот ва хаёлоти онҳо.
Аммо Худои Муҳаммад (с), ки фиристодаи Муҳаммад (с) ва намояндааш ба сўи онҳо аз номи ў сухан мегўяд ва онҳоро даъват менамояд, касе ҷои ўро намедонад ва касеро қудрати дидани ў нест.
Дар он лаҳзае, ки мусалмонон ҳамнишини Мусъаб буданд, омадани Усайд ибни Ҳузайрро диданд, ки дар ниҳояти ғазаб ва омодагии ҷангӣ бо шамшери бараҳна истодааст. Сахт тарсиданд, лекин Мусъаб бо як суботу тавозуъмандӣ ва кушодарўии ба худ хос бар ҷои худ со-бит истод.
Усайд дар камоли ғазаб рў ба рўи онҳо омад ва ба тарафи Мусъаб ва Асъад ибни Зарора чунин гуфт:
– Чӣ чиз шуморо ба маҳаллаи мо овард ва чаро бечорагони моро бероҳа мекунед.? Агар мурданро нахоҳед, тез аз ин ҷо гум шавед!
Вале ў дар оромии чун баҳр ва дар қуввате чун баҳр буд.
Ба мисли дурахшидани рўшноии субҳ ва сафои он чинҳои пешонии Мусъаби хайр кушода шуданд ва забонаш ба гуфтани ин калимоти хайр ба ҷунбиш даромад. Пас гуфт:
– Оё ҳамроҳи мо наменишинӣ ва гўш намеандозӣ, ки агар сухани мақбуле гуфтем, қабул кунӣ ва агар дар ка-ломи мо ҷои номақбуле бошад, дигар онро нагуем. Аллоҳу акбар, чӣ оғози дилкаше, ки ба воситаи он хотимааш низ ба саодат меанҷомад.
Усайд марди ҳушёр ва оқиле буд ва дид, ки Мусъаб ўро ба хулосабарорӣ бо замираш далолат мекунад ва ўро фақат ба шунидан даъват мекунад, пас агар қаноъатманд гардад, бисёр хуб ва агар қаноъатманд нагардад, Мусъаб қабила ва аҳлу авлоди ўро тарк гуфта меравад ва ба қабила ва авлоди дигар рўй меоварад. На зараре ва на зараррасоние.
Ин ҷо Усайд ўро чунин ҷавоб дод:
– Боинсофона гуфтӣ ва ханҷарашро ба замин андохт ва барои гўш кардан нишаст.
Ва Мусъаб ба хондани Қуръон идома дод ва даъватеро, ки Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) оварда буд, тафсир намуд ва шарҳ дод, то ин ки печҳои пешонаи Усайд дурахшиданд ва рўшноӣ ёфтанд ва бо таъсири суханҳо тағйир хўрданд ва аз зебоии он калом либоси дигар ба худ карданд.
Ва ҳамин ки Мусъаб суханашро ба поён расонид, Усайд ибни Ҳузайр ба ў ва ҳамроҳонаш хитоб намуда гуфт:
– Чӣ сухани хубе ва чӣ сухани росте. Агар касе хоҳад, ки дар ин дин дарояд, бояд чӣ кор кунад?
Пас мусалмонон таҳлиле (ло илоҳа иллаллоҳ) гуфтанд, ки замину замон ба ларза даромад ва Мусъаб ба ў гуфт:
– Либосашро ва баданашро пок мегардонад ва гувоҳӣ медиҳад, ки ба ҷуз Аллоҳ маъбуди дигаре нест.
Баъди ин Усайд чанд лаҳзае ғоиб гардид. Пас баргашт дар ҳоле ки оби пок аз мўйҳои сараш мечакид ва дар назди мардум эълон намуд, ки гувоҳӣ медиҳад: ба ҷуз як Худо маъбуди дигаре нест ва гувоҳӣ медиҳад, ки Муҳаммад (с) бандаи Худо ва Расули Ўст.
Ин хабар бо суръати рўшноӣ ба атроф паҳн гардид ва Саъд ибни Муъоз ба пеши Мусъаб омад ва суханони ўро шунид ва қаноъатманд гардид ва ислом овард ва дунболи ў Саъд ибни Убода ислом овард ва ба ислом овардани ин ашхос, ки роҳбарони Мадина буданд, ин неъмати Илоҳӣ комил гардид ва чун сокинони Мадина ба якдигар рў ба рў мешуданд, аз якдигар суол мекарданд:
– Агар Усайд ибни Ҳузайр ва Саъд ибни Муъоз ва Саъд ибни Убода ислом оварда бошанд, пас чаро мо ақиб мо-нем?
Биё ба пеши Мусъаб меравем, то ҳамроҳи ў имон орем, зеро ин бузургони мо мегўянд, ки каломи Ҳақ аз даҳони ин шахс мебарояд.
Дар ҳақиқат аввалин сафири Паёмбар (с) дар маъмурияти худ муваффақияти чашмгир ба даст овард, чунин муваффақияте, ки худи ў ба ин сазовор буд.
Рўзҳо ва солҳо сипарӣ гаштанд ва Паёмбар (с) ва дигар саҳобагонаш ба сўи Мадина ҳиҷрат намуданд ва қурайшиён бошанд, бо ғайбат ва кинаҷўии худ идома доданд ва қувваҳои ботили хешро ҷамъ менамуданд, то таъқиби золимонаи худро аз пушти бандагони солиҳи Худо давом диҳанд ва ғазои Бадр барпо гардид ва кофирон аз ин ҷанг зарбае хўрданд, ки боқимондаи ақли онҳо низ аз байн рафт ва акнун барои интиқом омодагӣ медиданд. Ва ғазои Ўҳуд доир гардид ва мусалмонон сафҳои ҷангии худро омода мекарданд ва Паёмбар (с) дар қалби сафҳои мусалмонон назар мекард, то аз байни онҳо касе-ро ёбад, ки байрақи ҷангро бардорад. Дар охир Мусъабро наздаш хонд ва ў пеш омада байрақро бардошт.
Ин маъракаи даҳшатнок аланга мегирифт ва задухўрд низ дар авҷ буд ва тирандозон вақте диданд, ки мушрикон шикаст хурда ақибнишинӣ менамоянд фармони Паёмбарро итоат накарданд ва аз ҷойҳои худ, ки дар баландии кўҳ буд, поён омаданд. Ин амали онҳо ба зудӣ ғалабаи мусалмононро ба ҳазимат мубаддал сохт ва мусалмонон ногаҳон ба саворагони Қурайш рў ба рў шуданд, ки аз болои кўҳ ба сарашон фурў рехтанд. Дар ҳоле ки мусалмонон ғофил буданд, шамшерҳои ташнаи худро ба кор андохтанд. Чун мушрикон диданд, ки бесару сомонӣ ва тарсу ҳарос сафҳои мусалмононро пора намудааст, ба сари Паёмбар (с) тохтанд, то ўро асир бигиранд .
Дар ин ҳол Мусъаб ибни Умайр хатари пешомадаро дарк намуд, пас байрақро баланд бардошт ва наъраи такбир баланд кард ва дар байни майдони ҷанг ба ҳар тараф ҷавлон мекард ва ҳамла менамуд ва ҳамаи ҳимматаш ба он равона шуда буд, ки назари душманонро ба худ ҷалб намояд, то онҳоро ба худ машғул дорад, ки Расули Худоро фаромўш кунанд ва гўё бо нафси танҳои худ як лашкаре тартиб дод. Оре, Мусъаб яккаву танҳо дар майдони ҷанг чунон корзор намуд, ки гумон мешуд як лашкари зиёдест мисли баҳр хурўшон ва зиёда аз он.
Дасте, ки байрақро бо камоли эҳтиром мебардорад.
Дасте, ки дар айни навҷавонӣ шамшер мезанад.
Валекин душманон бар болояш зиёд мегарданд ва мехоҳанд, ки ўро кушта аз болои мурдаи ў бигузаранд, то ба Паёмбар (с) рў ба рў гарданд.
Биёед саҳнаи охири ҳаёти Мусъаби бузургро аз забони шоҳиди ҳол бишнавем.
Ибни Саъд мегўяд: моро Иброҳим ибни Муҳаммад ибни Шарҳабири Абдарӣ аз падараш чунин ривоят мекунад: рўзи ҷанги Уҳуд Мусъаб ибни Умайр байрақи ҷангро бар-дошт. Чун мусалмонон ақибнишинӣ карданд, Мусъаб дар майдони ҷанг собит меистод. Яке аз саворагони куффор, ибни Қамиата ба ў рў ба рў гардид, пас бо зарби шамшер дасти рости ўро аз тан ҷудо намуд. Дар ин ҳол Мусъаб мегуфт: Дар ҳақиқат Муҳаммад (с) Паёмбар аст ва пеш аз ў ҳам паёмбарон буданд.
Ва бо дасти чапаш байрақро бардошт ва худро ба болои байрақ хам кард. Пас он кофар дасти чапашро низ бибурид. Пас Мусъаб ба болои байрақ хам шуд ва бо бо-зувони буридааш бо ҳарду даст байрақро бардошт ва ба сари синааш пахш кард ва мегуфт: Дар ҳақиқат Муҳаммад (с) Паёмбар аст ва пеш аз ў ҳам паёмбарон буданд.
Пас он кофар бори саввум ба ў ҳамла кард ва бо найза ўро чунон зад, ки найза аз он тарафаш гузашт ва найза низ шикаст ва Мусъаб ба замин афтод ва байрақ низ бар рўи замин зад.
Мусъаб афтод ва байрақ низ афтод!
Зиннати шаҳодат ва ситораи шаҳидон афтод!
Ў баъди ҷоннисории бузург дар маъракаи фидокорӣ ва имондорӣ уфтод.
Ў чунин мепиндошт, ки агар ман кушта шавам, пас роҳи қотилон ба сўи Паёмбар (с) холӣ аз дифоъкунандагон ва ҳимоятгарон хоҳад монд. Валекин ў нафси хешро бо гуфтани калимоти боло барои Паёмбар (с) тасаллӣ ме-дод, ин аз сабаби ба Паёмбар (с) муҳаббати зиёд до-штанаш буд ва хавф дошт, ки ба Паёмбар (с) осебе нарасад ва ҳар вақт, ки кофир зарба мезад ва пайванде аз бозувонашро ҷудо мекард, ў мегуфт: Дар ҳақиқат Муҳаммад (с) Паёмбар аст ва пеш аз ў ҳам Паёмбарон буданд.
Ин оятест, ки баъдтар нозил шуд, ки гаштаву баргашта такрор мешавад ва ваҳйи Илоҳӣ ўро комил сохт ва ўро Қуръоне гардонид, ки ҳама тиловаташ мекунанд.

  • * *

Баъди ба охир расидани ин маъракаи ҳавлнок ҷасади ин шаҳиди покро рў ба замин хобида ёфтанд, ки рўяш дар ҳоли бо хуни покаш саросар олуда дар хок фурў рафта буд.
Гуё метарсид, ки ҳатто дар ҳоли ҷасади хушкшуда бу-данаш набинад, ки чӣ гуна душманон ба Паёмбар (с) зарар мерасонанд. Пас рўяшро пинҳон намуд, то он чизеро, ки доим аз ў барҳазар ва тарсон буд, набинад!
Ё гўё дар хиҷолат буд, пеш аз он ки мутмаин шавад, ки Расули Худо (с) наҷот ёфт ва пеш аз он ки то охир вазифаи худро, ки ҳимоят ва дифоъи Паёмбар (с) буд, анҷом бидиҳад, шаҳид гардид!
Худо ёрат бод, эй Мусъаб, эй касе, ки ёди ту хушбўии зиндагонист!

  • * *

Паёмбари Худо (с) бо ҳамроҳии асҳоб барои дидани замини маъракаи Уҳуд омаданд, то бо шаҳидон видоъ намоянд ва дар назди ҷасади Мусъаб ашки зиёде рехта шуд.
Хаббоб ибни Арт мегўяд:
– Мо бо ҳамроҳии Паёмбари Худо (с) ҳиҷрат намудем дар роҳи Худо ва талаби ризои Худоро доштем. Пас аҷру савоби мо назди Худост.
Баъзе аз мо дар роҳи Худо шаҳид гардид ва фоидаи амалашро дар дунё начашид. Аз ҷумлаи ин ашхос Мусъаб ибни Умайр буд.
Ў рўзи Уҳуд ба қатл расид ва мо чизе надоштем, ки ўро такфин кунем, магар либоси алочае. Пас вақте ўро ба тарафи сараш мекашидем, пойҳояш луч мемонданд ва ҳар гоҳ пойҳояшро мепўшонидем, сараш урён мешуд. Пас Паёмбари Худо (с) ба мо гуфт:
– Ин либосро ба тарафи сараш пўшонед ва он чӣ аз пойҳояш. ки луч мемонад бо алафи изхир (як навъ хор) пўшонед.
Бо вуҷуди алам ва ҳузни зиёд, ки сабабаш мусибати ба сари Паёмбар (с) омада буд, он ҳам шаҳодати амакаш Ҳамза ва буридани гўш ва бинӣ ва дигар узвҳои ў аз тарафи кофирон, ки оби дидагони Паёмбарро резонид ва дилашро дардманд намуд. Бо вуҷуди пур будани замини маъракаи ҷанг аз ёрони Паёмбар (с), ки ҳар яке дар назди Паёмбар (с) як ҷаҳон аз ростӣ ва покӣ ва нур буданд.
Бо вуҷуди ҳамаи ин Паёмбар (с) дар назди ҷасади ав-валин сафираш истод ва ўро видоъ намуд ва дар ҳақаш сухан гуфт. Оре, Паёмбари Худо (с) дар назди Мусъаб таваққуф кард ва нигоҳи Паёмбар (с) бо нури хоса ва меҳрубонӣ ва вафодорӣ атрофи Мусъабро фаро гирифт ва чунин гуфт:
– Баъзе аз мўъминон касонеанд, ки ба аҳди бо Худо кардаашон содиқ монданд.
Пас бо назари таассуфомез ба он либоси алочае, ки кафанаш карда буданд, нигарист ва гуфт:
– Ба таҳқиқ, ман туро дар Макка дида будам, ки дар он вақт касе аз ту дида хушлибос ва бо мўйҳои шоназада беҳтар набуд. Акнун ин туӣ бо мўйҳои жулида дар ин порчаи кўҳна хобидаӣ!
Пас Паёмбари Худо (с) дар ҳоле, ки бо назари марҳаматаш замини маъракаи ҷанг ва шаҳидони ҳамсафи Мусъабро аз назар мегузаронид, бо овози баланд нидо кард ва гуфт:
– Дар ҳақиқат Паёмбари Худо (с) гувоҳӣ медиҳад, ки шумоён дар рўзи қиёмат дар назди Худо шаҳидон ҳастед!
Баъд аз он рўй ба ҷониби саҳобагони зинда, ки дар атрофаш буданд, карду гуфт:
– Эй мардум, ин шаҳидонро зиёрат кунед ва ба пешашон биёед ва ба онҳо салом бидиҳед. Қасам ба зо-те, ки нафси Муҳаммад (с) ба дасти Ўст, ҳеҷ касе то рўзи қиёмат ба онҳо салом намекунад, магар ки сало-машро алайк мегардонанд.

  • * *

Салом бар ту эй Мусъаб!
Салом бар шумо эй ҷамоъати шаҳидон!
Салом бар шумо ва раҳмати Худо ва баракатҳояш бар шумо бод!

Рейтинг
( Пока оценок нет )
Мақола ба шумо писанд омад? Бо дӯстонатон мубодила кунед:
Комментарии: 2
  1. admin_ozodi (автор)

    :smile: :smile:

  2. Muslim

    Рахмат

Назари худро баён кунед:

;-) :| :x :twisted: :smile: :shock: :sad: :roll: :razz: :oops: :o :mrgreen: :lol: :idea: :grin: :evil: :cry: :cool: :arrow: :???: :?: :!:

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.