Ҳамза ибни Абдулмуталлиб

Ҳамза ибни Абдулмуталлиб

Шери Худо ва пешвои шуҳадо

Макка баъди сипарӣ шудани рӯзи саршор аз саъю машаққат, ибодат ва бозиву беҳудагӣ дар хоби ноз фурӯ рафта буд.

Ва аҳли Қурайш дар ҳоли хоб дар бистарҳояшон ба ҳар паҳлӯ мегаштанд.

Магар як нафар, ки паҳлӯяш берун аз бистари хоб буд. Ӯ барвақт ба бистари хобаш медаромад ва ҳамагӣ чанд лаҳзаи кутоҳ истироҳат мекард. Баъди ин бо як иштиёқи бузург аз хобаш бармехест, зеро ӯ бо Худо мулоқот дошт. Пас рӯ ба сӯи ҷои намозаш мекард ва бо муноҷоту дуъо ба сӯи Парвардигораш руҷуъ менамуд. Ва ҳар вақте ки завҷааш аз садои дили тазарруъкунандааш ва аз дуъову ниёишҳои боисрори гарми ӯ бедор мешуд, дилаш ба ҳоли ӯ месӯхт ва ӯро даъват мекард, ки ба ҷонаш каме раҳм кунад ва каме ҳам бошад, насибаи худро аз хоб бигирад. Дар ҳоле, ки оби дидагонаш пеш аз суханонаш ҷори мегашт, ӯ чунин ҷавоб медод:

— Вақти хобу истироҳат гузашт, эй Хадиҷа!

Алҳол кори оғозкардаи ӯ хоби Қурайшиёнро напарронда буд ва агарчанде барои диққати онҳоро ба сӯи худ ҷалб кардан фаъолиятро оғоз карда буд, вале алҳол ин ибтидои даъват буд ва ӯ даъваташро ба тарзи сиррӣ ва гӯшакӣ иброз мекард.

Дар он рӯзҳо теъдоди касоне, ки ба ӯ имон оварда буданд, хеле кам буданд.

Ин ҷо ғайр аз касони ба ӯ имоноварда нафароне низ буданд, ки нисбати Паёмбар (с) муҳаббати зиёд ва эҳтироми хоса доштанд ва бо шавқи азим омода буданд, ки ба сӯи ӯ имон биёваранд ва дар раҳсипорӣ бо ин қофилаи бузург ҳамроҳ шаванд.

Дар ин ҳол ононро барои пайравӣ намудани Паёмбар (с) ба ҷуз бозмондаҳои урфу одати обоӣ ва тақлид бар гузашта, чизи дигаре бознамедошт.

Аз ин қабил одамон Ҳамза ибни Абдулмуталлиб буд, амаки Паёмбари Худо (с) ва бародари разоъии Паёмбар (с).

***

Ҳамза азамат ва камолоти писари бародарашро медонист. Ва аз ҳақиқати кори ӯ ва аз ҷавҳари хислатҳояш огаҳии комил дошт.

Уро на ҳамчун писари бародараш мешинохту бас, балки ҳамчун шинохтани бародар ва дӯст, зеро Паёмбар (с) ва Ҳамза аз як насл буданд ва синну солашон қариб баробар буд. Якҷоя бузург шуда буданд ва якҷоя бозӣ мекарданд ва аҳди бародарӣ дода буданд ва аз аввалин қадамҳо қадам ба қадам якҷоя дар кӯчаҳо пой мегузоштанд.

Агарчанде даврони ҷавонии онҳо дар роҳҳои гуногун сипарӣ гардид, Ҳамза роҳеро интихоб намуд, ки мақсад аз он ба даст овардани хушиҳои зиндагонӣ буд ва мебоист дигар ҳамсолонашро фишор орад ва дар байни калоншавандагони Макка ва дар миёни роҳбарони Қурайш барои худ ҷои васеъе ишғол намояд. Дар он ҳангом, ки Муҳаммад (с) машғули равшан гардонидани рӯҳаш буд, он рӯҳе, ки барои ӯ роҳи Худоро равшан созад. У дар гуфтугӯ бо дилаш машғул буд, он диле, ки ӯро аз ғавғои зиндагонӣ ба сӯи тааммули амиқ мебурд ва ба сӯи омода шудан, барои ба ҳақиқат даст ёфтан ва мулоқот намудан.

Ман чунин мегӯям: агарчанде ҷавонии ҳар яке аз онҳо роҳи хоси худро дошт, вале Ҳамза ҳамарӯза дар хотираш фазилатҳои ҳамсол ва писари бародарашро дарк менамуд ва фаромӯш намекард. Он фазилатҳо ва макорими ахлоқе, ки дар дилҳои ҷамиъи мардум барои соҳиби худ як макони олиро соҳиб шуда буданд, барои ояндаи бузурги ин мард сурати возеҳеро муҷассам менамуданд.

Пагоҳии он рӯз Ҳамза аз рӯи одати худ берун баромад. Ва дар назди Каъба чанд нафаре аз ашрофи Қурайш ва пешвоёни онро ёфт, ки нишаста буданд. Ҳамроҳи онҳо нишаст ва гӯш ба гуфтори онҳо фаро дод. Онҳо аз Муҳаммад(с) сухан мегуфтанд.

Аввалин бор буд, ки Ҳамза онҳоро дар ҳолате медид, ки аз сабаби даъвати писари бародараш бесабрӣ бар онҳо ғолиб омадааст ва дар суханрониҳояшон оҳанги кина ва қаҳру ғазаб зоҳир мегардид. Онҳо қабл аз ин ба ин масъала кам таваҷҷуҳ менамуданд ё худро чунон вонамуд месохтанд, ки ин мавзӯъ озорашон намедиҳад.

Аммо имрӯз изтироби зиёд ва ташвиш дар чеҳраҳояшон ҳувайдо буд ва хоҳиши онро доштанд, ба касе даррандавор ҳамла намоянд.

Ва Ҳамза аз суханони онҳо дурудароз хандид ва ин ташвишҳои онҳоро муболиға вонамуд ва нодуруст баҳо додан шумурд.

Абуҷаҳл боисрор ба ҳамнишинонаш таъкид мекард, ки Ҳамза аз ҳамаи мардум дида аз хатари даъвати Муҳаммад (с) огоҳ аст, валекин мехоҳад, ки ин корро ба дигарон саҳлу осон нишон бидиҳад, то Қурайш дар хоби ғафлат бошад ва баъд аз он рӯзе бедор гардад, ки рӯзаш сиёҳ гардидааст ва кори писари бародараш ошкор ва бар болои Қурайш ғолиб гардидааст.

Ва суханашонро ба ин лаҳн давом медоданд. Аз қаҳр меғурриданд ва таҳцид мекарданд. Ҳамза гоҳо табассум мекард ва гоҳо нороҳат мешуд. Дар ҳоле, ки ҷамъият пароканда шуд ва ҳар яке аз пушти кори худ рафтанд, Сари Ҳамза аз ин андешаҳои нав вазнин гардид ва ба хотироти нав дар кори писари бародараш худ ба худ муноқиша мекард.

***

Рӯзҳо яке аз паси дигаре мегузаштанд ва ҳар рӯз ташвишу изтироби Қурайш дар атрофи даъвати Муҳаммад (с) зиёд мегардид.

Баъд аз он ин изтиробҳо ба таҳрик анҷомидан гирифт ва Ҳамза ин лаҳзаҳоро аз дур истода мушоҳида мекард.

Сабру суботи писари бародараш ӯро моту мабҳут месохт. Ҷонфидоиҳои писари бародараш дар роҳи ақида ва даъваташ барои тамоми аҳли Қурайш чизи нав буд. Бар хилофи он чизҳое, ки онҳо аз ҷонфидоӣ ва устуворӣ медонистанд.

Агар имрӯз ростгӯӣ ва покии ахлоқи Паёмбар (с) касеро мавриди шакку шубҳа қарор диҳад ҳам, вале ин шак асло қудрати дар зеҳни Ҳамза роҳ ёфтан надорад.

Пас Ҳамза беҳтарин касест, ки Муҳаммадро аз даврони тифлӣ то даврони беолоиши ҷавонӣ ва ниҳоят то даврони поки камолоти олиаш мешиносад. Уро мисли вуҷуди худаш мешиносад, ҳатто зиёдтар аз вуҷуди худаш, аз лаҳзаҳои аввалин, ки якҷоя ба дунё омаданд ва якҷоя ба воя расиданд, мешиносад. Ва тамоми зиндагии Муҳаммад (с) мисли шуъои офтоб пок ва беолоиш аст. Ҳамза ҳеҷ шубҳаеро ба ёдаш оварда наметавонад, ки дар ин зиндагии беолоиш нуқтае гузорад. У ба ёд оварда наметавонад, ки ягон маротиба ӯро ғазабнок, навмед,

дилшикаста, тамаъгар ё машғули лаҳву лаъаб ва ё асабонӣ ва ноором дида бошад.

Ҳамза касест, ки танҳо дорои қувваи ҷисмонӣ нест, балки бо камолоти ақл ва қуввати ирода низ ороста аст. Аз ҳамин ҷиҳат як чизи ғайримуқаррарист агар ӯ аз мутобиъат кардани инсоне, ки дар ӯ тамоми садоқат ва амонат мавҷуд аст, тахаллуф варзад.

Ҳамчунин ӯ андешаеро дар дил пӯшида нигоҳ медошт. Наздик аст замоне, ки он андеша ошкор хоҳад гардид.

Он рӯзи мавъуд низ фаро расид.

Ва Ҳамза дар ҳоле аз ҳавлиаш хориҷ шуд, ки силоҳаш дар камараш овезон буд ва рӯяшро ба сӯи биёбон гардонид, то ба машғулияти аз ҳама дӯстдошта ва риёзати аз ҳама тафзилдодааш, шикори ҳайвонот машғул гардад. Ҳамза дар ин кор маҳорати бузурге дошт. Чанд соати рӯзро бо ин машғулият гузаронид. Вақте ки аз сайдгоҳи худ баргашт, аз рӯи одат ба сӯи Каъба рафт, то пеш аз баргаштан ба сӯи ҳавлиаш онро тавоф кунад.

Ва дар наздикии Каъба ӯро як канизи Абдуллоҳ ибни Ҷудъон рӯ ба рӯ омад. Ва ҳамин ки чашмаш ба Ҳамза афтод, гуфт:

— Эй Абоаммора, агар ту чанд лаҳза пеш меомадӣ, медидӣ, ки Абулҳакам ибни Ҳишом ба писари бародарат Муҳаммад (с) чиро раво дид. Абулҳакам ӯро дар назди Каъба нишаста ёфт. Пас ӯро ранҷонид ва дашномаш дод ва ҳар он чӣ боиси ранҷишаш гардад, онро ба ҳадди камол расонд.

Ва тафсилоти воқеъаи ба Паёмбар (с) кардаи Абуҷаҳлро ба ӯ шарҳ дод.

Ҳамза суханони уро то охир гуш кард ва лаҳзае чанд сарашро поин намуда ба андеша фурӯ рафт. Баъд аз он дасти росташро ба сӯи силоҳаш бурд ва онро дар сари китфаш сахттар рост кард ва бо қадамҳои тезу устувор, бо умеди он ки Абуҷаҳлро он ҷо ёбад, ба ҷониби Каъба раҳсипор гардид. Ва андешид, ки агар ӯро он ҷо пайдо накунад, пас ӯро дар ҳама ҷо ҷустуҷӯ хоҳад намуд, то ӯро биёбад.

Ҳамин ки ба Каъба расид, чашмаш ба Абуҷаҳл афтод, ки дар беруни Каъба дар иҳотаи чанде аз саркардагони Қурайш нишаста буд.

Бо як оромии даҳшатнок Ҳамза ба Абуҷаҳл наздик шуд ва силоҳашро кашида ба сари Абуҷаҳл зад. Сари ӯро кафонида хунолуд кард ва пеш аз он ки ҳозирон аз ин даҳшат ба худ оянд, Ҳамза ба тарафи Абуҷаҳл фарёд зада гуфт:

— Оё ту Муҳаммадро дашном медиҳӣ, дар ҳоле ки ман дар дини ӯ ҳастам ва он чиро ӯ мегӯяд, ман ҳам мегӯям? Агар қудрат дошта бошӣ, боз ҳам^н дашномҳоро ба ман ҳам бигӯ!

Чанд лаҳзае ҳамаи нишастагон он иҳонатеро, ки ба сари пешвояшон Абуҷаҳл омад, фаромӯш намуданд ва хунеро, ки аз сараш ҷорӣ мешуд, низ фаромӯш намуданд ва онҳоро ин калимае, ки мисли барқ ба гӯши онҳо расид, ба худ машғул намуд. Калимае ки Ҳамза онро эълон намуд, ки ӯ дар дини Муҳаммад (с) аст ва ҳар фикреро, ки Муҳаммад (с) дорад, ӯ низ дорад. Ва ҳар чиро Муҳаммад (с) мегӯяд, ӯ низ мегӯяд.

Оё Ҳамза мусалмон мешавад?

Боиззаттарин ва қудратмандтарин аз ҷавонони Қурайш?

Ин кор мусибати азимест, ки Қурайш барои пешгирии он қувват надорад. Пас ислом овардани Ҳамза зуд аст, ки бисёре аз қалбҳои покро ба сӯи ислом таҳрик менамояд ва зуд аст, ки Муҳаммад (с) дар атрофи худ қувват ва тавоноии бештаре меёбад. Он миқдоре, ки даъваташро қавӣ ва миёнашро мустаҳкам менамояд. Ва рӯзе фаро хоҳад расид, ки Қурайшиён аз садои зоғнулҳое, ки бутҳо ва худоҳояшонро хароб мекунад, бедор хоҳанд шуд!

Оре, Ҳамза ислом овард ва дар назди ҷамъи мардум он чизеро, ки дар дилаш пӯшида нигоҳ медошт, ошкор кард ва он ҷамъиятро дар ҳоли навмедӣ гузошт. Ва Абуҷаҳл хунеро, ки аз сари кафидааш мерехт, фурӯ мебурд. ва Ҳамза дасти росташро бори дигар ба сӯи силоҳаш дароз кард ва ӯро дар сари китфаш устувор намуд ва бо қадамҳои қатъӣ ва бо ҳайбате шадид ба суи ҳавлиаш раҳсипор гардид.

Ҳамза дорои ақли нофиз ва истеъдоди комил буд.

Вақте ки ба хонааш баргашт ва мондагии он рӯз аз ӯ зоил гардид, ба тафаккур нишаст ва хотироташро дар бораи ҳодисаи ба_наздикӣ рухдода варақзад.

У чи гуна исломашро эълон намуд ва кай?

Ба таҳқиқ ӯ имонашро дар лаҳзае эълон намуд, ки ба ғазаб омада ва таҳти таъсир қарор гирифта буд.

Тасаввури хор гардидани писари бародараш ва таҳти зулм қарор гирифтани ӯ бе он ки ёридиҳандае барои вай пайдо гардад, Ҳамзаро хаста ва малул намуд. Ин вазъ ӯро ба ғазаб овард ва барои дифоъи шарафу номуси бани Ҳошим ғайраташ ҷуш зад. Дар ин роҳ сари Абуҷаҳлро шикаст ва бо эълон кардани исломаш ба сӯи Абуҷаҳл фарёд кашид. Вале оё ин аз ҷавонмардист, ки як инсон аз дини падарон ва қавмаш дурӣ

ҷӯяд. Дине, ки асрҳо ин ҷониб давом дорад. Баъд аз он ба як дини ҷадид, ки то ҳол таълимоти онро наозмудааст ва аз ҳақиқати вай хеле кам огаҳӣ дорад, рӯй биёрад.

Бале дуруст аст, ки ӯ як лаҳза ҳам дар садоқати Муҳаммад (с) ва покии ақидаи вай шубҳа надорад.

Вале оё мумкин аст, ки мард ба як дини ҷадид рӯй биёрад бо вуҷуди тамоми масъулиятҳояш ва душвориҳояш дар лаҳзаи ғазаб, ҳамчунон ки Ҳамза ҳозир чунин кард?

Нисбати ин даъвати ҷадид, ки писари бародараш байрақи онро баланд бардошта буд, дар дилаш як эҳтироми пинҳонӣ нигоҳ медошт.

Вале агар барои ӯ имконият фароҳам ояд, ки яке аз пайравони ин даъват бошад ва имоновардаи ба вай ва аз ҷумлаи ҳимоятгарони ин дин, пас барои дохил гардидан дар ин дин кадом вақг муносибтар аст?

Лаҳзае ғазаб ва номус?

Ё вақги тафаккур ва андеша?

Ва ҳамчунин ростии ният ва покизагии андешааш, ӯро водор намуд, ки тамоми ин масъаларо аз сари нав таҳти андешаи қатъӣ ва дақиқ қарор бидиҳад.

Пас ба андеша фурӯ рафт ва чанд рӯзеро бад-ин минвол сипарӣ намуд. Дар он чанд рӯз ботинаш ором намегирифт ва шабҳо пилки чашмонаш хобро намедид.

Чун ҳалли ҳақиқатро тавассути ақп ҷустуҷӯ менамоем, дар ин ҳол шакку шубҳа мисли як васила барои дарёфти ҳақиқат, қабул ва эътибор карда мешавад.

Ҳамчунин Ҳамза истифода кардани ақлашро дар ҷустуҷӯи ҳақиқати ислом давом дод ва барои муқоисаи байни дини қадим ва ҷадид то ҳадде расид, ки дар нафсаш як шакку шубҳае эҷод гардид. Ин шакку шубҳаро муҳаббат ва дилбастагии фитрии ӯ нисбати дини аҷдодиаш ва омодагии фитрати ӯ нисбати ҳар чизи нав барангехта буд.

Тамоми хотироташ дар бораи Каъба, олиҳаҳои дохили он ва бутҳо ва дар бораи азамату ифтихори дине, ки ин олиҳаҳои бо дасти одамон тарошидашуда ба тамоми аҳли Қурайш ва ба тамоми бошандагони Макка дода буданд, бедор гашт.

Тадриҷан тамоми таърихи қабила ва ин дини ба ёдгормонда пеши назараш ҳувайдо гардид. Ва рӯёрӯи ӯ нишебиие зоҳир шуд, ки роҳпаймудан ба сӯи онро Ҳамза барои худаш кори хеле душвор мепиндошт.

Барои Ҳамза таъаҷҷубовар менамуд, ки чӣ гуна барои инсон муяссар мегардад, ки аз дини обоии худ бо ин осонӣ ва бо ин зудӣ ҷудо гардад. Ва аз корч кардааш пушаймон гардид. Валекин андешидан дар доираи ақли худро давом дод. Вале чун дид, ки ақл ба танҳоӣ аз ӯҳдаи ин кор намебарояд, бо тамоми ихлосмандӣ ва ростӣ, рӯй ба ғайб овард.

Дар назди Каъба, дар ҳолати тазаррӯъу дуъо ва ёрӣ хостан рӯй ба осмон овард, то пешгоҳаш равшан шавад ва барои ёфтани роҳи ҳидоят ба сӯи Ҳақтавоноӣ пайдо кунад.

Биёед идомаи суханро аз худи ӯ бишнавем:

— Баъд аз он ба сабаби ҷудо шуданам аз дини аҷдодӣ ва қавмӣ, маро пушаймонӣ фаро гирифт ва дар ҳоли шакку шубҳа нисбати ин кори бузург дармондам ва лаҳзае ҳам оромона хоб рафта наметавонистам.

Баъд ба назди Каъба омадам ва ба сӯи Худованд тазарруъ намудам, то дили маро барои ёфтани Хдқ кушода гардонад ва аз ман шакку шубҳаро бибарад. Худованд дуъои маро иҷобат намуд ва қалби маро аз яқин саршор гардонид.

Субҳи рӯзи дигар ба назди Паёмбар (с) рафтам ва аз кори гузаштаи худ ба ӯ ҳикоят кардам.

У ба даргоҳи Худованд дуъо кард, ки дили маро ба дини худаш собит гардонад.

Ҳамин тавр, Ҳамза ислом овард, исломи ба яқин.

Худованд исломро ба сабаби Ҳамза иззат бахшид. Ва ӯ собиту устувор аз Паёмбар (с) ва асҳобаш дифоъ менамуд.

Чун Абуҷаҳл Ҳамзаро дар сафи мусалмонон истода дид, дарк намуд, ки ғайр аз ҷанг чорае нест ва ба таҳрику ташвиқи Қурайш пардохт, то бар болои Паёмбар (с) ва саҳобагони вай ҳар гуна азобро ҷорӣ намоянд ва аз он лаҳза омодагиашро барои ҷанги дохилиқавмӣ дидан гирифт. Ва мехост ба воситаи ҷанг дарди қаҳру ғазаби ботиниашро шифо бахшад.

Табиист, ки Ҳамза қудрати онро надошт, ки тамоми ранҷу азоби мусалмононро манъ намояд. Бо вуҷуди ин ҳама, ислом овардани ӯ ҳимоя ва зиреҳе буд барои дигарон.

Чунончӣ таҳрики муваффақонае буд, барои аксари қабилаҳое, ки онҳоро аввалан исломи Ҳамза ва баъдтар исломи Умар (р) ба сӯи дини ислом таҳрик дод ва гурӯҳ-гурӯҳ дар он дохил гардиданд.

Аз лаҳзае, ки Ҳамза ислом овард, тамоми тандурустӣ, зурӣ ва зиндагониашро барои Худо ва дини ӯ назр кард, то андозае, ки Паёмбар (с) барои ӯ ин лақаби бузурги Шери Худо ва шери Расулро (с) сазовор дид.

Ва аввалин амири гурӯҳи ғозиёне, ки ба муқобили душман баромаданд, Ҳамза буд.

Ва аввалин байрақеро, ки Паёмбари Худо (с) барои яке аз мусалмонон баст, барои Ҳамза буд.

Ва рӯзе, ки ду гурӯҳи ҷанговарон ба якдигар дар ғазои Бадр рӯ ба рӯ гардиданд, Шери Худо ва шери Паёмбари Худо (с) он ҷо корҳои аҷоиберо анҷом дод.

***

Фавҷҳои шикастхӯрдаи Қурайш аз Бадр ба сӯи Макка дар ҳоли пешпо хӯрдан аз бемуваффақиятӣ бозгаштанд. Ва Абусуфиён ҳам бо қалби даҳшатзада ва сари хам бозгашт ва ба таҳқиқ дар марзу маъракаи корзор ҷасадҳои пешвоёни Қурайшро мисли Абуҷаҳл, Утба ибни Рабиъа, Шайба ибни Рабиъа, Умайя ибни Халф, Уқба ибни Аби Муъайт, Асвад ибни Абдуласади Махзумӣ, Валид ибни Утба, Назр ибни Ҳорис, Ос ибни Саъид, Туъма ибни Адий ва даҳҳо нафар аз амсоли инҳо аз мардони Қурайш ва пешвоёни онҳо боқӣ гузошта буданд.

Ва Қурайш наметавонист ин ҳазимати сахтро бо оромӣ таҳаммул намояд. Пас барои омода шудантайёрӣ дидан гирифт ва тамоми қувват ва дору нодори худро гирд овард, то барои худаш ва шарафу кушташудагонаш интиқом бигирад.

Ва Қурайш тасмими ниҳоияшро барои ҷанг гирифт.

Ва ғазои Уҳуд пеш омад, ки Қурайш дуюмбора бо сарлашкарии Абусуфиён саросар ҳама бо ҳамроҳии ҳампаймононашон аз дигар қабоили Араб низ иштирок доштанд.

Ва ҳадафи саркардагони Қурайш дар ин маъракаи ҷадид аз байн бурдани ду мард буд. Яке Паёмбар (с) ва дигар Ҳамза (р).

Оре, касе ки суханрониҳо ва машваратҳои онҳоро қабл аз азми набардро пеш гирифтанашон мешунид, дармеёфт, ки Ҳамза (р) то чӣ андоза дар забони онҳо баъди Паёмбар (с) беҳтарин байти қасида ва ҳадафи асосии маърака буд.

Ва пеш аз хориҷ шудан аз Макка барои анҷоми кори Ҳамза мардеро интихоб карда буданд, ки аслан якғуломи ҳабашӣ буд ва дар партоб кардани найза маҳорати фавқулъоддае дошт. Вазифаи ӯро низ дар ин пайкор мушаххас намуданд. У бояд аз қафои Ҳамза таъқиб карда гардад ва ҳадафи зарбаи найзаи ӯ танҳо Ҳамза бошад. Ва бояд новобаста ба чӣ сурат ва натиҷа анҷом пазируфтани маъракаи набард, аз ин амр дар ғафлат намонад.

Ва ӯро мукофоти бузурге ваъда намуданд.

Он мукофот озодии ӯ буд. У ғуломе буд номаш Ваҳшӣ ва бандаи Ҷубайр ибни Мутъам буд ва амаки Ҷубайр дар рӯзи ҷанги Бадр кушта шуда буд. Ҷубайр оа ӯ гуфт:

— Ту бо ҳамроҳии мардум ба ҷанг хориҷ шав ва агар Ҳамзаро бикушӣ, ту озодастӣ.

Баъд аз он ӯро ба сӯи Ҳинд бинти Утба, зани Абусуфиён фиристоданд, то ӯро зиёдтар тарғиб намояд ва ба сӯи ҳадафе, ки доранд, ӯро ташвиқ намояд.

Ва Ҳинд ба таҳқиқдар маъракаи Бадр падар, амак, бародар ва фарзандашро аз даст дода буд ва ба ӯ гуфта буданд, ки аксари онҳоро Ҳамза куштааст ва баъзеашонро дигарон захмӣ намудаанд ва Ҳамза корашонро тамом намудааст.

Аз ин ҷиҳат Ҳинд аз ҳамаи Қурайшиён дида дар ташвиқи берун омадан ба ҷанг зиёдтар мекӯшид. Магар барои он ки сари Ҳамзаро ба даст орад, агарчанде қимати он гарон бошад ҳам.

Ва чанд рӯзеро пеш аз ҷанг фақат ба тарғиби Ваҳшӣ гузаронид ва ӯ дигар коре надошт ҷуз рехтани тамоми кинаҳояш дар дили Ваҳшӣ ва кашидани нақшаи он масъулиятеро, ки бояд Ваҳшӣ анҷом медод.

Дар сурати ба қатли Ҳамза даст ёфтан, ӯро ба қиматтарин амвол, ки зан аз матоъу зинат молики он мегардад, ваъда дод. Пас бо ангушти кинавараш гӯшвори аз лӯълӯи қиматбаҳо сохта шуда ва гарданбанди тиллоиеро, ки гарданашро зинат медод, даст карда дар ҳоле, ки чашмаш ба сӯи Ваҳшӣ духта шуда буд, гуфт:

-Ҳамаи ин азони туст, агар Ҳамзаро бикушӣ!

Ва оби даҳони Ваҳшӣ аз ғояти шавқ равон шуд ва хотираш ба иштиёқи зиёд ҷониби маъракае гардид, ки дар он озодии худро ба даст меовард ва аз ин баъд ғулом намебошад ва он ҷанге, ки аз он тамоми он зиннатҳоеро, ки имрӯз гардани пешвои занони Қурайш ва духтари пешвои Қурайшро зеб медиҳад, ба дастхоҳадовард!

Пас машваратҳо ва ҷанг бо тамоми ҳастиаш бо шакли ошкору қатъӣ хоҳони аз байн бурдани Ҳамза буданд.

Ва ғазои Уҳуд пеш омад.

Ду лашкар бо якдигар бархӯрданд ва Ҳамза дар миёни замини марг ва ҷанг даромад, дар ҳоле, ки либоси ҷангӣ пӯшида буд ва бар сари синааш пари шутурмурғ часпонида буд, зеро ӯ одат дошт, ки сари синаашро рӯзи ҷанг бо ҳамин намуд пар зиннат медод.

Ва ба ҷавлон кардан ва ҳамла намудан оғоз кард ва ҳеҷ сареро қасд наменамуд, магар, ки шамшер онро ҷудо мекард ва дар миёни мушрикон задӯхурдро давом медод. Гумон мекардӣ, ки марг дар итоати ӯ бошад, ҳар киро ки хоҳад ба марг мезанадаш, пас бехато мерасад дар миёни устухонаш!

Ва дигар мусалмонон низ ҳамла намуданд, то ба дараҷае, ки наздик ба ғалабаи ниҳоӣ расида буданд ва баъзе фавҷҳои Қурайш ба шикаст ва ақибнишинӣ сар карданд.

Агар тирандозоне, ки дар болои Ҷубайли Румот (Кӯҳаки Румот) буданд, макони худро тарк наменамуданд ва барои ғаниматҳои душмани шикастхӯрда ба замини маъракаи ҷанг намефуромаданд, агар онҳо бо тарк намудани ҷои исташон як холигии васеъе барои саворагони Қурайш намекушоданд, албатта Ғазои Уҳуд мақбараи тамоми Қурайш, мардон ва занонаш, балки барои аспону шутуронашон мегардид.

Саворагони Қурайш аз пушти сипоҳи мусалмонон дар ҳолати ғафлаташон нохост ҳуҷум намуданд ва шамшерҳои ташнаи девонаашонро дар миёни онҳо ба кор андохтанд ва мусалмонон аз сари нав худро ҷамъ намуданд дар ҳоле, ки баъзеашон аллакай силоҳҳояшонро ба замин гузошта буданд. Чун диданд лашкари Қурайш ақибнишинӣ менамояд ва пушт гардонидааст, вале ногаҳонӣ ҳамла намудани саворагони мушрик хело душвор буд.

Ҳамза чун ин корро дид, қуввату ғайрат ва корнамоияш дучанд гардид.

Ва аз чапу рост ва аз пасу пеш задан гирифт ва Ваҳши ӯро мепоид ва лаҳзаи муносибро интизор буд, то ба ӯ зарба занад.

Ва биёед бигузорем, то худи Ваҳшӣ барои мо бо суханони худаш он лаҳзаро васф намояд:

— Ман як марди ҳабашӣ будам ва ба тарзи ҳабашиҳо наӣза меандохтам ва кам хато мекардам. Чун мардум ба қитол сар карданд, ман ба сӯи Ҳамза нигаристам ва ӯро меҷустам, то ин ки ӯро дар миёни мардум ба мисли шутури ало дарёфтам.

Мардумро ба шамшераш ҳар тараф меафганд ва дар пешаш чизе дошт карда наметавонист. Қасам ба Худо, ҳар оина ман найзаро барои ӯ омода месохтам ва аз ӯ худро дар пушти дарахте паноҳ мекардам то ба сӯи ӯ ҳамла кунам ё ба ман наздик шавад.

Ин ҳангом Субоъ ибни Абдулъузо аз ман пештар ба сӯи ӯ рафт. Пас, вақте Ҳамза ӯро дид, ба сӯяш фарёд заду гуфт:

Ба сӯи ман биё, эй писари зани хатнагар!

Баъд ӯро зарбае зад, ки сарашро бехато барканд. Дар ин ҳол ман найзаи худро барои нишон гирифтан меҷунбонидам, то он даме ки аз нишони гирифтаам оозӣ шудам ва онро партофтам, найза дар поёни шикамаш бархӯрд ва аз миёни пойҳояш берун баромад ва ӯ ба сӯи ман ҳамла намуд, вале кори ӯ анҷом гирифта буд, баъд аз он ҳалок шуд. Ва ман ба пеши у омадам ва найзаамро гирифтам ва ба лашкаргоҳ бозгаштам ва он ҷо нишастам, зеро дар ин ҷанг кори дигаре надоштам. Воқеан уро куштам, то озод шавам.

Ва ҳеҷ боке нест, то Ваҳширо бигузорем, суханашро худаш комилтар бисозад.

— Вақте ба Макка омадам, озод гардидам ва иқоматро дар он ҷо давом додам, то он рӯзе, ки Паёмбари Худо (с) дар он ҷо даромад, рӯзи фатҳи Макка ва ман ба сӯи Тоиф гурехтам.

Чун намояндагони Тоиф ба сӯи Паёмбари Худо (с) барои ислом овардан берун шуданд, дигар барои ман ҷои рафтан намонд ва ба худ андешидам то ба Шом ё Яман ё дигар ҷой биравам.

Пас қасам ба Худо, ки ман дар ҳамин ташвиш дармонда будам, ки як марде гуфт:

— Эй вой бар ту! Қасам ба Худо, ки Расули Худо (с) ҳеҷ нафаре аз мардуми дар дини ӯ даромадаро намекушад..

Пас хориҷ шудам ва ба Мадина ба пеши Расули Худо (с) омадам. У маро надид, магар лаҳзае, ки аллакай дар назди у истода будам ва гувоҳии ҳақро ба забон ҷорӣ мекардам.

Вақго, ки маро дид, гуфт:

— Оё ту Ваҳшӣ ҳастӣ. ?

Гуфтам:

-Оре, эй Паёмбари Худо.

Гуфт:

— Пас ба ман нақл кун, чи гуна Ҳамзаро кушти.

Ба ӯ нақл кардам. Вақте, ки аз нақлам фориғ гардидам, гуфт:

— Вой бар ту. Кӯшиш кун, ки рӯятро ба ман нанамоӣ.

Аз ин баъд ҳар куҷое, ки дар роҳи Паёмбар (с) мерафтам, худро доимо канора мегирифтам, то маро набинад. Ин то замоне идома ёфт, ки ӯро Худованди бузург ба наздаш бурд.

Вақге ки мусалмонон ба сӯи Мусайламаи каззоб, соҳиби Ямома хориҷ гардиданд, ман низ бо онҳо хориҷ шудам ва он найзаеро, ки бо ӯ Ҳамзаро кушта будам, бо худ гирифтам. Чун мардум ба якдигар дар задухӯрд даромаданд, ман Мусайламаи каззобро дидам, ки дар дасташ шамшер буд, Худро барои

қатлаш омода намудам ва найзаи худро барои нишона гирифтан дар ҷунбиш даровардам, то он даме, ки аз нишонаи гирифтаам розӣ шудам. Онро ба тарафаш партофтам. Ба ӯ расид. Агар ман бо ин найзаам беҳтарини мардумон Ҳамзаро кушта бошам, пас ман аз Худованд умеди онро дорам, ки маро мағфират намояд, зеро бо ин найза ман бадтарини мардумон, Мусайламаро низ куштаам.

***

Ҳамчунин Шери Худо ва шери Паёмбар (с) ҳамчун шаҳиди бузург афтид.

Ҳамчунон ки зиндагонии ӯ пурғулғула ва овозадор буд, мурданаш низ бо ҳангомаи зиёд воқеъ гардид.

Душманонаш ба марги ӯ икгифо нанамуданд. Чӣ гуна иктифо кунанд ё қаноъатманд гарданд, дар ҳоле ки онҳо шахсоне буданд, ки тамоми ҳампаймонони Қурайш ва мардони онро дар ин маъракаи корзор ҷамъ намуда буданд, ҳол он ки бо ин ҷанг ғайри Паёмбар (с) ва амакаш Ҳамза, қасди дигар надоштанд.

Ба таҳқиқ Ҳинд бинти Утба, зани Абусуфиён ба Ваҳшӣ амр намуда буд, ки ҷигари Ҳамзаро барояш биёрад. Ваҳшӣ низ ин рағбати девонамизоҷонаи ӯро иҷро намуд. Вақте ки Ваҳшӣ ҷиғари Ҳамзаро ба назди Ҳинд овард, бо як дасташ ҷигарро ба ӯ дод ва бо дасти дигараш гӯшвораҳо ва гарданбандеро, ки ваъда карда буд, ҳамчун мукофот барои худ гирифт.

Ҳинд духтари Утба, он касе, ки мусалмонон рӯзи ҷанги Бадр падарашро кушта буданд ва зани Абусуфиён, лашкаркаши лашкари мушрикон ва бутпарастон он ҷигарро ба даҳонаш андохта хоид.

Ҷигари Ҳамзаро хоид, бо умеди он ки бо ин рафтори аблаҳонааш кина ва ғазаби худро шифо бахшад, вале ҷигари Ҳамза ба дандонҳои ӯ итоат накард ва онҳоро оҷиз гардонд, ки онро ба осонӣ бихояд. Пас онро аз даҳонаш берун кард ва ба болои санги баланде баромад ва бо ин иборати манзум фарёд кашид:

Мо шуморо дар муқобили рӯзи Бадр ҷазо додем,

Ва набард баъди набард, гармӣ ва аланга дорад,

Ман аз ҷиҳати Утба ҳеҷ сабре надоштам,

Ва аз ҷиҳати бародар, амак ва фарзанди нахустинам.

Ман нафсамро шифо бахшидам ва назри кардаамро иҷро намудам.

Ваҳшӣ губори диламро рӯшан кард…

Маъракаи ҷанг поён ёфт ва мушрикон ба шутурҳои худ савор гардиданд ва аспҳояшонро пешандоз карда ба сӯи Макка бозгаштанд.

Ва Паёмбар (с) ва асҳобаш ба замини маъракаи корзор фаромаданд, то аз шаҳидшудагон огаҳӣ ёбанд.

Ва он ҷо дар миёни водӣ, дар ҳоле ки Паёмбар (с) рӯйҳои саҳобагонашро, он касонеро, ки нафсҳои худро бо Худо фурӯхта буданд ва онро ҳамчун қурбонии пок барои Худованди бузург пешкаш карда буданд, гардонида медид, ногаҳон бозистод. Ва нигоҳ кард ва аз ғояти қаҳру алам хомӯш шуд. Ва дандонҳояшро ба_ҳамдигар фишурд ва пилкҳои чашмонашро пӯшид.

У ҳеҷ гоҳ тасаввур карда наметавонист, ки ахлоқи арабӣ то ин андозаи ваҳшиёна паст мефаромада бошад. Ва бо мурдагон ин муомилаи бад мусларо (гушу бинии мурдаро буридан -мутарҷим) раво мебинанд, ҳамчуноне ки бар ҷисми амаки шаҳиди бузургвораш Ҳамза ибни Абдулмуталлиб, Шери Худо, ва сайиди шуҳадо онро раво диданд.

Ва Паёмбар (с) чашмонашро кушод ва дар ҳоле, ки нигоҳаш ба сӯи ҷасади амакаш равона шуда буд, чунин гуфт:

-Ҳаргиз бо чунин мусибате, ки ба сабаби мусла шудани тугирифтор шудам, гирифтор нашуда будам. Ва дар ҳеҷ маконе бо қаҳру газаб еа душеорӣ таваққуф накардаам, магар дар ин макон.

Баъд рӯ ба сӯи саҳобагонаш намуда гуфт:

— Агар Сафия, ки хоҳари Ҳамза аст, хафа намешуд ва баъди ман суннат гирифтани ин амал пеши роҳи маро намегирифт, албатта амакамро бо ин ҳолаш мегузоштам, то дар шиками даррандагон ва дар сангдони паррандагон ҷой мегирифт ва агар маро Худованд бар болои Қурайш дар ягон маъракае аз маъракаҳо пируз гардонад, албатта сӣ мардро аз онҳо мусла хоҳам кард.

Пас асҳоби Паёмбар (с) фарёд кашиданд:

— Қасам ба Худо, агар Худо моро бар болои онҳо голиб гардонад, албатта нисбати онҳо чунин мусла намоем, ки ҳеҷ фарде аз Араб ончунон мусла накарда бошад!

Валекин Худованде, ки Ҳамзаро ба шаҳодат икром намуд, бори дигар ӯро бо он икром сарфароз намуд, ки аз маргаш як дарси ибратомезро ихтиёр кард, ки ин дарс то абад адолатро ҳимоят мекунад ва раҳму шафқатро ҳатто дар ҷазо додан ва қассос, як амри воҷиб ва фарз эълон менамояд.

***

Ҳамчунин алҳол Паёмбар (с) аз баёни ваъдае, ки пештар зикраш гузашт, фориғ нагардида буд, ки ваҳй бар вай нозил гардид, бо чунин оёти карима дар ҳоле, ки ӯ аз ҷояш наҷунбида буд:

(Эй Расули мо) Халқро ба ҳикмат ва бурҳон ва мавъизаи некӯ ба роҳи Худо даъват кун ва бо беҳтарин тариқ мунозира кун, ки албатта Парвардигори ту оқибати ҳоли касеро, ки аз роҳи ӯ гумроҳ шуда ва онки ҳидоят ёфта аст беҳтар медонад. Ва агар ба шумо мусалмонон касе уқубат ва ситаме расонад, шумо бояд муқобили он (ва ба қадри он) интиқом кунед. Ва агар сабурӣ кунед, албатта барои собирон аҷре (беҳтар аз интиқом) хоҳад буд. Ва ту, (эй Расул) барои ризои Худо бар ранҷи тарбияти уммат сабр ва таҳаммул пеша кун. Ва бар онҳое, (ки тарҳи куфр ва инод мекунанд) ғамгин машав. Ва аз макри онон дилтанг мабош, (ки Худо аз макри халқ, ту ва дини туро маҳфуз медорад). Ҳамоно Худо ёвари муттақиён ва некӯкорони олам аст (Сураи Наҳл, оятҳои 125-128).

Ва нузули ин оятҳо дар ин макон беҳтарин ҳадди икромфуд дар ҳаққи Ҳамзае, ки мукофоти амали ӯро Худованд бар ӯҳдаи худ гирифтааст.

***

Ва Паёмбар (с) ӯро хело зиёд дӯст медошт. Ӯ ҳамчунон, ки пештар зикр намудем, фақат амаки дӯстдораш набуд, балки бародари разоъияш (ширхора) низ буд ва дӯсти бовафои якумрааш низ буд.

Дар лаҳзаҳои видоъ Паёмбари Худо (с) ҳеҷ сухане, ки бо он амакашро видоъ намояд беҳтар аз он наёфт, ки ба адади шаҳидони он маърака ӯро намози ҷаноза мегузорад.

Ҳамчунин ҷасади Ҳамзаро ба намозгоҳ оварданд дар замини маъракае, ки озмоишу корнамоияшро ҳозир ва шоҳид буд ва хуни поки ӯро дар худ гирифта буд. Пас Паёмбар (с) ва асҳоб бар ӯ намози ҷаноза гузориданд. Баъд аз он ҷасади шаҳиди дигарро оварданд ва Паёмбар (с) намоз гузорид. Баъд он шаҳидро бардоштанд ва Ҳамзаро он ҷо боқӣ гузоштанд ва шаҳиди сеюмро оварданд ва дар паҳлӯи Ҳамза гузоштанд ва Паёмбар (с) барои ҳарду намоз гузорид.

Пас ҳамчунин тамоми шаҳидонро оварданд. Якеро баъди дигаре ва Паёмбар (с) ба ҳар яке аз онҳо намоз гузорид ва бо ҳамроҳии ҳар яке бар Ҳамза н^з намоз мегузорид, то ин ки он рӯз бар болои амакаш ҳафтод намози ҷаноза гузорид.

***

Паёмбар (с) аз маърака ба сӯи хонааш бозгардид. Дар роҳ шунид, ки занони бани Абу Ашҳал бар шаҳидонашон нола мекунанд. Ва Паёмбар (с) аз ғояти меҳрубонӣ ва муҳаббаташ нисбати Ҳамза чунин мегӯяд:

— Вале барои Ҳамза гирякунандае нест!

Ва Саъд ибни Муъоз ин сухани Паёмбарро шунида гумон кард, ки агар занон дар ҳаққи Ҳамза нола кунанд, Паёмбарро хуш меояд. Бо тезӣ ба сӯи занони бани Ашҳал рафт ва онҳоро амр кард, ки Ҳамзаро нола кунанд. Пас онҳо чунин карданд, вале ҳамин ки Паёмбар (с) овози гиряи онҳоро шунид, пеши онҳо баромада гуфт:

— Ман ин корро дар назар надоштам, Шумо ба сӯи хонаҳоятон бозгардед. Худо шуморо раҳмат кунад. Баъд аз ҳамин рӯз дигар гиряеу нола иҷоза нест.

Баъди шаҳодати Ҳамза ёрони паёмбари Худо дар марсиягӯӣ ва тавсифи бузургиҳои ӯ бар якдигар пешдасти мекарданд.

Пас Ҳассон ибни Собит дар як қасидаи тӯлониаш чунин мегӯяд:

Ту манзилеро, ки аз он ҷуз асаре боқӣ намондааст,

тарк кун,

Ва биё, Ҳамзаи соҳибмукофотро гиря кун.

Боздоранда аспро чун саркашӣ кунад,

Ба мисли шери дар ҷангалаш диловар.

Ниҳоят аъло, покиза, аз қабилаи Ҳошим.

Ба ҷуз ҳақ ҳеҷ гоҳ ба сӯи ботил таваҷҷӯҳ нанамуда,

Дар миёни шамшерҳои шумо шаҳид шуда,

Худоё дастони Ваҳшӣ, ки қотили ӯст, фалаҷ гардад.

***

Ва Абдуллоҳ ибни Равоҳа чунин гуфт:

Чашми ман гирист ва гиристан барои ӯ равост.

Вале куҷо нафъе аз гиря ва фигон барои Шери Худо.

Дар он пагоҳе, ки гуфтанд: эй мардум,

он шахси кушташуда оё Ҳамза аст?

Аз марги ӯ тамоми мусалмонон дар мусибат афтиданд.

Ин ҷо ба таҳқиқ Паёмбар (с) дар мусибат афтид.

Эӣ Або Яъло барои ту такягоҳҳо ларзиданд.

Ва ту соҳиби маҷд ва некӯӣ ва пайванд ҳастӣ.

***

Сафия духтари Абдулмуталлиб, аммаи Паёмбар (с) ва хоҳари Ҳамза чунин гуфт:

Уро Худованди Ҳақ ва соҳиби Арш ба сӯи худ

даъвате намуд.

Ба сӯи ҷаннате, ки дар вай зиндагонӣ мекунад

ва сурур дорад.

Пас ин мақом ҷоест, ки орзӯи мост.

Барои Ҳамза рӯзи ҳашр ҷои беҳтарин?

Қасам ба Худо, ман туро фаромӯш нахоҳам кард,

модоме боди Сабо мевазад.

Аз рӯи гиристан ва малулӣ чӣ дар ҷои зист

ва ҳангоми сафар.

Барои Шери Худо, ки ӯ як ҳимоягаре буд.

Ҳар як кофиру носипосро аз ислом дур мекард.

Ман чунин мегӯям дар ҳоле ки гиряву фигони

хешу табори ман баланд гаштааст.

Худованд мукофоту ҷазои беҳтар ба бародар ва ёридиҳандаи мо бидиҳад.



Илова бар ҳамаи ин беҳтарин марсияро, ки ёди ӯро муъаттар намуд ин суханони Паёмбар (с) аст, ки вақти дар болои ҷасади ӯ истода ӯро байни шаҳидони маърака дид, чунин гуфт:

— Раҳмати Худо бар ту. Пас ба дурустӣ то он ҳадде, ки ман медонам, ту барои хешу табор пайеандгар еа соҳиби хайрот будӣ.

***

Ин мусибати Паёмбар (с) барои амаки бузургвораш Ҳамза бисёр вазнин ва азодорӣ дар ин боб хеле сахт буд, магар ки тақдири Худо барои Паёмбар (с) зеботарин азодориро захира карда буд.

Дар роҳи бозгашт аз Уҳуд ба сӯи манзилашон Паёмбари Худо (с) аз назди як зане, ки аз қабилаи бани Динор буд, гузар кард, ки дар маъракаи Уҳуд падар, шавҳар ва бародарашро шаҳид дода буд. Чун ӯ мусалмононро дид, ки аз ғазо бозмегаштанд, тез ба сӯи онҳо омад, то аз хабарҳои маърака аз онҳо бипурсад.

Пас хабари марги шавҳар, падар ва бародарашро ба вай расониданд.

Вале ӯ бо ҳаяҷон ва бетоқатӣ аз онҳо пурсид, Паёмбар (с) дар чӣ ҳол аст?

Гуфтанд:

— Хуб аст. У чуноне дӯст медоред, биҳамдиллоҳ офият аст!

Зан гуфт:

— Уро ба ман нишон бидиҳед, то ба сӯи ӯ нигарам.

Ва дар назди ӯ саҳобагон истоданд, то ин ки Паёмбар (с) ба пеши онҳо наздик шуд.

Вақте ки Паёмбарро дид, ба сӯяш рӯй оварда гуфт:

— Ҳар мусибати дигар ба ғайри Ту кори хайр аст!

***

Оре.

Ин зеботарин ва давомноктарин сугворӣ буд.

Ва шояд Паёмбар (с) аз дидани ин манзараи бемислу монанд табассуме карда бошад ва барои ин дар дунёи фидокорӣ, дӯстӣ ва саховатмандӣ назаре нест.

Як зани бечораи муштипар, камбағал, дар чанд лаҳзае падар, шавҳар ва бародарашро аз даст медиҳад. Баъд аз он дар лаҳзае, ки хабари марги онҳо кӯҳҳоро дар ларза меорад, ба хабардиҳанда чунин мегӯяд:

— Паёмбар (с) чӣ кор кард.?

Ба таҳқиқ ин як саҳнаест, ки тақдири Худо нақшаи онро кашида ва вақти онро муаӣян намуда буд, то аз он барои Паёмбари Худо (с) тариқи азодориро нишон диҳад, азодорӣ дар ҳаққи Шери Худо ва пешвои шаҳидон!

***

Рейтинг
( Пока оценок нет )
Мақола ба шумо писанд омад? Бо дӯстонатон мубодила кунед:
Назари худро баён кунед:

;-) :| :x :twisted: :smile: :shock: :sad: :roll: :razz: :oops: :o :mrgreen: :lol: :idea: :grin: :evil: :cry: :cool: :arrow: :???: :?: :!:

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.