Ал-Миқдод ибни Амр

Ал-Миқдод ибни Амр

Нахустин шаҳсавори Ислом



Ҳамсӯҳбатон ва рафиқонаш дар бораи ӯ чунин гуфтаанд:

— Аввалин касе, ки аспаш ҳамроҳаш дар роҳи Худо давид, Миқдод ибни Асвад буд.

Ва_Миқдод ибни Асвад, ҳамин диловари мо Микдод ибни Амр аст. У дар давраи ҷоҳилият бо Асвад ибни Абуяғус аҳду паймони ёрмандӣ баста буд, дар навбати худ Асвад ибни Абуяғус ӯро ба фарзандхондагӣ қабул кард. Ба ин муносибатӯро Миқдод ибни Асвад гуфта ном мегирифтанд, то он замоне, ки ояти карима дар ин боб нозил шуда фарзандхондагиро бекор кард, пас ӯро дубора ба сӯи падараш Амр ибни Саъд нисбат медодагӣ шуданд.

Миқдод аз ашхоси собиқ дар ислом аст ва яке аз ҳафт нафар шахсонест, ки исломашонро ошкоро эълон намуданд, дар ҳоле ки насибаашонро аз дарду алам ва кинатузиҳои Қурайш дар як шуҷоъатмандии мардона ва масаррату хушҳолии ҳаввориёна (шогирдону пайравони содиқи паёмбарони пешинро ҳаворӣ меномиданд. — мутарҷим) гирифта буданд.

Ва дар рӯзи ҷанги Бадр Миқдод мавқиферо гирифта буд, ки мисли як лавҳаи зебое ҳусни худро ҳеҷ гоҳ гум нахоҳад кард.

Як мавқифи хеле устуворе, ки ҳар касе онро медид, орзу мекард, соҳиби ин мавқифи бузург бошад.

Абдуллоҳ ибни Масъуд, саҳобаи Паёмбар (с) чунин мегӯяд:

— Ман аз Миқдод як лаҳзаеро аз мавқифгириаш мушоҳида намудам, ки агар ман соҳиби он мавқиф мебудам, барои ман азизпзар аз он мебуд, ки тамомии он чӣ дар рӯи замин аст, аз они ман бошад.

Дар он рӯзе, ки бо даҳшату ҳайбати зиёд оғоз гардид, Қурайш бо зӯроварии зиёд ва саркашиҳои боисрор ва фахру такаббури худ ба он ҷо рӯй оварда буд.

Дар он рӯз мусалмонон хеле кам буданд ва ҳоло дар ҷангҳое, ки барои дифоъи ислом буд озмуда нашуда буданд ва ин аввалин набарде буд, ки дар он дохил мегардиданд.

Ва Паёмбар (с) хост, то имони ҳамроҳонашро озмоиш намояд ва омодагиашонро барои мулоқоти лашкари бо пиёдаву савораҳояш ба сӯи онҳо ҳуҷум оварда бисанҷад.

Ва нахуст дар ин кор машварат оғоз кард. Саҳобагонаш медонистанд, вақге Паёмбар (с) аз онҳо машварат мепурсад, ин корро ҳақиқатан анҷом медиҳад ва аз ҳар кас талаби онро дорад, то фикреро, ки қалбашро қаноъат медиҳад, иброз кунад. Пас агар касе ягон фикре бигуяд, ки хилофи фикри ҷамоъат ҳам бошад, ҳеҷ боке нест ва маломат ҳам карда намешавад.

Ва Миқдод аз он хавф бурд, ки шояд дар байни мусалмонон шахсоне бошанд, ки дар шаъни ин маъракаи ҷанг, дар дил ҳазар ё афкори ғайримақбул дошта бошанд.

Ва қабл аз он ки касе аз ӯ пештар сухан гуяд, қасд намуд пештар аз ҳама сухан кунад ва бо суханони қотиъи худ шиъори маъракаро тарҳрезӣ намуда дар ташкили замири ҷамъият саҳм гузорад.

Вале пеш аз он ки лаб ба сухан кушояд, Абубакри Сиддиқ (р) ба сухан гуфтан оғоз намуд ва Миқдод хеле ором гардид, пас Абубакр (р) хуб сухан намуд ва баъди вай Умар ибни Хаттоб (р) сухан кард ва сухани хуб гуфт. Баъд аз он Миқдод пеш омаду гуфт:

— Эй Паёмбари Худо (с)! Ба он чизе ки Худо туро донондааст, иқдом кун, пас мо ҳамроҳат ҳастем. Қасам ба Худо, ба ту он суханонеро, ки фарзандони Исроил ба Мӯсо (ъ) гуфтанд, намегуем (ки гуфта буданд: ту бо ҳамроҳии Парвардигорат рафта бо онҳо биҷанг, мо ин ҷо менишинем), балки мо ба ту чунин мегуем: Бирав тубо ҳамроҳии Парвардигорат бо онҳо биҷанг, мо ҳам ҳамроҳат дар ҷанг иштирок хоҳем кард.

Қасам ба зоте, ки туро ба ростӣ фиристодааст, агар моро то Баркилгимод бубарӣ, ҳар оина барои расиданат ба он ҷо ҷаҳду кӯшиш менамоем, то ба он ҷой бирасӣ. Ва аз тарафи дасти ростат қцтолхоҳем намуд ва аз тарафи дасти чапат ва аз пеши рӯят ва аз пуштат. То еақте Худованд бар ту фатҳ ва нусрат ато фармояд.

Суханони ӯ мисли тирҳои паррондашуда берун омаданд ва рӯи Паёмбар (с) аз хушҳолӣ шукуфт ва забонаш ба дуъои нек дар ҳақи Миқдод кушода шуд ва рӯҳи қудрати суханони қотиъе, ки Миқдод ибни Амр ба сӯи мардум партоб кард, дар ин ҷамоъаи мӯъминон таъсири худро гузошт ва бо қудрату қаноъатбахшии хеш навъи суханро барои касе, ки сухан гуфтан мехост, қолабрезӣ намуд ва тарзи ривоят карданро барои касе, ки ривоят кардан мехост, муайян намуд.

Оре, ба ҳақиқат суханони Миқдод дар дили мӯъминон таъсири амиқ расонданд, пас Саъд ибни Муъоз, пешвои ансор бархост ва гуфт:

— Эй Паёмбари Худо (с), ба дурустӣ ба ту имон овардем ва туро тасдик; намудем ва гувоҳӣ додем, ки ҳар он чизеро, ки ту овардаӣ ҳақ аст. Ва дар бораи ин амр бо ту аҳду паймон намудем. Пас эй Паёмбари Худо (с) ба ҳар коре дилат мехоҳад, иқдом кун, мо ҳамроҳат ҳастем. Қасам ба зоте, ки туро ба ростӣ фиристодааст, агар ҳамроҳи мо ба бахр рӯба рӯ шавӣ ва дар баҳр дароӣ, мо ҳамроҳат дохили он медароем ва аз мо ягон нафар аз амрат тахаллуф намеварзад ва моро бад намеояд агар фардо бо ҳамроҳии мо бо душманони мо рӯ ба рӯгардӣ.

Ба ҳақиқат, мо ба мисли кӯҳҳо ҳастем дар ҷанг ва сахт собиту устувор ҳастем дар вақти рӯ ба рӯ омадан дар ҷанг. Шояд, ки Худованд аз ҷониби мо чизе туро бинамояд, ки боиси равшании чашми тугардад.

Пас моро бо баракати Худованд ба сӯи пеш бубар.

Дили Паёмбар (с) аз башорат лабрез гардид ва ба асҳоб гуфт:

— Равона шавед ва башорат ёбед!

Ва ду гурӯҳ дар муқобили якдигар истоданд.

Ва аспсаворони мусалмон он рӯз се нафар буданд: Миқдод ибни Амр, Мурсид ибни Абимурсид ва Зубайр ибни Аввом. Дар ҳоле, ки боқӣ ҳамаи муҷоҳидон пиёда ё савори уштур буданд.

* * *

Ба таҳқиқон калимаҳои Миқдод, ки пештар зикрашон гузашт, фақат аз шуҷоъати ӯ хабар намедиҳанд, балки якҳикмати олӣ ва андешаи амиқеро аз ҷониби ӯ барои мо муҷассам менамоянд.

Ва Миқдод ҳамчунин буд.

У шахси боҳикмат ва ҳӯшёр буд, вале ҳикмати ӯ танҳо бо роҳи сухан аз нафси ӯ таъбир намекард, балки аз рӯи асосҳои нофиз ва амали рости комил аз нафси ӯ таъбир менамуданд ва таҷрибаҳои ҳаёташ барои ҳикматҳояш ғизо ва барои зиракиву ҳӯшёриаш серобкунанда буданд.

Паёмбари Худо (с) ӯро дар баъзе ҷойҳо амир интихоб намуд, пас вақте аз маъмурият бозгашт, Паёмбар (с) аз ӯ пурсид:

— Аморатро чӣ тавр ёфтӣ?

У бо як садоқати бузург чунин ҷавоб дод:

— Аморат маро чунон гардонид, ки ба нафси худ нигоҳ карда гумон менамудам, ки аз ҳамаи мардум болотарам ва ҳамаи онҳо аз ман пасттаранд.

— Қасам ба зоте, ки туро ба ростӣ фиристодааст, аз ҳамин рӯз эътиборан ҳаргиз бар болои ду нафар амири намекунам.

Агар ин ҷавоб ва гуфтор ҳикмат набошад, пас чӣ чиз ҳикмат аст?

Вақте ки ин шахс ҳаким набошад, пас кӣ ҳаким аст?

Марде, ки дар бораи нафсаш ва заъфу камбудиҳояш низ дурӯғ намегӯяд, чун мансабдор мешавад, нафсашро ғурур ва ҳавобаландӣ фаро мегирад ва дар нафси худ ин заъфро мушоҳида менамояд ва қасам мехӯрад, ки нафсашро аз он ҷойҳое, ки сарчашмаи ин хислатҳои бад ва заъфҳо аст, дур нигоҳ медорад ва баъди ин таҷриба аморатро рад менамояд ва аз он дурӣ меҷӯяд. Баъд ба қасамаш содиқ мемонад ва ҳаргиз амир намешавад.

Ба таҳқиқ ӯ доимо ин ҳадисеро, ки аз Паёмбар (с) шунида буд, такрор мекард:

— Ҳаққо, ки шахси хушбахт касест, ки аз фитнаҳо худро канор бигирад.

Вақте ки ӯ дар аморат як худписандиву ғуруре мушоҳида менамояд, ки ӯро дар ғалатфаҳмӣ меандозад ё ин ки қариб аст ӯро дар фитна андозад, пас саъодати ӯ дар дур истодан аз ин аморат аст.

Аз ҳикматҳои зоҳир ва ҳувайдои ӯ сабру таҳаммулаш дар ҳукм намудан бар болои мардон аст. (яъне барои хуб ё бад гуфтани касе дарҳол қатъан хулоса намебаровард — мутарҷим).

Ва инро низ аз Паёмбар (с) омӯхта буд. Дар ҳақиқат Паёмбар (с) онҳоро огоҳ намуда буд, ки қалби фарзандони одам дар дигаргуншавӣ аз деги ҷӯшон тезтар аст.

Ва Микдод ҳукми охирашро дар бораи ҳар фарди мардум, то охирин лаҳзаи мавташон умед мекард, то аниқ шавад, ки он ҳукмеро, ки ӯ мебарорад, тағйир намеёбад ва бар болои зиндагии он шахс ягон тағйироти нав намеояд, зеро чӣ тағӣире ва чӣ ҳолати наве баъди марг омада метавонад.?

Ва ҳикмати ӯ дар асоси таҷрибаҳои хеле возеҳ дар зимни ин гуфтугӯе, ки яке аз ҳамсӯҳбатонаш ва ҳамнишинонаш ба мо нақп менамояд, зоҳир мегардад.

Ӯ мегӯяд:

— Рӯзе дар назди Миқдод нишаста будем, пас аз пеши ӯ марде гузашт.

У ба Миқдод хитоб намуда гуфт:

— Хушо ба ин чашмон, ки Паёмбари Худоро дидаанд. Қасам ба Худо, мо дӯст медорем, ки он чизеро, ки тудидаӣ, бубинем ва он чизеро, ки ту дар он ҳозир будӣ, мо низ ҳузур медоштем.

Миқдод ба ӯ рӯй оварду гуфт:

— Чӣ чизе боиси он мегардад, ки яке аз шумо як машҳадеро орзу намояд, ки Худо аз вай пӯшида доштааст. Ва ӯ намедонад, ки агар дар он лаҳза дар он ҷо ҳузур медошт, чӣ гуна рафтор мекард? Ба таҳқцқ ҳамасри Паёмбар (с) чандин фирқаҳое буданд, ки Худованди тавоно ва бузург онҳоро сар ба поён ба сӯрохиҳои биниашон ба ҷаҳаннам андохт. Оё шумо сипосгузорӣ намекунедХудоеро, ки шуморо аз он гирифтории онҳо барканор намуд ва шуморо мӯъмин ба Парвардигоратон ва ба Паёмбаратон берун овард?

Ҳикмат, чӣ ҳикмати бузурге!

Ба таҳқиқ ту ҳеҷ муъминеро, ки Худо ва Расули Ӯро дӯст медорад намеёбӣ, ки орзӯи замони Паёмбар ва дидани ӯро надошта бошад.

Валекин басирати Миқдоди зирак ва ҳаким як чизи дури гумшударо дар зимни ин орзу ва хоҳиш кашф менамояд.

Оё аз ҷумлаи эҳтимолот нест барои ин шахси орзукунанда, ки агар ӯ дар он замон зиндагонй мекард, шояд аз ҷумлаи бошандагони дӯзах мебуд?

Оё эҳтимоли онро надорад, ки шояд ҳамроҳи кофирон ӯ низ кофир мешуд?

Ва оё ин беҳтар нест, ки Худовандро сипосгузорӣ кунад барои ин ки ӯро дар як асре зиндагонӣ дод, ки дини ислом дар он вақт қарор ва субот пайдо намудааст, пас онро покиза ва бемашаққат ба даст овардааст?

Ин фикри Миқцод аз рӯи ҳикмат ва дурандешӣ, андешаи олист ва дар ҳама мавқифгириҳояш ва таҷрибаҳояш ва суханонаш ӯ ҳамин гуна як шахси дурандеш ва ҳаким буд.

***

137

Миқдод нисбати ислом муҳаббати беандоза дошт.

Муҳаббати беандоза ва бо зевари донишу ҳикмат пироста аз соҳиби худ як инсони бузурге месозад, ки орзуву ҳаваси ӯ танҳо дар лаззати вуҷуди муҳаббат набуда, балки лаззати онро дар масъулиятҳо ва амал дармеёбад.

Микдод аз ҳамин қабил инсонҳо буд.

Пас муҳаббати Паёмбар (с) дил ва ҳастии ӯро аз масъулияти саломатии Паёмбар (с) ончунон пур сохта буд, ки агар як овозаи нооромиро дар Мадина мешунид, магар ки Миқдод дар як задани чашм дар назди дари хонаи Паёмбар (с) ҳозир мешуд, дар аспаш савор ва шамшери кашида дар даст.

Ва муҳаббаташ ба ислом дили ӯро аз масъулият нисбати ҳимояти ислом ончунон пур намуда буд, ки на танҳо аз макри душманони ислом, балки аз хатои дӯстонаш низ эҳтиёт мекард.

У рӯзе бо як гурӯҳи ҷанговарон ба сӯе равон шуд. Душманон дар он ҷо тавонистанд, ки атрофи мусалмононро муҳосира намоянд. Пас амири сария (гурӯҳи ҷанговароне, ки Паёмбар (с) дар он ҷо набошад) ҳукм баровард, ки ҳеҷ кас аспашро барои чаро сар надиҳад, валекин яке аз ҷанговарон, аз ин фармон он қадар огоҳии хуб надошт, аспашро ба чаро бурд ва ин мухолифи амри амир гардид. Пас аз ҷониби амир ҷазои зиёдтаре аз он микдоре, ки мустаҳиқ буд, гирифт ва шояд умуман лоиқи ҳеҷ уқубате набуд.

Пас Миқдод аз назди он мард гузар кард, ки мегирист ва фарёд мекард. Аз ӯ сабаб пурсид. У аз ҳодисаи рӯйдода ӯро огоҳ сохт.

Микдод дасти ӯро гирифт ва ҳар ду назди амири лашкар омаданд ва Микдод бо амир дар муноқиша шуд, то ин ки хатои ӯро исбот кард ва ба ӯ гуфт:

-Акнун иҷоза бидеҳ, то аз ту қисосашро бигирад.

Ва амир низ таслим шуд, магар ки он ҷанговар ӯро бахшид. Микдод аз лаззати ин саҳна ва аз азамати ин дине, ки ба онҳо ин иззатро дода буд, гӯё сармаст гардид. У замзамакунон ин суханонро зери лаб такрор мекард:

— Ман мемирам дар ҳоле, ки ислом боиззатаст.

Оре, ин буд орзуи Миқдод, ки бимирад дар ҳоле, ки ислом азиз бошад. Зеро ҳамроҳи сабру таҳаммулкунандагон, ӯ сабру таҳаммули зиёд намуд барои ба амал овардани ин орзу ва ӯ лоиқи он гардид, ки Паёмбар (с) барояш бигуяд:

— Худованд маро амр намуд барои дӯст доштани ту ва маро огоҳ намуд, ки ӯ (яъне Худованд) туро дӯст медорад.

Рейтинг
( Пока оценок нет )
Мақола ба шумо писанд омад? Бо дӯстонатон мубодила кунед:
Назари худро баён кунед:

;-) :| :x :twisted: :smile: :shock: :sad: :roll: :razz: :oops: :o :mrgreen: :lol: :idea: :grin: :evil: :cry: :cool: :arrow: :???: :?: :!:

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.