Муъоз ибни Ҷабал

Муъоз ибни Ҷабал

Донотарини онҳо ба амриҳалол ва ҳаром

Ҳангоме ки Паёмбари Худо (с) бо ансор ба байъати Ақабаи дуюм машғул буд, дар миёни ҷамъияти аз 70 нафар иборатбудаи ансор ҷавоне бо чеҳраи нуронӣ, зебо ва дандонҳои мисли барқ рӯшан менишаст. Ӯ бо оромӣ ва хомӯшиаш дидаи назорагарро хира мекард. Чун сухан мегуфт, боз зиёдтар чашми бинандаро дар шигифтӣ меафканд.

Ин ҷавон Муъоз ибни Ҷабал (р) буд.

У ин ҳангом яке аз мардони ансорӣ аст ва рӯзи Аҳэба байъат намудааст, пас аз ҷумлаи аввалин собиқадорони ислом мебошад.

Ва марде, ки мисли ӯ дар имондорӣ ва яқин собиқаи сазов_р дошта бошад, дар ягон маъракае аз ғазоҳо аз Расули Худо (с) дар канор намемонад.

Ва Муъоз низ ҳамчунин кард.

Илова бар ин бартарии чашмраси ӯ, фақеҳ будани ӯст.

Ӯ дар фиқҳ ва илм ба дарэҷае расид, ки ба ин сухани Паёмбар (с) сазовор гардид: Донотарини уммати ман дар амри ҳалол заҳаром, Муъоз ибчи Ҷзбал аст.

Ӯ дар равшании ақл ва дар шуҷоъату фаҳму идрокаш ба Умар ибни Хаттоб (р) хеле монандӣ дошт. Рӯзе, ки Паёмбар (с) ӯро ба сӯи Яман мефиристод, аз ӯ пурсид:

— Ту аз рӯи кадом дастур ҳукм мекунӣ?

Гуфт;

— Ба китоби Худо.

Паёмбар (с) гуфт:

— Агар ҳукмеро дар китоби Худо пайдо карда натавонӣ чӣ?

Муъоз гуфт:

— Аз рӯи суннати Паёмбар (с) ҳукм мекунам.

Паёмбар (с) гуфт:

— Агар дар суннати Паёмбар ин ҳукмро наёбӣ?

Муъоз гуфт:

— Фикри худро барои ёфтани он ҳукм дар кӯшиш меандозам ва ҳаргиз кӯтоҳӣ ва сустӣ намекунам

Пас рӯи Паёмбар (с) аз ғояти сурур дурахшид ва гуфт*

 Шукру сипос мар Худовандеро, ки фиристодаи Паёмбарашро муваффақ ба коре кард, ки Расули Худоро розӣ мегардонад.

Пас муҳаббат ва наздикии Муъоз ба китоби Худо ва суннати Паёмбар (с) ақпашро аз пайравии бинишаш маҳҷуб намесозад. Ва ақлашро аз дарки маъниҳои бузурги пушида, ки мунтазири шахсе ҳастанд, ки онҳоро кашф намояд манъ намекунад.

Ва шояд ин қудрати иҷтиҳоду шуҷоатмандӣ дар истифодаи фаҳмиш ва ақп ду чизе бошанд, ки Муъоз бо ин сарвати илмӣ аз бародаронаш фоиқ омада ва сазовори суханони тавсифии Паёмбар (с): Донотарин мардум дар амри ҳалол ва ҳаром, гардидааст.

Ва ҳамаи ривоятҳои таърихӣ, ӯро ҳамчун соҳиби ақли расо ва яқинкунанда ва забткунанда ва дар тамоми корҳо, ёбандаи роҳи ҳалли онҳо тасвир менамоянд.

Оизуллоҳ ибни Абдуллоҳ ба мо чунин нақп мекунад, ки рӯзе дар аҳди Умар (р) бо ҳамроҳии ҷамъе аз саҳобагон ба масҷиде даромадам. Дар маҷлисе, ки аз 30 нафар зиёдтар буданд, ворид шуда нишастем. Онҳо ҳамаашон аз Паёмбар (с) ҳадис ривоят мекарданд ва дар ҳалқаи онон ҷавоне буд гандумгун, бо чеҳраи ширини дилчасп ва нуронӣ. ӯ ҷавонтарини онҳо буд аз рӯи синну сол. Вақте ки дар ягон ҳадисе чизе барояшон иштибоҳ мешуд, ба ӯ муроҷиат менамуданд. Ӯ фатво медод. Вале то намепурсидандаш сухан намегуфт. Чун маҷлис ба поён расид, ба ӯ наздик шуда пурсидам:

— Ту кӣ ҳастӣ, эй бандаи Худо?

Гуфт:

— Ман Муъоз ибни Ҷабал ҳастам.

Абумуслим ал-Хавлонй мегӯяд:

— Ман ба масҷиди Ҳамс даромадам ва дидам, ки ҷамоъаи мӯйсафедон як ҷавонеро гирд кардаанд, ки дандонҳои пешаш хеле дурахшон буданд (киноя аз сертабассум будани ӯст. — мутарҷим) ва ӯ хомӯш менишаст. Сухан намегуфт. Вақте дар чизе шакку шубҳа менамуданд, ба ӯ рӯй меоварданд ва аз ӯ мепурсиданд. Як ҳамнишинамро пурсидам, ки ӯ кист?

Гуфт:

— Муъоз ибни Ҷабал.

Дар дили ман муҳаббате нисбат ба ӯ пайдо шуд.

Шаҳру ибни Ҳа зшаб чунин мегӯяд:

— Саҳобагон вақте сӯҳбати илмӣ менамуданд ва Муъоз дар миёнашон мебуд, ба сӯи ӯ тарсида нигоҳ мекарданд.

Ва ба таҳқиқ амири мӯъминон Умар (р) аз Муъоз бисёр машварат мепурсид.

Ва дар баъзе лаҳзаҳо, ки аз фикру илми Муъоз истифода намуда буд чунин мегуфт:

— Агар Муъоз намебуд, Умар ҳалок мегардид.

Аз ин гуфтаҳо чунин бармеояд, ки Муъоз дорои ақле буд сайқал ёфта ва дорои мантиқи таъсиркунанда ва қаноъатбахшанда.

Дар куҷое, ки ӯро аз миёни ривоятҳои таърихӣ наҷӯем, ӯро мӯҳрае мебинем миёни гарданбанд.

Ӯ доимо нишастааст ва мардум дар атрофаш ҳастанд.

Ва ӯ хомӯш аст ва сухан намегӯяд, магар вақте ки ҳамнишинон ба сухан гуфтанаш шавқманд гарданд.

Ва агар ҳамнишинон дар коре ихтилоф менамуданд, ӯро ба Муъоз ҳавола менамуданд, то дар он равшанӣ андозад ва он мушкилро ҳал намояд.

Вақте сухан мегуфт, чунон буд, ки яке аз муосиронаш васфаш намудааст:

— Гӯё аз даҳонаш нур ва дурр берун мешуд.

Ӯ ба ин мартаба дар илм ва дар бузургдошт аз тарафи мусалмонон дар лаҳзаҳои ҳаёти Паёмбар (с) ва баъди фавташ расид, дар он лаҳзае, ки ӯ ҷавон буд.

Муъоз дар айёми хилофати Умар (р) вафот намуд. Дар ин айём умри ӯ аз 33 сол нагузашта буд.

***

Муъоз даст, нафс ва ахлоқи ҷавонмардона ва босаховате дошт.

Ҳар чизеро, ки аз ӯ дархост мекарданд, бо камоли мамнуният ба суолкунанда медод.

Дар ҳақиқат ҷавонмардӣ ва саховаташ тамоми молашро бурда буд.

Ва Расули Худо (с) аз олам рафт, дар ҳоле ки Муъоз дар Яман буд. Дар он ҷое, ки Паёмбар (с) ӯро ба он ҷо фиристода буд, то мусалмононро илм биомӯзонад ва дар динашон онҳоро фақеҳ гардонад.

Дар аҳди хилофати Абубакр (р) Муъоз аз Яман баргашт ва Умар (р) огоҳ гашта буд, ки Муъоз сарватманд гардидааст, ӯ халифа Абубакрро ба он тарғиб намуд, ки як миқдори сарвату моли ӯро ба байтулмол бигирад.

Ва Умар (р) мунтазир наистод, балки бархост ва зуд ба сӯи ҳавлии Муъоз равона гардид ва ба ӯ сухани худро гуфт.

Ва Муъоз дасти пок ва виҷдони пок дошт ва агар сарватманд гардида бошад, пас ба дурустӣ, ки ӯ гуноҳе накардааст ва муртакиби шубҳае нагардидааст. Аз ин ҷиҳат пешниҳоди Умарро рад намуд ва ба ӯ дар бораи ин фикраш муноқиша кард.

Ва Умар (р) ӯро гузошт ва пас гашт.

Рӯзи дигар Муъоз ба суръат сӯи хонаи Умар (р) омад. Ва ҳамин ки чашмаш ба Умар (р) афтод дарҳол ӯро ба оғӯш кашид ва оби дидагонаш аз суханонаш пештар берун омаданд ва гуфт:

Воқеъан, имшаб дар хоб дидам, ки дар гирдобе афтидаам еа дар бораи нафси худ аз еарқ шудан тарсонам, тс ин ки ту омадӣ ва маро наҷот додӣ, эй Умар!

Ва ҳарду ба сӯи хонаи Абубакр (р) рафтанд ва Муъоз аз халифа тақозои онро намуд, ки якҳиссаи моли маро бигир. Аммо Абубакр (р) гуфт:

— Ман аз ту чизе намегирам.

Пас Умар (р) сӯи Муъоз нигариста гуфт:

— Акнун қалол ва гуворо шуд.

Ҳаргиз Абубакри парҳезгор барои Муъоз як дирҳами воҳидро намегузошт, агар медонист, ки ӯ онро ба ғайри Ҳақ ба даст овардааст ва Умар (р) низ дар болои Муъоз тӯҳмат ё гумонеро бор накарда буд.

Он аср, як асре буд намунавӣ ва дар ботини худ қавмеро дошт, ки ҳамеша ба сӯи қуллаҳои камолоти дастрас оабқат мегузиданд. Қисме аз онҳо паррандаи парвозӣ буданд ва гурӯҳе дагида мерафтанд ва гурӯҳе бо қадамҳои миёна.. вале ҳамаашон дар як қофилаи хайр равона буданд.

***

Ва Муъоз ба сӯи Шом ҳиҷрат намуд, то дар миёни аҳли муқимӣ ва мардуми аз дигар ҷойҳо оянда, ҳамчун муаллим ва фақих зиндагонӣ намояд. Чун амири он вақгаи Шом Абуубайда. ки дӯсти самимии Муъоз буд, вафот кард, амирм мӯъминон Муъозро қоимақоми амири Шом таъйин намуд ва аз даврони амириаш чанд моҳе нагузашт, ки ӯ Парвардигорашро ҳамчун итоаткор ва руҷӯъкунанда мулоқот намуд.

Ва Умар (р) чунин мегуфт:

— Агар ман Муъозро халифа таъин мекардам ва Парвардигорам мепурсид, ки барои чӣ ӯро халифа таъин намудӣ? Ҳар оина мегуфтам:

Аз Паёмбари ту шунидаам, ки мегуфт: Ба таҳқиқ аҳли дониш ва олимон вақте дар ҳузури Парвардигори тавоно ва бузург ҳозир мегарданд, Муъоз дар пеши рӯи онҳост.

Ва он хилофатеро, ки Умар (р) ин ҷо дар назар дошт, хилофат бар болои ҷамиъи мусалмонон буд, на бар сарзамине ва вилояте.

Чун аз Умар (р) пеш аз мавташ пурсида шуд:

— Чӣ мебуд агар ба сӯи мо аҳде мекардӣ (яъне, халифае ба нафси худат ихтиёр мекардӣ ва мо ба ӯ байъат мекардем).

У чунин ҷавоб дод:

— Агар Муъоз ибни Ҷабал зинда мебуд ва ӯро ҳоким таъин мекардам (яъне халифа), баъд аз он ба пеши Парвадигори тавоно ва бузурги хеш мерафтам, агар аз ман мепурсид: киро бар уммати Муҳаммад (с) таъин намуди, ҳар оина мегуфтам: ман Муъоз ибни Ҷабалро бар болои онхр ҳоким таъин намудам, баъди он ки аз Паёмбар (с) шунидам, ки мегуфт: Муъоз ибни Ҷабал имоми уламо аст рӯзи қиёмат.

***

Рӯзе Паёмбар (с) гуфт:

Эй Муъоз, қасам ба Худо, ки ман туро дӯст медорам, пас фаромӯш накун. Дар ақиби ҳар намоз гуфтани ин дуъоро: Бор Худоё, барои ёди худат ва шукрихудат ва ба хубӣ ибодат намуданат, маро ёрӣ намо.

Оре, Худовандо маро ёрӣ деҳ. Расули Худо (с) ҳақиқатан дар дуъову тазарруъ ҷаҳдкунанда буд ва ба мардум таъкид менамуд, ки ғайр аз Худованди бузург касеро қудрат ва тавоноӣ бар расонидани ёрӣ нест ва такя ҷуз ба зоти У раво нест, ки олимартаба ва бузург аст.

Пас ба таҳқиқ Муъоз дарсро хело хуб фаҳмида буд ва онро дар ҳаёти амалӣ татбиқ менамуд.

Як пагоҳӣ Паёмбар (с) ӯро мулоқӣ шуда пурсид:

— Чӣ гуна шабро саҳар намудӣ?

Муъоз гуфт:

— Шабро ҳамчун мӯъмини ҳақиқӣ ба субҳ расонидам, эй Расули Худо (с).

Паёмбар (с) гуфт:

— Барои ҳар ҳақ ҳақиқатест. пас ҳақиқати имони ту чист?

Муъоз гуфт:

— Ман ҳеҷ шаберо саҳар намекунам ҳаргиз, магар ки гумон мекунам, ки онро ба бегоҳ намерасонам.

Ва ҳеҷ рӯзеро ба бегоҳ намерасонам, магар гумон мекунам, ки то сабоҳ нахоҳам зист.

Ва ҳеҷ қадамеро намегузорам, магар гумоч мекунам, ки баъди ин қадам, қадами дигаре нахоҳам гузошт.

Ва ба ман чунин тасаввур мегардад, ки ба сӯи тамоми умматҳо, ки ба зону афтодаанд ва барои хондани номаи аъмолашон даъват карда мешаванд, нигоҳ мекунам.

Ва гӯё ман мебинам аҳли ҷаннатро, ки дар ҷаннат ба зиндагии хуш машгуланд.

Ва аҳли оташи дӯзах дар оташ азоб карда мешаванд.

Пас Паёмбар (с) гуфт:

-Дуруст фаҳмидаӣ, пас инро ба худлозим бигир.

Оре, ба таҳқиқ Муъоз тамоми вуҷуд ва тамоми тақдирашро барои Худо таслим намуда буд ва ӯ ғайри таълимоти Худо чизи дигареро намедид.

Ибни Масъуд ӯро чунин васф карда буд:

— Муъоз як шахси сарсупурда барои Худо буд ки аз роҳи рост ба ҳеҷ сӯ майл надошт ва мо Муъозро ба Иброҳим ташбеҳ мекардем

***

Муъоз ҳамеша дар ҷаҳду кӯшиши даъват барои талаби илм ва ба сӯи ёди Худо буд.

Мардумро ба ҷустуҷӯи илми дурусти нофеъ даъват мекард ва мегуфт:

— Аз лагжиши ҳакимон ҳазар намоед. Ва ҳақро ба воситаи Хақ бишиносед, ба дурустӣ, ки барои ҳақиқат як нурест.

Назари ӯдар бораи ибодат, муътадилӣ ва мие равӣ буд (яъне бе ифроту тафрит).

Рӯзе яке аз мусалмонон аз вай пурсид:

— Маро биёмӯз.

Муъоз пурсид:

— Ту маро итоъат мекунӣ, агар туро биёмӯзам?

Он мард гуфт:

— Ман барои итоати ту бисёр ҳарис ҳастам.

Муъоз гуфт:

— Рӯза бигир ва ифтор кун ва намоз бигузор ва хоб ҳам бикун. Ба касбу кор машгул бош, вале гуноҳ накун. Ва аз дунё берун марав, магар мусалмон. Ва парҳез кун аз дуъои бади мазлум.

Ӯ илмро маърифат ва амал медонист, пас мегуфт:

— Шумо ҳар чизеро, ки омӯхтан мехоҳед, биёмӯзед. Вале ҳаргиз Худованд ба илми шумо нафъе намедиҳад, то амал накунед.

Ва ӯ имон ба Худо ва зикри Худоро дар ду амал хулоса мекард. Аввалан ҳузури доимии қалб аз барои дарки азамати Худо, сониян тафтишу муроқибати ҳамешагӣ аз барои сулуки нафс.

Асвад ибни Ҳилсл мегӯяд:

— Мо ҳамроҳи Муъоз мерафтем, Муъоз гуфт:

— Биё биншинем, то чанд лаҳзае имон биёварем, (яъне, бо ёди Худо машгул гардем).

Ва шояд сабаби бисёр хомӯш буданаш вобаста ба амали тааммул ва тафаккураш буд, ки ҳаргиз дар дохили нафсаш ором намеёфт. Ин баёнгари он маънист, ки ба Паёмбар (с) гуфта буд, ки: Ҳаргиз қадаме намегузорад магар гумон мекунад. ки баъди он қадами дигар шояд наандозад ин рӯҳия аз он ҷиҳат буд, ӯ ки дар ёди Худо ва дар муҳосабаи нафсаш хело мустағрақбуд.

***

Аҷали Муъоз наздик расид ва барои мулоқоти Худо даъват карда шуд.

Дар лаҳзаҳои бехудии омадани мавт, беихтиёр ҳақиқати ҳар фарди зинда аён мешавад ва бар забонаш ҷорӣ мегардад — агар сухан гуфта тавонад, суханҳоеро мегӯяд, ки кору зиндагонии он шахсро хулоса менамоянд.

Дар ин лаҳзаҳо Муъоз чанд калимаи бузурге гуфт, ки аз рӯи аъмоли ин марди мӯъмини бузург парда мебардорад.

Нигоҳи ӯ ба сӯи осмон дӯхта шуда буд ва дар ҳоле, ки ба Парвадигори худ муноҷот мекард, чунин мегуфт:

— Бор Худоё. ман то ин лаҳза аз ту хавф доштам, лекин имрӯз аз ту умедворам. Бор Худоё, ту огоҳӣ, ки ман дунёро барои равона кардани наҳрҳо ва шинондани дарахтҳо, дӯст намедорам. Вале барои ташнагии нимирӯзӣ (яъне рӯза гирифтан — мутарҷим) ва соъатҳо ранҷ кашидан (яъне ибодат) ва барои зиёд кардани илм ва имону тоъат дӯст медорам.

Ва мисли касе, ки бо марг салом мекунад, дасти росташро ба пеш дароз кард ва дар ҳолати сакарот ва беҳӯшии охирин лаҳзааш мегуфт:

— Хуш омадй марг. Маҳбубе дар лаҳзаи тангдастӣ омад.

Ва Муъоз ба сӯи Худо сафар кард.

***

Рейтинг
( Пока оценок нет )
Мақола ба шумо писанд омад? Бо дӯстонатон мубодила кунед:
Назари худро баён кунед:

;-) :| :x :twisted: :smile: :shock: :sad: :roll: :razz: :oops: :o :mrgreen: :lol: :idea: :grin: :evil: :cry: :cool: :arrow: :???: :?: :!:

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.