ДОСТОНИ СӮХТОР ДАР ШАҲР ДАР ЗАМОНИ УМАР

Дар замони хилофати Умар ибни Хаттоб (р) дар шаҳре сӯхтор шуд. Ниме аз хонаҳою бозорҳо сӯхт. Мардум бо талошу кӯшиши фаровон ба хомӯш кардани оташ даст заданд, вале комёб нашуданд. Ночор гурӯҳе назди халифа шитофтанд, ки оташ хомӯш намешавад ва кӯшиши мардум беасар аст.

Гуфт: «Он оташ зи оёти Худост,Шуълае аз оташи бухли шумост.Обу сирка чист? Нон қисмат кунед,Бухл бигзоред, агар оли манед.

Халифа Умари Форуқ (р) мардумро огоҳӣ дод, ки он моли талафшуда қисмате аст, ки бояд ба нодорону гирифторон ва бенавоён расида бошад ва чун бухлу бахилии молдорону дорандагон ва тамаъу ози онон монеи бахшишу кумак ба ниёзмандон шуда, Худованд бар онҳо хашм гирифтааст. Ҳар кӣ дорад, бояд ба онҳое, ки надоранд, кумаку ёрӣ расонад.

Аз китоби «Достонҳои «Маснавии маънавӣ»

Рейтинг
( Пока оценок нет )
Мақола ба шумо писанд омад? Бо дӯстонатон мубодила кунед:
Назари худро баён кунед:

;-) :| :x :twisted: :smile: :shock: :sad: :roll: :razz: :oops: :o :mrgreen: :lol: :idea: :grin: :evil: :cry: :cool: :arrow: :???: :?: :!:

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.