Рўзгор ва мероси адабӣи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ

Устоди бузурги бебадил ҳаким Абулқосим Мансур ибни Ҳасан Фирдавсии Тўсӣ, шоири бузурги ҳамосасарои Эрон ва яке аз шоирони машҳури олам ва ситораи дуРахшони осмони адабӣ форсӣ ва аз мафоҳири номбардори миллати Эрон аст ва ба сабаби ҳамин азамати макраму мартабат саргузашти ў монанди дигар бузургони дунёи қадим бо афсонаҳо ва ривоёти мухталиф даромехтааст. Мавлиди ў қарияи Бож аз қурои ноҳияи Тобирон (ё Табарони) Тўс буда, яъне ҳамон ҷо, ки имрўз оромгоҳи ўст ва ў дар он деҳ, дар ҳудуди соли 329-ЗЗОҳ. (941-942м.) дар хонаводае аз табақаҳои деҳқонон чашм ба ҷаҳони ҳастӣ кушуд.

 Чунонки медонем, деҳқонон як табақа аз моликон буданд, ки дар давраи Сосониён (ва ҷаҳор-панҷ. қарни аввал аз аҳди исломӣ) дар Эрон зиндагӣ мекарда ва яке аз табақоти иҷтимоии фосилӣ миёни табақаи кишоварзон ва ашрофи дараҷаи аввалро ташкил медода ва соҳиби як навъе аз «ашрофияти арзӣ» будаанд. Зиндагонии ин даста дар кохҳое, ки дар арозии худ доштанд, мегузашт ва ба василаи рустоиён аз он арозӣ баҳрабардорӣ менамуда ва дар ҷамъоварии молиёт бо давлати Сосонӣ ва сипас дар аҳди ислом бо давлати исломӣ ҳамкорӣ доштаанд ва то ҳудуди ҳамлаи муѓул ба тадриҷ бар асари фитнаҳо ва ошўбҳову тазйиқоти гуногун аз байн рафтанд. Инон дар ҳифзи нажоду насабу таърих ва риояти одобу русуми миллӣ таассуб ва сахтгирии хос мекарданд ва ба хамин сабаб аст, ки ҳар вақт дар давраи исломӣ касеро «деҳқоннажод» бидонанд, мақсуд сиҳати нажоди эронии ўст ва низ ба ҳамин далел аст, ки дар мутуни форсии пеш аз муѓул «деҳқон» ба маънии эронӣ ва муқобили «турк»-у «тозӣ» низ истеъмол мешуд мушаххас.

Фирдавсӣ аз чунин табақаи иҷтимоии Эрон ва ба ҳамин рўй аз таърихи Эрон огоҳ буд. Ба Эрон ишқ меварзид, ба зикри ифтихороти миллӣ алоқа ва аз саргузашти ниёгони хеш огоҳӣ дошт. Вай аз хонадоне соҳибмакнат ва зиёъу иқор буд ва ба қавли Низомии Арузӣ соҳиби «Чаҳор мақола» дар деҳи Бож шавкате тамом дошт ва ба мадхали он зиёъ аз амсоли худ бениёз буда, вале ин бениёзияш пойдор намонд, зеро ў ҳамаи судҳои моддии худро ба каноре ниҳод ва вақте таърихи миҳани худ ва ифтихороти гузаштаи онро дар хатари нестӣ ва фаромушӣ ёфт, ҳам худро ба эҳёи таърихи гузашта масруф ва аз балоѓату фасоҳати муъҷӣзаосои худ дар ин роҳ, ёри гирифт, аз тиҳидастӣ наяндешид, сӣ сол ранҷ бурда ва ба ҳеҷ, рўй, ҳатто дар марги писараш аз идомаи кор бознаистод, то «Шоҳнома»-ро бо ҳамаи равнақу ҷило ва шукўҳу ҷалолаш ҷовидона барои Эроне, ки мехост ҷовидонӣ бошад, боқӣ ниҳод, «ки раҳмат бар он турбати пок бод».

Фирдавсӣ зоҳиран, дар овони қатли Дақиқӣ (ҳудуди 367-369ҳ. -978-980м.) ба назми достонҳои мунфариде аз миёни достонҳои эронӣ саргарм буд, мисли достони «Бежан ва гурозон», ки баъдҳо онҳоро дар «Шоҳнома»-и худ гунҷонид ва гўё ин корро ҳатто дар айни назми «Шоҳнома»-и Абўмансури» ё баъд аз он низ идома ме-дод ва достонҳои мунфариди дигареро монанди ахбори Рустам, дос­тони Рустаму Сўҳроб, достони Аквондев, достонҳои маъхуз аз сар­гузашти Баҳроми Гўр ҷудогона ба назм дармеовард. Аммо таърихи назми ин достонҳо мушаххас нест ва танҳо баъзе аз онҳо дорои таърихи нисбатан равшан ва ошкорест. Масалан, достони Сиёвуш дар ҳудуди соли 387ҳ. (997м.) суруда шуда ва назми достони нахчир кардани Рустам бо паҳлавонон дар шикоргоҳи Афросиёб дар 389ҳ. (999м.) шурўъ шуд. 

Оѓози назми «Шоҳнома». Аммо назми «Шоҳнома», яъне «Шоҳнома»-е, ки дар соли 346ҳ. (958м.) ба амри Абўмансур Муҳаммад ибни Абдурраззоқ, сипаҳсолори Хуросон фароҳам омада буд, дунболаи иқдоми Дақиқии шоир аст дар ҳамин маврид. Пеш аз ин гуфтем, ки Дақиқӣ баъд аз соли 386 (976 м.), ки соли ҷулуси Нўҳ ибни Мансури Сомонӣ буд, ба амри ў шурўъ ба назми «Шоҳнома»-и Абўмансурӣ» кард, вале ҳанўз беш аз ҳазор байти онро ба назм дарнаёварда буд, ки ба дасти бандае кушта шуд. 

Баъд аз шўҳрати кори Дақиқӣ дар даҳаи дувум ва нимаи дувуми қарни ҷаҳорум ва расидани овозаи он ва нусхае аз назми ў ба Фир­давсӣ, устоди Тўс бар он шуд, ки кори шоири ҷавони дарбори Сомониро ба поён барад. Вале маъхазеро, ки Дақиқӣ дар даст дошт, молик набуд ва мебоист чанде дар ҷустуҷўи он бигзаронад. Иттифоқро яке аз дўстони ў дар ин кор ба вай ёварӣ кард ва нусхае аз «Шоҳнома»-и мансури Абўмансуриро бад-ў дод ва Фирдавсў аз он ҳангом ба назми «Шоҳнома» даст ёзид, бад-ин қасд, ки китоби мудавван ва мураттабе аз достонҳо ва таърихи куҳан тартиб диҳад. Таърихи ин воқеа, яъне шурўъ ба назми «Шоҳнома» сареҳан маълум нест, вале бо истифода аз қароини мутааддиде, ки аз «Шоҳнома» мустафод мегардад ва интибоқи онҳо бар вақоеи таърихӣ метавон оѓози назми «Шоҳнома»-и Абўмансурӣ»-ро ба василаи устоди Тўс соли 370-371Ҳ,. (981-982м.) маълум кард. 

Ин кори бузург хилофи он чӣ тазкиранависон ва афсонасозон ҷаъл кардаанд, ба амри ҳеҷ як салотин, хоҳ Сомонӣ ва хоҳ Ѓазнавӣ анҷом нагирифт, балки устоди Тўс ба сарофати табъ бад-ин муҷоҳадати азим даст зад ва дар оѓози кор фақат аз ёварии дўстони худ ва яке аз муқтадирини эронинажоди маҳаллӣ дар Тўс баҳраманд шуд, ки намедонем, ки буд, вале чунонки Фирдавсӣ худ мегўяд, ў дер намонд ва баъд аз ў марде дигар ҳам аз мутамаккинон ва бузургони маҳаллии Тўс ба номи Ҳуя ё Ҳусайн ибни Қутайба шоирро зери боли риоят гирифт ва дар умури моддӣ, ҳатто пардохти хироҷи солона ёвари намуд ва марде дигар ба номи Алии Даиламӣ ҳам дар ингуна ёвариҳо ширкат дошт. Аммо инон ҳама аз ёварону дўстон ва бузургони маҳаллии Тўс ё ноҳияи Тобирон буданд ва ҳеҷ як подшоҳу султони номоваре набуд. 

Тазкиранависон дар шарҳи ҳоли Фирдавсӣ навиштаанд, ки ў ба ташвиқи Султон Маҳмуд ба назми «Шоҳнома» пардохт ва иллати ин иштибоҳ он аст, ки номи Маҳмуд дар нусахи мавҷуди «Шоҳнома», ки дувумин нусхаи «Шоҳнома»-и Фирдавсист, тавассути худи шоир гунҷонида шуда, чунонки ба мавқеъ хоҳем гуфт ва нусхаи аввали «Шоҳнома», ки мунҳасир буд ба манзум соҳтани матни «Шоҳнома»-и Абўмансурӣ», мавқее оѓоз шуда буд, ки ҳануз 19 сол аз умри давлати Сомони боқӣ буд ва агар Фирдавсӣ тақдими манзу­маи худро ба подшоҳе лозим мешумурд, ногузир ба даргоҳи Оли Сомон, ки харидори ин гуна осор буданд, рўй менамуд ва ба ҳар ҳол наметавонист дар он таърих ба даргоҳи султоне, ки ҳанўз рўи кор наёмада буд, биштобад. Маҳмуди туркзоди Ѓазнавӣ на танҳо дар эҷоди «Шоҳнома»-и устоди Тўс таъсире надошт, балки танҳо кори ў қасди катли гўяндаи он ба гуноҳи дўст доштани нажоди эронӣ ва эътиқод ба ташайюъ будаасту бас. 

Итмоми аввалин нусхаи «Шоҳнома»: гуфтем, ки Фирдавсӣ муддате пеш аз ба даст овардани нусхаи «Шоҳнома»-и мансури Абўмансур Муҳаммад ибни Абдурраззоки Тўсӣ дар даврони ҷавонӣ ва пеш аз чиҳилсолагӣ саргарми назми баъзе аз достонҳои каҳрамонӣ буд то бинобар шарҳе, ки гузашт, дар ҳудуди соли 370-371 ҳиҷрӣ нусхаи «Шоҳнома»-и мансури Абумансурро ба ёрии яке аз дўстони Тўсии худ ба даст овард ва ба назми он ҳиммат гумошт ва пас аз сездаҳ ё ҷаҳордаҳ сол, дар соли 384, яъне даҳ сол пеш аз ошноӣ бо дарбори Маҳмуди Ѓазнавӣ онро ба поён расонид.

Рейтинг
( Пока оценок нет )
Мақола ба шумо писанд омад? Бо дӯстонатон мубодила кунед:
Назари худро баён кунед:

;-) :| :x :twisted: :smile: :shock: :sad: :roll: :razz: :oops: :o :mrgreen: :lol: :idea: :grin: :evil: :cry: :cool: :arrow: :???: :?: :!:

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.