КӮДАКЕ АҲЛИ МАҶЛИСРО БА ҲАЙРАТ ОВАРД!!!

Дар яке аз шаҳрҳои Бағдод, як нафари донишманди дарбори шоҳ мардумро ҷамъ кард маҷлис орост ва се савол пешниҳод кард, ки аз байни онқадар калонсолон ягон нафар ба саволҳо ҷавоби мушаххас дода натавонист. Дар байн як тифли хӯрдсол даст боло кард ва гуфт ман ба ин саволҳои шумо ҷавоб мегӯям!!!



Саволи аввал чунин буд: Худованд бештар ба куҷо назар мекунад? 

Ҷавоб: Оё агар шамъро дар гиронем бештар ба қуҷо равшанӣ медиҳад?

Намоянда гуфт ба ҳамаҷо равшанӣ медиҳад…

Пас кӯдак гуфт, Худованд ба ҳамаҷо як хел менигарад.

Саволи дуюм: Пеш аз Худованд чӣ буд?

Ҷавоби кӯдак ба намоянда:

— Шумо гуфтед пеш аз Худованд чӣ буд? Шумо аз 10 то 1 ҳисоб кунед… Намоянда ҳисоб кард то 1 омад дигар идома надод…

Кӯдак гуфт, пеш аз як чист?

Намоянда гуфт ҳеҷ чиз…

Кудак гуфт: Пеш аз як ҳеҷ чиз набошад, оё пеш аз Худованд чизе буда метавонад…

Саволи сеюмини намоянда ба кӯдак:

 -Айни ҳол Худованд ба чӣ кор машғул аст?

Ҷавоби кӯдак ба намоянда: — Пеш аз оне, ки ба саволи сеюм ҷавоб диҳам, биёед ҷойҳои худро иваз кунем… Яъен шумо аз минбар фароед ман ба минбар баромада ба саволи сеюм ҷавоб гардонам то ба ҳама фаҳмо шавад..

.Намоянда розӣ шуда, ҷойҳои худро иваз карданд…

Кӯдак аз минбар истода суханашро идома дод…

Ҷавоби саволи сеюм!Ба намоянда гуфт: — Шумо гуфтед, ки айни ҳол Худованд ба чӣ кор машғул аст?

Худованд айни ҳол бандаи нодоне, ки ба Ислом масхара мекард, ӯро ба поён фаровард ва он бандае, ки ҳақро мегуфт ба боло баровард,зеро, ки ҳақ ҳамеша ҷои худро дорад…

Рейтинг
( Пока оценок нет )
Мақола ба шумо писанд омад? Бо дӯстонатон мубодила кунед:
Назари худро баён кунед:

;-) :| :x :twisted: :smile: :shock: :sad: :roll: :razz: :oops: :o :mrgreen: :lol: :idea: :grin: :evil: :cry: :cool: :arrow: :???: :?: :!:

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.