ФАЗОИЛИ АЪМОЛ

ДАР БАЁНИ ФАЗИЛАТИ НАМОЗ

Устувории бунёди Ислом бар панҷ чиз1. Ъан ибни Ъумара қола қола расулуллоҳи: Буния-л-ислому ъало хамсин: Шаҳодати ан Ло Илоҳа илаллоҳу ва анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳу, ва иқоми-с-салоти, ва ийтоъи-з-закоти ва-л-ҳаҷҷи, ва савми рамазона.

 – حَدَّثَنَا عُبَيْدُ اللَّهِ بْنُ مُوسَى قَالَ:

 أَخْبَرَنَا حَنْظَلَةُ بْنُ أَبِى سُفْيَانَ عَنْ عِكْرِمَةَ بْنِ خَالِدٍ عَنِ ابْنِ عُمَرَ — رضى الله عنهما — قَالَ:

 قَالَ رَسُولُ اللَّهِ — صلى الله عليه وسلم:

 « بُنِىَ الإِسْلاَمُ عَلَى خَمْسٍ شَهَادَةِ أَنْ لاَ إِلَهَ إِلاَّ اللَّهُ وَأَنَّ مُحَمَّدًا رَسُولُ اللَّهِ ، وَإِقَامِ الصَّلاَةِ ، وَإِيتَاءِ الزَّكَاةِ ، وَالْحَجِّ ، وَصَوْمِ رَمَضَانَ » .

طرفه 4515 — تحفة 7344

رواه البخاري ‏(‏8‏)‏ ، ومسلم ‏(‏16‏)‏ ، والترمذي ‏(‏2609‏)‏ ، والنسائي 8/107‏.

Тарҷима: Ҳазрати Абдулло бинни Умар (р) аз Расули Акрам(с) нақл мекунад, ки фармуданд: Бунёди Ислом бар панҷ чиз устувор аст: Нахуст: Шаҳодат ба «Ло илоҳа илаллоҳ Муҳаммада-р- Расулуллоҳ» (Яъне, ба ваҳдонияти Аллоҳи таъоло) ва рисолату бандагии Расули Акрам эътироф кардан. Дуввум, намоз хондан. Саввум, Закот додан. Чаҳорум, Ҳаҷ кардан. Панҷум, Рўзаи моҳи мубораки Рамазон.

ТАВЗЕҲ: Ин панҷ чиз аркони асосиву усули муҳими имон ҳастанд. Паёмбари акрам(с) дар ин ҳадис исломро ба хаймайе ташбеҳ кардаанд, ки бар панҷ сутун устувор аст. Калимайи шаҳодат ба манзалайи амуд ва чўби миёнист ва чаҳор рукни дигар ба манзалайи чаҳор сутун дар чаҳор тараф ҳастанду чунончи сутуни миёнӣ набошад, хайма аслан насб намешавад. аммо агар ин сутун бошаду яке аз чаҳор сутуни дигар набошад, хайма насб мешавад, вале аз он тараф ноқису бар замин афтода хоҳад буд. Баъд аз ин фармудайи он ҳазрат(с) бияндешему тадаббур кунем, ки хаймайи исломро то чи ҳадде устувор нигаҳ доштаву кадом рукни исломро ба таври комил қоим кардаем?

Ин панҷ рукни Ислом бениҳоят муҳим ҳастанд, то ҳадде, ки асосу бунёди ислом бар онҳо ниҳода шудаву баройи як мусалмон аз ҳайси мусалмон будан пойбандиву эҳтимом ба инҳо бениҳоят заруриву лозимист. Албатта, муҳимтарин чиз баъд аз имон намоз аст. Ҳазрати Абдуллоҳ бинни Масъуд(р) мегўяд: Аз Расули Акрам(с) пурсидам:Маҳбубтарин амал назди Аллоҳ таъоло кадом аст? Фармуданд: Намоз. Арз кардам: Пас аз он кадом амал? Фармуданд: Ҳусну сулуку рафтори хуб бо падару модар. Арз кардам: Пас аз он кадом амал?Фармуданд: Ҷиҳод.

Мулло Алии Қорӣ мефармояд: Ин ҳадис далел бар ин гуфтайи уламост, ки мегўянд: «Аввалин фариза баъд аз имон намоз аст.»Таъйиди ин гуфтор аз ин ҳадиси саҳҳеҳ мешавад, ки фармуданд: «Ас-салот хайру мавзуъ» ( яъне, беҳтарин амале, ки Худованд баройи бандагон муқаррар карда аст, намоз аст.) дар аҳодиси дигар низ ин мавзўъ ба таври возеҳ зикр шудаву дар аҳодиси саҳҳеҳ ҳам манқул аст, ки: «Беҳтарин амал аз аъмоли шумо намоз аст» чунон, ки дар «Ҷомеъи сағир» аз панҷ нафар аз саҳоба, яъне, ҳазрати Савбон, Ибни Амру, Салама, Абуимома ва Ибода (р) ин ҳадис нақл гардида. Аз Ибни Масъуду Анас(р) нақл шуда, ки: «Беҳтарин амал адои намоз дар вақти он аст.»Аз Ибни умар Ва Умми фурўҳ нақл шуда, ки: «Беҳтарин амал хондани намоз дар аввали вақт аст.» Мақсуди тамоми аҳодис якест.

МАҲВИ ГУНОҲОН БО НАМОЗ

2. Ъан Абизар анна набиййа(с) хараҷа фи-ш-шитоъи ва-л-варақу ятаҳофату фаахаза биғусни-м-мин шаҷаратин қола фаҷаъала золика-л-варақу ятаҳофату фақола: Ё Абозар! Қулту: Лаббайка ё Расулаллоҳ! Қола: Инна-л-ъабда-л-мусилима лаюсалли-с-салота юрийду биҳо ваҳа-л-лоҳи фатаҳофату ъанҳу зунубуҳо камо таҳофату ҳаза-л-варақу ъан ҳазиҳи-ш-шаҷарати.

عن أبي ذر أن النبي صلى الله عليه و سلم : 

خرج زمن الشتاء والورق يتهافت فأخذ بغصنين من شجرة قال فجعل ذلك الورق يتهافت قال فقال :

 » يا أبا ذر » قلت لبيك يا رسول الله قال : » إن العبد المسلم ليصل الصلاة يريد بها وجه الله فتهافت عنه ذنوبه كما يتهافت هذا الورق عن هذه الشجرة «

 .رواه أحمد

Тарҷима: «Ҳазрати Абузар(р) мегўяд: Як бор Расули акрам(с) дар мавсими сармо берун рафтанд ва баргҳойи дарахтон мерехтанд. Онгоҳ шохайе аз як дарахтро гирифта такон доданд. Баргҳойи он шуруъ ба рехтан карданд. Ба сўйи ман мутаваҷҷеҳ шуданду фармуданд: Абузар! Арз кардам: Бале, ай Расули Худо! Фармуданд: Бандайи мусалмон вақте бо ихлос баройи Аллоҳ намоз мехонад гуноҳони вай мерезанд, ҳамчунон, ки баргҳойи ин дарахт мерезанд.»

ТАВЗЕҲ: Дар фасли сармо, баргҳойи дарахтон чунон мерезанд, ки ҳатто як барг бар баъзе аз дарахтон ҳам боқӣ намемонад. Расули акрам(с) фармуданд: Натиҷаву асари намоз бо ихлос ҳам ҳамин аст, ки тамоми гуноҳони одамӣ маъоф мешаванд, як гуноҳ ҳам боқӣ намемонад. Албатта ин матлаб ҳам қобили таваҷҷуҳ аст, ки тибқи таҳқиқу баррасии уламо, бар асоси оёти Қуръон ва аҳодиси набавӣ бар асари намоз ва дигар ибодот фақат гуноҳони сағира авф мешаванд ва гуноҳони кабира бидуни тавба авф намешаванд. Ба ҳамин ҷиҳат шоиста аст, ки намоз ҳамроҳ бо тавбаву истиғфор бошад. Аммо Худованд бо фазлу карами хеш метавонад гуноҳони кабираро низ бидуни тавба маъоф кунад ва ин баҳси дигаре ҳаст.

3. Ъан Абиусмон қола кунту маъа Салмона таҳта шаҷаратин фаъахаза ғуснам манҳо ёбисан фаҳаззаҳу ҳатто таҳотта варақаҳу сумма қола ё Абоусмона! Ало тасъалуний лима афъалу ҳозо? Қулту ва лима тафъалуҳу? Қола: Ҳоказо фаъал бий Расулуллоҳу(с) ва ано маъаҳу таҳта-ш-шаҷарати ва ахаза минҳо ғуснан ёбисан фаҳаззаҳу ҳатто таҳотта варақаҳу фақола Салмону ало тасъални лима афъалу ҳозо? Қулту ва лима тафъалаҳу? Қола: Инна-л-муслима изо таваззаъа фааҳсана-л-вузуъа сумма салла-с-салоти -л-хамса таҳоттат хатоёҳу каммо таҳотту ҳаза-л-варақу ва қола: «Ақими-с-салота тарафаййин-наҳори ва зулаффа-м-мана-л-лайли инна-л-ҳасаноти юзҳибна-с-сайаоти золика зикро лиззокирина»

عن أبي عثمان قال :

 كنت مع سلمان الفارسي رضي الله عنه تحت شجرة فأخذ غصنا منها يابسا فهزه حتى تحات ورقه ثم قال :

 يا أبا عثمان ! ألا تسألني لم أفعل هذا ؟ 

قلت : ولم تفعله ؟

قال : هكذا فعل بي رسول الله صلى الله عليه وسلم وأنا معه تحت شجرة وأخذ منها غصنا يابسا فهزه حتى تحات ورقه فقال : يا سلمان ! ألا تسألني لم أفعل هذا ؟قلت : ولم تفعله ؟

قال : إن المسلم إذا توضأ فأحسن الوضوء ثم صلى الصلوات 

الخمس تحاتت خطاياه كما تحات هذا الورق وقرأ : أقم الصلاة طرفي النهار وزلفا من الليل إن الحسنات يذهبن السيئات ذلك ذكرى للذاكرين (رواه أحمد و صححه الشيخ الألباني في صحيح الترغيب و الترهيب رقم ٣٦٣)

ТАРҶИМА: «Абуусмон мегўяд: Бо Салмони форсӣ(р) зери дарахте нишаста будам. Ў шохайи хушке аз он дарахтро гирифт ва такон дод, ки баргҳояш рехтанд. Онгоҳ ба ман гуфт: Абуусмон! Ту аз ман намепурсӣ, ки чаро ин амалро анҷом додам? Гуфтам: Бигўйед. Гуфт: Як бор бо Расули Акрам(с) дар зери дарахте нишаста будам. Эшон шохайи хушке аз онро гирифта такон доданд, ки баргҳойи он рехтанд. Онгоҳ ба ман гуфт: Салмон! Аз ман намепурсӣ чаро ин амалро анҷом додам? Арз кардам: Бифармойед, бигўйед. Эшон фармуданд: Ҳар гаҳ мусалмон ба хубӣ вузў мекунад ва панҷ бор намоз мехонад гуноҳонаш мерезанд, ҳамчунон ки баргҳойи ин дарахт рехтанд.

Сипас ин ояи Қуръонро хонданд: «Ақима-с-салота тарафин-наҳора(Сурайи Ҳуд, ояи 114)» (Яъне, намозро дар ду тарафи рўз барпо доред ва миқдоре аз шаб ҳам намоз бихонед. Ба дурустӣ, ки некиҳо гуноҳонро маҳву нобуд мекунанд. Ин панду андарезст баройи пандпазирон.)

ТАВЗЕҲ: Амале, ки ҳазрати Салмон(р) анҷом дод, намунаи кўчаке аз ишқу алоқайи саҳобайи киром (р) ба Маъшуқ ва Маҳбуби худашон аст. Ҳар гоҳ шахсе ба яке ишқ меварзад, тамоми аъмолу рафтори ўро зери назар мегирад ва саъй мекунад ҳамон гуна амал кунад. Касоне, ки зоиқаи муҳаббатро чашидаанд мафҳуми ин амрро ба хубӣ дарк мекунанд, чигунагии рафтору ҳаракоти он ҳазратро (с), ки ҳангоми фармоишоти хеш анҷом медоданд, низ нақл мекарданд.

Эҳтимом ба намоз ва авфи гуноҳон бар асари он ба қадре дар ривоёт нақл шуда, ки иҳотайи он душвор аст. Дар ривоёти қаблӣ низ ин мавзўъ баён шуд ва уламо авфи гуноҳонро ба гуноҳони сағира ихтисос додаанд. Албатта, дар аҳодис низ гуноҳон ба сағира ё кабира муқайяд нашудаанд, балки ба таври мутлақ зикр шудаанд.Волид ва падари муҳтарами банда ҳангоми дарси ин ҳадис ду тавҷия барои он зикр мекард: яке ин, ки аз шаъни як мусалмон баъид (дур) аст, ки гуноҳи кабира бар зимааш боқӣ бимонад. Аввалан, аз вай гуноҳи кабира сар намезанад вӣа агар сар зад, бидуни тавба ва истиғфор оромиш ва қарор ҳосил намекунад ва шаъни мусалмон инро иқтизо мекунад, ки ҳар гоҳ муртакиби гуноҳи кабирайе шавад, билодиранг бо тавбаву гиряву зорӣ онро мавриди авфу бахшиш қарор медиҳад.

Албатта гуноҳи сағира тавре аст, ки гоҳе одамӣ ба он таваҷҷуҳ намекунад ва бар ўҳдайи ў боқӣ мемонад, ки бо намоз ва соири ибодот мавриди авфу бахшиш қарор мегиранд. Тавҷияи дигар ин, ки ҳар гоҳ шахсе бо ихлос намоз бихонаду одобу мустаҳаботи намозро риоят кунад, худаш чандин бор дар намоз тавбаву истиғфор мекунад ва дуъойи «Аллоҳума инни заламту нафси… то охир» дар поён «аттаҳиёт», тавбаву истиғфор мавҷуд аст.

АҲАМИЯТ ВА ФАЗИЛАТИ МИСВОК

Дар ин ривоёт тасреҳ шуда, ки вузў низ бояд ба таври саҳҳеҳу комиланҷом гирад. Яъне, одобу мустаҳаботи онро бояд ба хубӣ ба ҷо овард. Масалан, яке аз суннатҳойи вузў мисвок аст, ки маъмулан ба он таваҷҷуҳе намешавад. Ҳол он, ки дар аҳодис омада: « Ҳар намозе, ки бо задани мисвок хонда шавад, ҳафтод дараҷа беҳтар аз намозест, ки бидуни мисвок хонда шавад.» Дар ҳадиси дигаре омада: «Ба мисвок таваҷҷуҳу эҳтимом кунед, зеро даҳ фоида дар он вуҷуд дорад:

1. Даҳонро тамиз мекунад.2. Василайи хушнудии Аллоҳ аст.3. Шайтонро ба хашм меоварад.4. Мисвокзанандаро Аллоҳтаъоло дўст медорад.5. Фариштагони Илоҳӣ низ ўро дўст медоранд.6. Лисаҳоро (пилки дандонҳо) прқувват мекунад.7. Балғамро қатъ кардаву аз байн мебарад.8. Даҳонро хушбў мекунад.9. Бемории сафроро дур мекунад.10. Нури чашмро зиёд кардаву бўйи даҳонро аз байн мебарад.»

Муҳимтар аз инҳо ин, ки мисвок суннати Расули Акрам(с) аст.Уламо марқум доштаанд, ки задани мисвок ҳафтод фойида дорад. Яке аз он фавоид ин аст, ки ҳангоми марг хондани калимайи шаҳодат насиби одамӣ мешавад ва дар муқобили ин, истеъмоли маводи мухаддар ҳафтод зарар дораду яке аз он зарарҳо ин аст, ки ҳангоми марг хондани калимайи шаҳодат насиб намешаваду ба ёди одамӣ намеояд.Баройи дуруст вузў гирифтан, фазилатҳойи зиёде дар ҳадисҳо нақл шудааст. Аъзойи вузў дар рўзи қиёмат нурониву дурахшон хоҳанд буд ва ба василайи ҳамин нур паёмбари акрам(с) афроди уммати худро мешиносанд.

Таҳияи Исфандиёри Назар,Соли 2007

Нигоранда: Шайхулҳадис Мавлоно Муҳаммад Закариё

Идома дорад

Рейтинг
( Пока оценок нет )
Мақола ба шумо писанд омад? Бо дӯстонатон мубодила кунед:
Назари худро баён кунед:

;-) :| :x :twisted: :smile: :shock: :sad: :roll: :razz: :oops: :o :mrgreen: :lol: :idea: :grin: :evil: :cry: :cool: :arrow: :???: :?: :!:

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.