МАГАР ИСЛОМ ДИНИ ХУРОФОТ АСТ?

Гоҳо аз ақлу андешаи афроде чунон дар ҳайрат мешавӣ, ки ногуфтанӣ.Агар костюму галстукашон намебуд, ҷои туфлиҳои сиёҳашон муза медоштанду ҷой курсиҳо дар сари замини кишт нишаста буданд, тааҷҷубат камтар буд, аммо …

Масалан агар хоҳанд араб ё мусалмононро муаррифи кунанд, ба арабҳои занакабози Дубай ангушти ишора рост мекунанд ва агар роҳбарони арабиро хоҳанд мисол оранд, Ибни Салмон, он кудаки бефаҳму бетарбияро мисол мезананд.Гуё Ислом ончи, ки дар Дубай аст ҳамон асту давлатдории мусалмонон ончи, ки Оли Сауд мекунад.

Инки зардуштиёни баъдӣ бо модарону хоҳарони худ хонадор мешуданду ин амалро ифтихор ҳам медонистанд, наметавонем ку ин айбро ба Зардушти ҳаким таҳмил намоем.Чаро барои фуруш тарозуи дигар дорему барои хариди худ дигар тарозуро истифода мебарем?!

Дину тақво ку нест, лоақал виҷдону инсофатон мебуд хуб буд.

Аслан дар қонуни ақлу мантиқ ҳукми умумӣ содир намудан, ё як чизро дидаву ҳазори дигарро баҳо додан хатои маҳз аст.Шахси оқил бояд аз ин навъ тафаккуру чунин шакли ибрози назар бипарҳезад.

Пеш аз ҳама барои як динро баҳо додан, на навиштаҳоро дар бораи он, балки худи онро мебояд хонд.Аз пеши бинии худ дуртар назар карда таърихи онро аз сарчашмаҳои саҳеҳ мебояд омӯхт….Ҳама шаҳриҳо чунинанд (масалан)Ҳама деҳотиҳо чунон, кулобиҳо фалону ҳисориҳо фалон…Ингуна нест! Балки дар ҳамаҷо ҳамагуна ашхос ҳаст.

Агар дар шаҳр нафаре шуморо фиреб кард, ба ин маъно нест, ки ҳама шаҳриҳо фиребгаранд.Агар дар деҳа марди софдилу амонтадоеро дидед, саросема нашавед, дар деҳ дуздҳо ҳам ҳастанд.

Шахси оқил (агар ақли худу ақли мардумро эҳтиром қоил бошад) ба дидани як, ё ҳатто сад айб набояд ҳукми умумӣ содир кунад.

Хитоб ба ононе, ки танҳо бо хондани китоби “Мактаби куҳнаву Марги судхур” ва дидани чанд филми амрикоӣ мехоҳанд исломро баҳо диҳанд гуфтаниам, ки:Аз инки филмҳоро тамошо кунеду бинед, ки дар он “Аллоҳу Акбар” гуфта ба касони бегуноҳе ҳамла сурат мегирад…ва шумо хулоса бароред, ки мусалмонӣ ҳамин аст…

Аз ин кори кудаконаву соддалавҳона беҳтар аст каме китобҳои муътабартаре ҳам ба даст гиред ва гоҳо — гоҳе ақлатонро аз китобҳо тағзия бахшед на аз филмҳо.

Китобҳо барои дар ҷевони пуштатон мондану ҳуҷраро зебо кардан нестанд. Пеш аз ҳама бояд ақлу идрокро зебо созанд.

Ақл чун рушд кунад барои таҳлилу фаҳми чизҳо тавонотар мегардед.

НАЗДИ БАЪЗЕ АФРОД ДИНИ ИСЛОМ ДОИМ ПУШТИ ПАНҶАРАИ ИТТИҲОМ АСТ, ГУЁ ДИНИ ХУРОФОТ АСТУ МОНЕАИ РУШДИ ИЛМУ ТЕХНАЛОГИЯ…Сухане, ки комилан хато ва туҳмати ошкоро бар ин дин аст.

Ҳоло барои ин “равшанфикрон” аз муаррихони бузургвори Ислом сухан намеорам, зеро аз мусалмонону китобҳои исломӣ ҳассосият (аллергия) доранд.

Бигзор рӯ ба “қибла”-и худ Аврупо кунанд ва ин муаррихони олмониву фаронсавиро гуш андозанд, ки дар бораи ин дин чиҳо гуфтаанд.

ГЮСТАВ ЛЕБОН (Gustave Le Bon ) (1841–1931) муаррих, файласуф, ҷомеашинос ва равоншиноси саршиноси фаронсавӣ дар китоби худ «Тамаддуни Араб» (La Civilisation des Arades) мегуяд:

«БЕ ШАК ТАМАДДУНИ ИСЛОМӢ МИЛЛАТҲОИ АВРУПОИРО БА ОЛАМИ ИНСОНӢ ДАРОВАРД. БОЯД ЭЪТИРОФ КАРД, КИ МУСАЛМОНОН УСТОДОНИ МО АВРУПОИЁН БУДА ДОНИШГОҲҲОИ АВРУПО ҚАРНҲОЕ БА ҒАЙР АЗ КИТОБҲОИ АРАБӢ САРЧАШМАҲОИ ИЛМИИ ДИГАРЕ НАДОШТАНД.ИН МУСАЛМОНОН БУДАНД, КИ АВРУПОРО БО ИЛМ, АҚЛОНИЯТ ВА АХЛОҚУ МАДАНИЯТ ТАЪМИН НАМУДАНД.

ТАЪРИХ МИЛЛАТЕРО НАМЕШИНОСАД, КИ БА МОНАНДИ МУСАЛМОНОН БАР АҲЛИ ОЛАМ ИЛМУ МАЪРИФАТ ЭҲДО НАМУДА БОШАД.

АЗ ИН САБАБ, АВРУПО АЗ МУСАЛМОНОН ВА ТАМАДДУНИ ОНҲО, ТО АБАД МАДЮН БОҚӢ МЕМОНАД.»

Муаррих ва пажуҳишгарзани итолиёӣ ЛАУРА ВЕЧЧИ ВАЛЬЕРИ (Laura Veccia Vaglieri) (1893 — 1989), ки дар донишоҳи НЕАПОЛИ ИТОЛИЁ, ФЕДРИКО || (University of Naples Federico II) устод буда аст, дар китоби худ» ДИФОЪ АЗ ИСЛОМ», дар фасли ҳафтум, зери унвони: АЛОҚАМАНДИИ ИСЛОМ БА ИЛМ мегуяд:

АНДЕШАИ АҚЛОНӢ АСОСИ ДИНИ ИСЛОМ БУДА, ИСЛОМ БАРОИ ДАЪВАТ БА СУИ ИМОН, ПЕШ АЗ ИНКИ БА НИШОН ДОДАНИ МУЬҶИЗАҲО ТАКЯ КУНАД, ИНСОНРО БА ТААММУЛУ ФИКР НАМУДАН ФАРО МЕХОНАД.

ИСЛОМ ИМОНЕРО, КИ ДАР АСОСИ АНДЕШИДАНУ ТААММУЛ КАРДАН НАБОШАД, АРЗИШЕ ҚОИЛ НАШУДА АСТ.ДИНЕ, КИ МАНЗАЛАТИ ТААММУЛИ АҚЛОНИРО ТО ИН АНДОЗА БАЛАНД БАРДОШТА АСТ, ЧИГУНА МЕТАВОН ГУФТ МОНЕЪИ РАСИДАН БА ИЛМУ ФАЛСАФА АСТ?!

ЧИГУНА РАВО БОШАД АГАР ГУЕМ ИСЛОМ МОНЕЪИ РУШДИ ФАРҲАНГУ ТАМАДДУН АСТ?! ДАР ҲОЛЕ, КИ МО ҲАМА МЕДОНЕМ, КИ МАДРАСАҲОИ ИСЛОМӢ ДАР АСРҲОИ МИЁНА, БАРОИ АВРУПОЕ, КИ ДАР ТОРИКИҲОИ ҶАҲОЛАТ ВА АҚИБМОНДАГӢ ҒАРҚ ШУДА БУД, МАНОРАҲОИ ИЛМУ ФАРҲАНГ ШУДАНД.

ИНЧУНИН АФКОРИ ФАЙЛАСУФОНИ ИСЛОМ ЧУНОН БА ҚУЛЛАҲОИ БАЛАНД РАСИДА БУД, КИ ОЛИМОНИ ҒАРБ АЗ ПАСИ ОСОРУ АФКОРИ ОНҲО ОНҲОРО ТАҚЛИД МЕКАРДАНД.

ЧУНОНЕ, КИ ХАЛИФА ҲОРУНАРРАШИД ФАРМОН СОДИР КАРДА БУД, КИ ДАР ПАҲЛУИ ҲАР МАСҶИД МАДРАСАЕ БУНЁД ШАВАД, КИ ДАР ОН ДОНИШҶУЁН ҲАМА ГУНА ИЛМҲОИ ДАҚИҚРО ФАРО ГИРАНД.

ДАР ИКТИШОФИ УЛУМ БОШАД, МАГАР РОҲҲОИ ТАҶРИБАВӢ БА ДАСТИ МУСАЛМОНОН СУРАТ НАГИРИФТА БУД?! ПЕШ АЗ ОН, КИ ФРЭНСИС БЭКОН (1561- 1626) ЗАРУРАТИ ОНРО ЭЪЛОН КУНАД.

ТАРАҚИИ ИЛМИ КИМИЁ, ОМУЗИШИ ИЛМИ ТИБ, КАШФИ ҚОНУНҲОИ ГУНОГУНИ ФИЗИКӢ, ОЁ ИН ҲАМА АЗ ОСОРИ МУСАЛМОНОН НАБУД?!

АГАР ЧУНИН АСТ, ЧИГУНА ДУРУСТ БОШАД ГӮЕМ: ИН ДИН ПЕШИ РОҲИ ИЛМУ КАШФИЁТРО МОНЕА МЕГАРДАД?!———-Сарчашмҳо:Гюстав Лебон. (Gustav Le Bon) «Тамаддуни Араб» (La Civilisation des Arades)Лаура Веччи Вальери. (Laura Veccia Vaglieri) «Дифоъ аз Ислом» (Apologiya Dell Islamismo)Ibrohimi Saidnuriddin

Рейтинг
( Пока оценок нет )
Мақола ба шумо писанд омад? Бо дӯстонатон мубодила кунед:
Назари худро баён кунед:

;-) :| :x :twisted: :smile: :shock: :sad: :roll: :razz: :oops: :o :mrgreen: :lol: :idea: :grin: :evil: :cry: :cool: :arrow: :???: :?: :!:

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.