Родмардоне дар атрофи паёмбар(с) Салмони Форсӣ

Ҷўёи ҳақиқат

Ин дафъа диловаре аз сарзамини Форс меояд.

Аз сарзамини Форс дар оянда мўъминони зиёде ба дини ислом пайвастанд ва ислом аз онҳо чунон шахсиятҳое тарбия намуд, ки дар имондорӣ, илм, дин ва дунё кам касе буд ба онҳо баробарӣ кунад.

Ва дар ҳақиқат, ин яке аз муъҷизаҳои ислом ва яке аз азаматҳои ислом аст, ки дар ҳар марзе аз сарзаминҳои Худованд наравад, як эъҷози равшанро бо тамоми қобилиятҳояш бармеангезонад ва қудратҳоро ба ҷунбиш меорад ва истеъдодҳои нодири пўшидаро аз вуҷуди аҳли он марзу бум берун меорад. Пас аз як тараф файласуфони мусалмон ва табибони мусалмон ва фақеҳони мусалмон ва ситорашиносони мусалмон ва ихтироъгарони мусалмон ва донишмандони риёзии (математик) мусалмон ба камол мерасанд.

Пас мебинӣ, ки аз ҳар уфуқе онҳо зоҳир мешаванд ва аз ҳар сарзамин берун меоянд, то ҳадде, ки дар асри аввали ислом ҷаҳон аз шахсиятҳои нодир дар ҳама риштаҳои ҳаёт; чӣ дар риштаи омўзишии ақлонӣ ва иродатмандӣ ва афкори мантиқӣ саршор шуда буд, ки ватанҳояшон дигар буду динашон яке.

Воқеан Паёмбари Худо (с) дарк намуда буд, ки дини ислом дар оянда густариши васеъе пайдо хоҳад кард. Зеро ў ваъдадор буд, ваъдаи рост аз ҷониби Парвардигори бузурги доно. Рўзе домани замону макон барчида шуд ва бо чашми сар дид, ки чӣ гуна байрақҳои ислом дар болои мамолики олам парфишонӣ мекунанд ва болои қасрҳои ҳокимони дунё низ.

Ва Салмони Форсӣ шоҳиди ин ҳол буд ва дар ин раванд робитаи мустақим дошт.

Ин воқеъа дар соли панҷум аз ҳиҷрат, рўзи ҷанги Хандақ рўй дод. Он ҳангом, ки чанде аз саркардагони яҳуд ба қасди Макка аз хонаҳои худ берун шуданд ва мушриконро таҳрик менамуданд ва гурўҳҳоро ҷамъ менамуданд бар зидди Паёмбар (с) ва мусалмонон ва бо онҳо аҳду паймон менамуданд, ки дар ин маъракаи ҳалкунанда, ки решаву бунёди ин оини навро меканад, ба онҳо кўмак мерасонанд.

Ва нақшаву омодагии ин ҷанги хоинона тартиб дода шуд. Ба ин тариқ, ки лашкари Қурайшиён ва Ғатфон Мадинаро аз берун таҳти ҳуҷуми хеш қарор медиҳанд. Дар ин ҳангом бани Қурайза (яҳудиён) аз дохили Мадина аз пушти сафҳои мусалмонон зарба хоҳанд зад ва мусалмонон байни ду санги осиё хоҳанд монд ва пора-пора хоҳанд шуд ва дар саҳифаи таърих фақат зикри онҳо мемонаду халос.

Паёмбар (с) ва мусалмонон нохост ба як лашкари ниҳоят зиёд рў ба рў омаданд, ки ба Мадина наздик мешуд. Онҳо дорои аслиҳа ва омодагии зиёде буданд.

Дигар ҳама тадбирҳо аз дасти мусалмонон бадар рафт ва аз даҳшату ваҳшати ногаҳонии ин ҳуҷум қариб буд, ки ақлҳои мусалмонон зоил шавад.

Қуръони карим ин лаҳзаро чунин васф намуда мегўяд:

Вақте ки аз болои шумо омаданд ва аз поёни шумо омаданд ва он вақт, ки чашмҳо аз тарс каҷ шуданд ва дилҳо ба ҳалқ наздик шуд ва нисбати Худованд ҳар гуна гумонҳо намудед. (сураи Аҳзоб ояи 10).

Бисту чаҳор ҳазор мардони ҷангӣ таҳти роҳбарии Абу Суфиён ва Уяйна бини Ҳисн ба қасди муҳосира ба Мадина наздик мешуданд, то бо зарбаҳои ҳалокатовари худ ба Муҳаммад (с) ва дин ва ҳамсўҳбатонаш хотима бидиҳанд.

Ин лашкаре буд, ки фақат Қурайшро таҷассум намекард, балки бо ҳамроҳии ин лашкар тамоми қабилаҳо ва манфиатҳое буданд, ки дар вуҷуди ислом бар алайҳи худ хатар эҳсос менамуданд. Ин кўшиши охирин ва ҳалкунанда буд, ки тамоми душманони Паёмбар (с) дар он якҷоя шуда буданд, аз шахсиятҳо, ҷамъиятҳо, қабилаҳо ва нафъҷўён.

Мусалмонон худро дар ҳолати сахте диданд. Паёмбар (с) дўстонашро ҷамъ намуд, то дар ин кори пеш омада бо ҳам машварат намоянд. Табиист, ки фикри ҳама як буд, дифоъ ва ҷанг, вале чӣ гуна дифоъ?

Ин ҳангом марде бо пойҳои дароз ва мўи ғўлӣ пеш омад, ки Паёмбари Худо (с) ўро ниҳоят дўст медошт ва эҳтироми хосае нисбат ба ў қоил буд.

Салмони Форсӣ пеш омад ва аз болои теппаи баланде андешамандона ба Мадина назар афканд, пас ў шаҳрро дар шакли маъмулиаш дар муҳосираи кўҳҳо ва харсангҳо дид, вале ин ҷо як майдони васеъе буд, ки душман ба осонӣ метавонист ба мамнўъгоҳи онҳо зарба занад.

Салмон қабл аз ин дар ватани худаш бо бисёр аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ ва ҳилаҳои ҷангӣ ошноӣ дошт. Пас пеши Паёмбар (с) омад ва ҳилае пешниҳод намуд, ки арабҳо то ҳол дар ҷангҳояшон онро намедонистанд ва ин кандан ва истифодаи хандақ буд, ки тамоми он минтақаи ҳамвор ва кушодаро дар атрофи Мадина дар бар мегирифт.

Худо медонист, ки ҳоли мусалмонон дар ин ҷанг чӣ мешуд, агар ин хандақро намеканданд. Кандани хандақ қурайшиҳоро ниҳоят саргаранг кард ва қувваҳои онҳо як моҳ беҳаракат дар хаймаҳояшон истоданд ва оҷиз буданд ба Мадина ҳуҷум намоянд. То ин ки Худованд боди сахтеро фиристод, ки дар як шаб тамоми хаймаҳои онҳоро аз бех барканд ва ҷамъияти онҳоро парешон намуд.

Абу Суфиён дар байни лашкар нидо мекард ва онҳоро, як гурўҳи навмед ва шикастхўрдаи беқувватро барои бозгашт ба ватанҳояшон амр менамуд.

* * *

Дар давоми кандани хандақ, Салмон ҷои худашро дар байни мусалмонон ишғол намуд ва мусалмонон хандақ меканданд ва ҷаҳду кўшиш менамуданд ва Расул зоғнўлашро бардошта бо ҳамроҳии мусалмонон замин меканд. Ва дар қитъаи замине, ки Салмон бо ҳамроҳии гурўҳ ва ҳамсўҳбатонаш кор мекарданд, зоғнўлҳои онҳо ба санги калоне бархўрд.

Салмон марди қавиҷусса ва соҳиби пайвандҳои мустаҳкам буд ва як зарбаи бозувони бақувваташ басанда буд, ки сарҳои харсангҳоро бикафонад ва онҳоро пора-пора намуда пош диҳад, лекин дар назди ин харсанг оҷиз монд. Пас бо ҳамроҳии касоне, ки бо ў буданд, дар амри ин харсанг машварат намуд. Вале ҷуз оҷизӣ чизе ба даст наомад.

Пас Салмон ба назди Паёмбар (с) рафт, то аз ў иҷоза бигирад, ки нақшаи кандани хандақро каме тағйир бидиҳанд, то аз ин харсанги саркаш халос шаванд.

Паёмбар (с) ҳамроҳи Салмон ба ҷои кандагиашон омад, то бо чашми худ бубинад, ки чӣ ҷое ва чӣ сангест.

Вақте ки Паёмбар (с) он сангро дид, фармуд, ки путке биёранд ва аз бародарони он ҷо буда илтимос намуд, ки каме дуртар истанд, то сангпораҳо ба онҳо нарасад.

Пас Худовандро ёд намуд ва ҳарду дасти муборакашро, ки зоғнўлро медоштанд, ба азимат ва қуввати фавқулъодда баланд намуд ва зарбаи сахте ба харсанг зад. Дар ин зарба болои санг рахҳо пайдо намуд ва санг кафид ва аз дохили рахҳои кафидаи бузурги он як нури чашмгиркунанда ва равшане берун омад.

Салмон мегўяд, ки ман он нурро дидам, ки тамоми атрофи Мадинаро равшан намуд ва Паёмбар (с) такбир гуфт:

– Худованд бузургтар аз ҳама чиз аст. Маро калиди сарзаминҳои Форсро доданд. Ба ман дар рушноии ин нур қасрҳои Ҳира ва шаҳри Мадоини Кисроро намоёниданд ва дар ҳақиқат уммати ман бар болои ин мамлакатҳо ғолиб хоҳанд шуд.

Баъд аз он Паёмбар (с) бори дигар зоғнўлашро баланд бардошт ва дубора ба он харсанг зарба зад. Кафидани санг бори дигар бештар мушоҳида шуд ва он харсанги кафида он чунон рушноӣ бадар кард, ки аз пештара беш буд. Бори дигар Паёмбар (с) овози такбир баланд намуд:

– Худованд бузургтар аз ҳама чиз аст. Ба ман калиди мамолики Румро доданд. Дар ҳақиқат рушноии ин нур қасрҳои сурхи он мамоликро ба ман намуданд ва ҳаққо, ки уммати ман ба ин сарзаминҳо ғолиб хоҳад гардид.

Баъд аз он зарбаи сеюмро ба он харсанг зад, он санг салому ҷавоби саломи худро гуфт (киноя аз ин ки пора-пора гардид) ва нури азиме аз он санг боло шуд ва Паёмбар (с) такбир гуфт ва мусалмонон низ такбир гуфтанд. Ва ба мусалмонон хабар дод, ки ў алҳол қасрҳои Шом ва Санъо ва дигар мамолики рўи заминро мебинад, ки рўзе бар болои онҳо байрақи дини Илоҳӣ боло хоҳад гардид ва мусалмонон бо дили пур аз имон фарёд кашиданд:

– Ин чизест, ки Худо ва Расули Ў ба мо ваъда кардаанд ва рост гуфт Худо ва Расули Ў!

Салмон дар кандани хандақ соҳиби машварат ва соҳиби санге буд, ки аз вай баъзе асрори ғайбӣ ва муқаддарот зоҳир шуд, дар ҳоле, ки ба Паёмбар (с) барои ёрӣ муроҷиат кард. Дар ин лаҳзаи зуҳуроти ғайбӣ дар паҳлўи Паёмбар (с) буд ва он нурро дид ва башоратҳоро шунид.

Салмон умри дарозе дида, тамоми он башоратҳоро ба чашми хеш мушоҳида намуд. Пас пирўзӣ бар мамолики Форсу Румро ва қасрҳои Санъо ва Шом ва Мисру Ироқро ба чашми хеш дид.

Бо чашми хеш дид, ки канораҳои замин аз ғулғулаи овози азони аз болои манораҳои баланд танинандоз чӣ гуна меларзанд ва чӣ гуна нурҳои ҳидоят ва хайрро партавфишон месозанд.

* * *

Ана ин шахс зери дарахти бузурги сершоху барг дар назди ҳавлиаш дар Мадоин нишастааст ва ба ҳамнишинонаш аз қаҳрамониҳои бузургаш дар роҳи ҳақиқат ҳикоят мекунад ва ба онҳо қисса мекунад, ки чӣ гуна аз дини қавмаш аввалан ба сўи масеҳият ва баъдан ба сўи Ислом баргашт.

Аз сарвати падари давлатманд ва заминдораш даст кашидан ва нафсашро дар доираи эҳтиёҷмандӣ андохтанаш барои ҷустуҷў ва озодӣ бахшидани ақл ва рўҳаш аз гумроҳӣ.

Чӣ гуна дар бозори ғуломфурўшӣ ўро фурўхтанд ва ҳол он ки ў дар роҳи ҷустуҷўи ҳақиқат буд?

Чӣ гуна бо Паёмбар (с) мулоқот намуд ва чӣ гуна ба ў имон овард.?

Биёед ба маҷлиси ў наздиктар шавем ва ба он ахбори дақиқ, ки ривоят мекунад, гўш биандозем.

* * *

Ман мардеам аз Исфаҳон, аз деҳае, ки ба номи Ҷӣ зикр мешавад ва падарам пешвои он сарзамин ба ҳисоб мерафт.

Ва ман дар назди ў аз ҳама махлуқоти Худо азизтар будам. Ман дар дини маҷусият хеле кўшидам, то ба дараҷае расидам, ки дар оташгоҳи муқаддас мезистам ва намегузоштам, ки хомўш гардад.

Падарам замине дошт. Маро рўзе ба сари ҳамон замин фиристод. Ман ба роҳ баромадам. Дар сари роҳ калисои насрониҳо буд. Овози ибодат кардани онҳоро шунидам. Андаруни калисо даромадам, то бубинам, ки чӣ кор мекунанд. Намози онҳо ба ман писанд омад ва ба худ гуфтам, ки ин дин аз он корҳое, ки мо мекунем, беҳтар аст. Пас ҳамроҳи онҳо то ғуруби офтоб истодам ва ба сари замин нарафтам ва ба хона низ барнагаштам, то ин ки падарам аз қафои ман одам фиристод, ки маро ҷустуҷў кунанд. Ман аз аҳли насоро пурсидам, ки пешвои шумо дар куҷост?

Гуфтанд:

– Дар Шом.Вақте ки баргаштам, ба падарам гуфтам, ки аз назди калисое гузаштам ва дини онҳо ба ман писанд омад ва ман чунин мепиндорам, ки дини онҳо аз дини мо беҳтар аст. Ў бо ман баҳс кард, ман низ баҳс кардам. Баъд ў дар пои ман завлона зад ва маро ҳабс намуд.

Ман пинҳонӣ ба аҳли насоро кас фиристодам ва онҳоро хабар додам, ки ман дар дини шумо дохил шудаам. Агар огоҳ шудед, ки корвоне аз Шом омадааст, пеш аз бозгаштанаш маро огоҳ намоед, то ҳамроҳи онҳо ба Шом равам. Онҳо ҳамчунин карданд ва ман занҷиру завлонаи дасту поямро шикаста ҳамроҳи он корвон ба Шом рафтам.

Ман дар Шом олими он қавмро суроғ кардам. Гуфтанд, ки асқуфи мо, соҳиби калисо, олим ба дини мост. Ман ба пеши ў омада, аз ҳоли худ қисса кардам ва дар назди ў ба хидмат истодам ва таълими дин гирифтам.

Ин марди асқуф дар диндориаш каси хуб набуд, зеро хайру садақотро аз мардум мегирифт, то ба мустаҳиқин бирасонад, вале онро барои худ хазина мекард.

Пас ў мурд.

Каси дигареро ба ҷои ў таъйин намуданд. Ман касеро ба мисли ў диндор надидам. Ў дар амри охират хеле рағбат дошт ва аз дунё хеле гурезон ва пойбанди ибодат буд. Ман ўро дўст доштам ва гумон мекунам, ки касеро аз ин пеш мисли ў дўст надошта будам. Пас вақте ў наздик ба марг шуд, ба ў гуфтам, ки чуноне мебинӣ, марг ба ту наздик шудааст, маро чӣ мефармоӣ? Баъди риҳлатат ту маро ба кӣ васият мекунӣ?

Гуфт: эй фарзанд, ман касеро дар роҳи диндорӣ беҳтар аз марде, ки дар шаҳри Мавсил аст, намедонам.

Баъди вафоти ў ба Мавсил омадам ва ба он олим аз худ ва васияти устодам хабар додам ва чанд муддате, ки Худо тақдир карда буд, назди ў истодам. Чун ўро низ аҷал даррасид, аз ў давоми таълими худро пурсидам. Маро назди обиде дар Насибин васият намуд.

Пас ба назди ў омадам ва хабари худро гуфтам ва чанд муддате, ки Худованд насиб карда буд, истодам. Чун ўро аҷал наздик шуд, аз ў пурсидам, ки ба куҷо равам? Маро васият намуд, ки олиме дар Амурия ном ҷой аз мамлакати Рум аст, он ҷо бирав. Ба Рум рафтам ва назди он шахс истодам ва барои зиндагиям чанд гову гўсфанд парвариш намудам.

Пас ўро низ аҷал наздик шуд. Аз ў пурсидам, ки маро ба назди кӣ васият мекунӣ? Гуфт:

– Эй фарзанд алҳол ман касеро, ки лоиқи муаллимии ту бошад, намедонам, то туро бад-он ҷой амр кунам. Вале замони зуҳури як Паёмбари ҷадид, ки дар дини Иброҳим мебошад, наздик гардида ва ў ба як сарзамини хурмозор, ки байни ду биёбони регзор воқеъ аст, ҳиҷрат хоҳад кард. Пас агар битавонӣ, ки худро ба ў бирасонӣ, ин корро бикун.

Ў чанд нишонае дорад, ки пўшида нестанд. Яке он ки аз моли садақа намехўрад, вале ҳадяро қабул мекунад ва дигар дар байни ду китфаш мўҳри паёмбарӣ дорад. Агар онро бубинӣ, мешиносиаш.

Рўзе корвоне аз он ҷо мегузашт. Аз куҷо буданашонро пурсон шудам. Гуфтанд, ки аз Ҷазиратулараб ҳастем. Ман ба онҳо гуфтам:

– Ман ин гову гўсфандонамро ба шумо медиҳам, то маро ба мамлакати худ бибаред.

Онҳо розӣ шуданд. Маро ҳамроҳи худ гирифтанд ва то Водию-л-Қурро оварданд. Он ҷо ба ман зулм карданд ва маро ҳамчун ғулом ба як марди яҳудӣ фурўхтанд. Чун ман дарахтони хурмои бисёрро дидам, тамаъи ман афзуд, ки шояд ин ҳамон сарзамине бошад, ки барои ман васф намуданд ва он ҷое бошад, ки ҳиҷрати мунтазари паёмбар (с) он ҷо бошад. Вале он ҷой, ҷои мавъуд набуд.

Назди он марде, ки маро харида буд, истиқоматро давом додам, то ин ки рўзе як марди яҳудӣ аз бани Қурайза назди хоҷаи ман омад ва маро аз вай харид. Баъд маро ба шаҳри Мадина бурд. Қасам ба Худо, вақте он шаҳрро дидам, яқин кардам, ки ин ҳамон шаҳрест, ки ба ман васфаш намудаанд.

Ман дар хонаи он марди яҳудӣ ба хидматгузорӣ машғул гардидам. Дар хурмозори он мард дар маҳаллаи бани Қурайза кор мекардам, то ин ки Худованд Паёмбарашро фиристод ва ба Мадина ҳиҷрат намуд ва дар маҳаллаи бани Амр ибни Авф фуруд омад.

Ман рўзе болои дарахти хурмо будам ва хоҷаи ман зери он дарахт нишаста буд. Нохост як марди яҳудӣ омад аз амакбачаҳояш. Ва ба ў хитоб намуда гуфт:

– Худованд бани Қайларо ҳалок гардонад, ки ба таҳқиқ онҳоро дар атрофи марде дар Қабоа ҷамъ намудаанд ва ў аз Макка омадааст ва даъво дорад, ки паёмбар аст.

Қасам ба Худо, вақте он яҳудӣ ин суханро гуфт, маро ларза дар андом афтод. Ва аз ларзиши ман дарахти хурмо ба ларзидан даромад. Қариб буд ба болои хоҷаам афтам. Ман зуд аз болои он дарахт поин шудам ва бо ҳаяҷон пурсидам

:–Чӣ мегуӣ? Чӣ хабаре?

–Хоҷаи ман дасташро бардошт ва мушти маҳкаме ба ман зад ва гуфт:

–Туро ба ин корҳо чӣ кор? Рав ба корат машғул шав.

Ман боз ба корам шурўъ намудам. Вақте ки бегоҳ шуд, ҳар чизе дар наздам буд, ҷамъ намудам ва берун баромадам, то ин ки ба назди Паёмбар (с) ба Қабоа расидам. Ба ҳузури ў даромадам. Ў ҳамроҳи чанд нафар аз саҳобагонаш нишаста буд.

Ба ў гуфтам:

–Шумо мўҳтоҷ ва ғарибед. Ба таҳқиқ дар назди ман як миқдор аз хўрока буд. Ман онҳоро назр намудам барои садақа. Чун ман дар бораи шумо шунидам, шуморо соҳибҳақ аз ҳама кас ёфтам. Пас он таъомро барои шумо овардам.

Ман он таъомро ба наздашон гузоштам. Пас Паёмбар (с) ба асҳобаш гуфт:

– Бихўред, ба номи Худо.

Ва худаш аз хўрдан худдорӣ намуд ва дасташро ба сўи таъом дароз накард. Ман дар дилам гуфтам, қасам ба Худо ин як нишона аст. Ба таҳқиқ ў садақаро намехўрад!

Он рўз бозгаштам ва рўзи дигар ба ҳузури он ҷаноб омадам ва бо худ чанд миқдор таъом доштам, ба Паёмбар (с) чунин гуфтам:

– Ман дирўз дидам, ки ту аз моли садақа намехўрӣ ва андак чизе дар назди ман боқӣ буд, дўст доштам, ки туро икром кунам, ба ҳадя намудани он.

Ва он таъомро пешаш гузоштам.

Ў ба ҳамсўҳбатонаш гуфт:

 Бихўред ба номи Худо.

Ва худаш низ ҳамроҳашон хўрд.

Пас дар дилам гуфтам:

– Қасам ба Худо, ин нишонаи дуввум аст. Ба ҳақиқат ҳадяро мехўрад.

Пас бозгаштам ва чанде, ки Худо хоста буд, истодам. Баъд боз ба наздаш омадам ва ўро дар Бақиъ дидам, ки аз пушти ҷанозае мерафт ва саҳобагонаш дар атрофаш буданд ва ў дар баданаш ду порча либоси патдор пўшида буд. Якеро ба ҷои изор ва дигарро ба ҷои курта пўшида буд. Ман салом додам. Каме тоб хўрдам, то ба пушташ нигоҳ кунам. Паёмбар (с) дарк намуд, ки ман чӣ мехоҳам. Он куртаашро аз сари китфонаш поин кард ва ман дидам, ки аломати муҳри паёмбарӣ бар ҷост. Чунон ки дўсти ман огоҳам намуда буд.

Ман дар он ҳангом худро ба болои Паёмбар (с) хам намудам, ўро мебўсидам ва мегиристам. Паёмбар (с) маро ба наздаш хонд. Ман дар пеши дастонаш нишастам ва саргузашти худро чунончӣ ба шумо қисса мекунам, гуфтам.

Баъд аз он ислом овардам. Вале ғуломӣ дар байни ман ва ғазоҳои Бадр ва Уҳуд монеъа андохт.

Рўзе Паёмбар (с) гуфт:

Аз хоҷаат талаби китобат кун, то туро озод намоянд.

Пас ман талаби китобат намудам. Паёмбар (с) ба саҳобагонаш амр намуд, ки маро ёрӣ диҳанд. Пас Худованд маро аз ғуломӣ озод намуд. Озод ва мусалмон зиндагӣ намудам ва бо ҳамроҳии Паёмбар (с) дар ғазои Хандақ, ҳозир будам ва дар ҳамаи дигар муборизаҳо низ иштирок доштам.

* * *

Бо ҳамин суханони дилкашу зебо Салмони Форсӣ, аз ҷонфидоиҳои оқилонаю бузургаш дар роҳи ҷустуҷўи ҳақиқати диние, ки ўро бо Худо мепайвандад ва масъулияту мазмуни зиндагии ўро дар рафти ҳаёти минбаъдааш таҷассум менамояд, ҳикоят мекард.

Пас чӣ инсони қавииродаест ин шахс. Чӣ қудрати азиме рўҳи кунҷковӣ ўро молик гардида ва иродаи шикастнопазирӣ ўро бар мусибатҳо таҳрик додааст, ки он мусибатҳоро мағлуб месозад ва корҳои номумкинро мутеъ ва иҷрошаванда мегардонад.

Чӣ диловарие дар роҳи ҳақиқат ва чӣ муҳаббате нисбати ҳақиқат. Чунон муҳаббате, ки соҳибашро ихтиёран аз замину сарвати падараш ва неъматҳояш ҷудо карда, ба сўи як мақсади номаълум бо тамоми мушкилот ва машаққатҳояш мебарад. Ин мақсад ўро аз сарзамине ба сарзамини дигар ва аз шаҳре ба шаҳри дигар машаққаткашанда, ранҷбаранда ва ибодаткунанда интиқол медиҳад. Дили бедораш ва ҷустуҷўгараш мардумро, мазҳабҳоро ва зиндагиро меомўзад ва дар ҷустуҷуӣ Ҳақ бо як пофишории азиме истодагарӣ мекунад ва барои ёфтани ҳидоят қурбониҳои зиёде медиҳад. То ҳадде, ки дар ин роҳ ба ғуломӣ фурўхта мешавад. Пас аз он Худованд аҷри ўро комилан дар ин дунё медиҳад ва ўро ба ҳақиқат мерасонад ва ўро бо паёмбараш рў ба рў менамояд. Баъди ин ўро умри дарозе медиҳад. Ва ў ба ҳар ду чашмаш мебинад, ки чӣ гуна байрақҳои Худованд дар ҳама ҷои рўи замин парфишонӣ менамоянд ва бандагони мусалмони Худо гўшаву канори заминро, аз ҳидоят ва ободонӣ ва адлу инсоф пур месозанд.

* * *

Мо чӣ таваққуъи дигаре аз исломдории ин марде дошта бошем, ки ҳиммат ва садоқаташ ба ин андоза аст? Накўкор ва парҳезкор.

Ў ба таҳқиқ аз ҷиҳати парҳезгорӣ, дунёбезорӣ, зиракӣ ва тақвояш ба Умар ибни Хаттоб (р) хеле монандӣ дошт.

Ў чанд рўзе бо Абудардо дар як ҳавлӣ зист ва Абудардо шабҳо ба намоз меистод ва рўзҳо рўза мегирифт. Ва Салмон бошад, аз ин намуди риёзат дар ибодат ўро интиқод менамуд.

Рўзе Салмон хост, ки Абудардоро аз қасди рўзадориаш баргардонад ва ин рўзаи нофила буд.

Пас Абудардо бо итоб гуфт:

– Оё маро аз рўза доштан ва намоз хондан барои Парвардигорам манъ менамоӣ?

Салмон ўро чунин ҷавоб дод:

– Дар ҳақиқат чашмонат болои ту ҳақ доранд ва занат болои ту ҳақ дорад. Ту рўза бигир ва гоҳо ифтор кун ва гоҳо шаб намоз бихон ва каме хоб ҳам бикун. Ин муколама ба самъи Паёмбар (с) расид. Ў гуфт:

– Дар ҳақиқат Салмон саршори илм аст.

Паёмбари Худо (с) бисёр вақт зиракӣ ва илми ўро ситоиш менамуд, ҳамчунон ки ахлоқи накў ва диндориашро низ зиёд ситоиш мекард.

Рўзи кандани хандақ, ансор мегуфтанд, ки Салмон аз мост ва муҳоҷирин низ мегуфтанд, ки не, Салмон аз мост.

Ва Паёмбари Худо (с) ба онҳо нидо карда гуфт:

– Салмон аз мост, аз аҳли байти мост!

Ў ба ин шараф лоиқ аст.

Алӣ писари Абутолиб карамаллоҳу ваҷҳаҳу, ўро бо лақаби Луқмони Ҳаким ном мебурд. Вақте ки баъди марги Салмон аз Алӣ (р) дар бораи ў пурсидаанд, гуфт:

– Ин мард аз мост ва мансуб ба сўи аҳли байти мост. Кадоми шумо ба ин Луқмони Ҳаким баробар шуда метавонед? Ў илми аввал ва илми охирро фаро гирифта буд ва китоби аввал ва китоби охирро мутолаъа карда буд. Ва ў баҳрест беинтиҳо.

Ў дар дили тамоми саҳобагони Паёмбар (с) мақоми арзандаеро ишғол намуда буд.

Пас дар аҳди хилофати Умар (р) ба Мадина барои зиёрат омад. Умар (р) барои ў коре кард, ки ҳаргиз дар ҳаққи касе накардааст. Ў ҳамсўҳбатонашро ҷамъ намуда гуфт:

– Биёед ба истиқболи Салмон бароем!

Ва бо ҷамъи ёронаш ба истиқболи Салмон ба теппаҳои атрофи Мадина баромад.

Воқеъан, Салмон аз лаҳзае, ки ҳамроҳи Паёмбар (с) мулоқот намуд ва ба ў имон овард, мусалмон, озод, муҷоҳид ва обид зиндагонӣ кард.

Ва ҳамроҳи халифаи Паёмбар (с) Абубакр (р), баъд аз он ҳамроҳи амири мўъминон Умар (р), баъд бо ҳамроҳии халифа Усмон (р), то ин ки дар муддати хилофати ў ба Парвардигораш мулоқӣ шуд.

Дар тўли ин солҳо дар аксари вақт байрақҳои пирўзманди ислом болои осмон парафшонӣ менамуданд ва хазинаҳо ва молҳои мамолики дигар ҳамчун ғанимат аз набардҳо ба сўи Мадина оварда мешуданд ва дар сурати бахшиш ва ё моҳонаҳои доимӣ ба мардум дода мешуданд.

Чун масъулиятҳои қазоӣ дар ҳама паҳлўҳои зиндагӣ зиёд шуданд, табъан вазифаҳо ва мансабҳо низ зиёд гардиданд.

Пас дар миёни ин анбўҳ Салмон куҷост? Ва дар вақти баҳрабарӣ аз сарват ва осудагӣ ва неъматҳо Салмонро дар куҷо меёбем?

* * *

Чашмонатонро хубтар бикушоед.

Оё ин мўйсафеди бузургро мебинед, ки зери сояе ин ҷо нишастааст ва аз баргҳои хурмо бандҳои мустаҳкам мебофад ва аз онҳо сабадҳо месозад? Ў Салмон аст.

Хубтар нигоҳ кунед.

Хубтар нигоҳ кунед, ўро дар либосе бубинед, ки аз ғояти кўтоҳӣ то зонуяш мерасад.

Ин худи ўст дар замони пирӣ ва каҳулат.

Дар ҳақиқат моҳонаи вай хеле зиёд буд, байни чаҳор ва шаш ҳазор дирҳам дар соле. Лекин ў ҳамаашро тақсим мекард ва ҳатто аз гирифтани як дирҳамаш худдорӣ мекард ва мегуфт:

– Ман ба як дирҳам барги хурмо мехарам, сабад мебофам ва онро ба се дирҳам мефурўшам. Ва боз ба як дирҳамаш барг мехарам ва як дирҳамашро нафақаи аҳлу аёлам мекунам. Ва дирҳами сеюмашро садақа мекунам. Ва агар Умар ибни Хаттоб (р) маро аз ин кор боздорад, боз намеистам !

* * *

Баъд аз ин боз чӣ мегуед, эй пайравони Муҳаммад (с)!

Баъд аз ин боз чӣ мегуед, эй инсонҳои соҳибшараф дар тамоми замонҳо ва маконҳо?

Дар ҳақиқат баъзеи мо чун вақте ки аз соддагии либоси халифаҳо ва саҳобагоне чун Абубакр (р), Умар ва Абузар ва парҳезгории онҳо мешунавем, гумон мекунем, ки ин нишонаи табиати зиндагии ҷазираи Араб аст. Зеро шахси Араб матоъи зиндагияшро дар соддагӣ мебинад.

Вале мо акнун дар муқобили як марди форсӣ истодаем. Аз сарзамини сарват, серу пур ва бофарҳанг ва ҳол он ки ин бародари мо аз камбағалонаш ҳам набуд, балки аз ашрофзодагон буд. Пас чӣ сабаб буд, ки мол, сарват ва неъматҳоро рад кард ва исрор кард бар ин ки дар як рўз аз касби худаш ба як дирҳам қаноъат мекунад .

Чӣ сабаб аст, ки мансабро рад кард ва аз он гурезон аст ва мегўяд:

– Агар тавонӣ, ки хок бихўрӣ ва бар болои ду кас амир набошӣ, пас инчунин бикун.

Чӣ сабаб аст, ки аз аморат ва мансаб мегурезад. Магар, ки ў амири гурўҳи ҷанговароне бошад, ки ба ҷиҳод равонаанд ва ё дар лаҳзае бошад, ки ғайри ў касе салоҳияти ин корро надошта бошад. Пас халифа ўро хеле маҷбур мекунад ба қабули мансаб ва гириста-гириста ва тарсону ларзон ин корро қабул мекунад?

Боз чӣ сабаб аст, ки чун мансаби амириро, ки маҷбураш намудаанд, қабул мекунад, вале аз гирифтани моҳонаи ҳалоли он парҳез дорад?

Ҳишом бини Ҳисон аз Ҳасан ривоят мекунад:

– Моҳонаи Салмон панҷ ҳазор буд ва ў дар назди 30 ҳазор нафар хутба мехонд. Ҳол он ки дар танаш як пора либосе дошт, ки нисфашро мепўшид ва нисфашро зери пояш меандохт. Вақте ки моҳонааш меомад, онро ба камбағалон тақсим мекард ва аз музди дасташ нафақа менамуд.

Чаро ин корҳоро мекард ва ин қадар парҳез дошт? Ҳол он ки ў як марди форсӣ буд ва фарзанди неъмат ва тарбиятёфтаи фарҳанг.

Биёед ҷавобашро аз худаш бишнавем ва ҳол он ки ў дар бистари марг аст ва рўҳи бузургаш омода барои мулоқоти Парвардгори бузург аст.

Саъд ибни Абиваққос барои аёдат назди ў омад. Дид, ки Салмон мегиряд. Саъд пурсид, ки чӣ чиз туро мегирёнад, эй Абу Абдуллоҳ? Ҳол он ки Паёмбар (с) то дами марг аз ту розӣ буд.

Салмон чунин ҷавоб дод:

– Қасам ба Худо аз тарси марг ва аз ҳаваси дунё намегирям, валекин Паёмбари Худо (с) ба мо аҳде карда гуфта буд:

– Бояд насибаи ҳар яке аз шумо аз дунё он миқдор бошад, ки насибаи як роҳгузар.

Акнун бубин, ки ман чӣ миқдор сиёҳӣ дар атроф дорам!

Бо ин сиёҳӣ ашёи бисёри дунёро дар назар дошт!

Саъд мегўяд:

– Ман назар кардам, ки дар атрофи ў ба ғайри як коса ва як офтоба чизи дигаре надидам. Ба ў гуфтам:

–Ё Абу Абдуллоҳ, ба мо васияте кун, ки аз ту бигирем.

Пас гуфт:

Эй Саъд, Худовандро ёд кун, вақте, ки ба коре қасд кардӣ, вақте ки чизеро тақсим намудӣ, дастатро ҳушёр бош!

Ана ин буд омили он чизе, ки нафси ўро мустағнӣ аз ҳама чиз гардонид, ба он дараҷа, ки қалби ўро аз дунё ва моли дунё ва мансабҳо ва ҷоҳу ҷалол безор гардонида буд. Аҳду паймони Паёмбар (с) нисбати Салмон ва дигар саҳобагон ин буд, ки ба дунё дилбанд набошанд, ки мабодо қалбҳои онҳоро мусаххар намояд ва дигар ин ки аз дунё зиёда аз тўшаи раҳгузар нагиранд.

Салмон ин аҳдро нигоҳ дошт. Ва бо вуҷуди ин, чун дид рўҳаш омодаи рафтан аст, аз тарси ин ки мабодо аз ҳад нагузашта бошад, оби дидагонаш шашқатор шуд.

Назди ў косае буд, ки дар он таъом мехўрд ва офтобае буд, ки аз он об менўшид ва таҳорат мекард. Бо вуҷуди ин худро сарватманд ва бениёз гумон мекард.

Магар нагуфтам, ки ў аз ҳама мардум бештар ба Умар (р) монанд буд.

Дар даврае, ки ў амири Мадоин буд, ҳоли ў аз пештара тағйир наёфт. Пас ҳамаро тарк намуд, ҳамчунон ки аз гирифтани маоши роҳбариаш ҳатто як дирҳам ҳам намегирифт. Ва аз даромади касбаш, ки барги хурмобофӣ мекард, мезист. Ва либосаш низ либоси пешинааш буд.

Рўзе дар роҳе мерафт. Ногоҳ як марде, ки аз Шом омада ва ҳамроҳаш як миқдор бори анҷир ва хурмо дошт, бо ў бархўрд. Он бор бар он марди шомӣ вазнинӣ мекард. Мард ба Салмон нигарист ва гумон кард, ки як шахси оддӣ ва фақир аст ва хост борашро ба пушти ў ниҳад ва чун ба ҷояш бирасад, аҷрашро бидиҳад.

Пас ба Салмон ишора намуд, ки ин ҷо биё. Ў омад. Шомӣ ба ў гуфт:

– Ҳамин бори маро ба китфат бигир.

Салмон он борро бардошт ва ҳарду равона гардиданд.

Онҳо дар роҳ мерафтанд, ки як гурўҳе аз мардум онҳоро мулоқот карданд. Салмон ба онҳо салом дод. Онҳо аз роҳ рафтан бозистоданд ва чунин гуфтанд:

– Салом бар амир! Бар амир салом!

Онҳо кадом амирро дар назар дошта бошанд? – ба худ суол дод шомӣ.

Вақте ки баъзе аз одамон ба тарафи ў шитобиданд, то он борро аз дўши вай бигиранд, ў ба даҳшат афтод.

Шомӣ дарк намуд, ки ин амири Мадоин, Салмони Форсӣ аст. Пушаймон шуд ва суханони узрхоҳона ва афсўс аз даҳонаш баромад ва наздик шуд, ки борро аз пушти Салмон бигирад, вале Салмон сарашро бо аломати инкор такон дод ва гуфт:

– Не, то ба манзилат бирасонам.

Рўзе аз вай пурсиданд, ки барои чӣ нафси ў ин қадар аморатро бад мебинад?

Гуфт:

– Зеро ҳолати ширхорагии вай ширин ва боҳаловат аст ва аз сина ҷудо шуданаш ниҳоят талх аст.

Рўзе яке аз дўстонаш ба наздаш даромад. Дид, ки ў хамир мекунад. Аз ў пурсид, ки хидматгор куҷост?

Салмон чунин ҷавоб дод:

– Мо ўро барои коре фиристодаем. Раво надидем, ки ба ў ду корро фармоем.

Мо вақте хонааш мегуем, бояд дар хотир дошта бошем, ки ин хона чӣ гуна буд? Вақте ки Салмон хост то хонае барои худаш бино кунад, агар онро хона гуфтан ба фарз ҷоиз бошад, аз усто пурсид, ки ту онро чӣ гуна бино хоҳӣ кард?

Усто марди боақл ва зирак буд ва аз зуҳду тақвои Салмон огаҳӣ дошт, чунин ҷавобаш дод:

– Натарс, ин хонае, ки месозам як бинои кўчакест, ки аз гармии ҳаво худро дар паноҳ мегирӣ ва дар вақти сардӣ дар он ҷо сукунат меварзӣ. Агар рост истӣ, сарат ба сақфи он мерасад ва агар дароз кашӣ, поят ба девор мерасад!

Салмон гуфт:

– Оре, ҳамчунинаш бисоз!

* * *

Ў дар ин дунё лаҳзае ба чизе майл нанамуд ва ба чизе дилкашолӣ надошт, ки аз пайи он биравад, магар як чиз, ки ба он бисёр дилкашол буд ва онро ба амонат пеши занаш ниҳода буд ва аз ў хоҳиш карда буд, ки онро дар ҷои амне пинҳон кунад. Пас дар рўзи маргаш дар он сабоҳе, ки ҷонашро аз қолаб берун мекарданд, занашро нидо кард:

– Ҳамон чизеро, ки пинҳон намуда будӣ ва ба пинҳон карданаш амрат карда будам, биёвар!

Завҷааш онро овард. Он як халтачаи мушк буд, ки дар рўзи фатҳи Ҷилавло (номи як мавзеъ) ба даст оварда буд. Пас онро нигоҳ медошт то рўзи маргаш хушбўӣ кунанд.

Пас аз он гуфт:

– Қадаҳи обе биёваред.

Обро оварданд. Мушкро дар қадаҳ андохта бо дасташ онро соиш дод ва ба занаш гуфт:

– Ин обро дар атрофи ман бипош, зеро ба наздикӣ ҷамъе аз махлуқоти Худо меоянд, ки таъом намехўранд вале хушбўиро дўст медоранд.

Чун занаш обро пошид, гуфт:

– Акнун дарро бар рўи ман бубанд ва аз хона баро.

Завҷааш ҳамчунон кард.

Баъди чанд муддат ба пеши ў даромад. Дид, ки рўҳи бузургаш аз қолаби бадан ва аз дунёи сифла берун рафтааст.

Ба таҳқиқ ў ба олами улвӣ пайваст ва рўҳи тавонояш бо шаҳпарҳои иштиёқ ба олами дигар парвоз намуд. Зеро дар он ҷо бо Паёмбари бузург, Ҳазрати Муҳаммад (с) ва бо Абубакр (р) ва Умар (р) ва бо як силсилаи бузурге аз шаҳидон ва некўкорон ваъдаи мулоқот дошт.

Муддате буд, ки ташнагии иштиёқ Салмонро азоб медод. Акнун вақти он расид, ки сероб гардад ва ташнагиаш бишканад.

Рейтинг
( Пока оценок нет )
Мақола ба шумо писанд омад? Бо дӯстонатон мубодила кунед:
Назари худро баён кунед:

;-) :| :x :twisted: :smile: :shock: :sad: :roll: :razz: :oops: :o :mrgreen: :lol: :idea: :grin: :evil: :cry: :cool: :arrow: :???: :?: :!:

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.