АҲМАД ЗОҲИР ВА ШОИРОНИ ТОҶИК — I

Чи тавре, ки дар боло гуфтем, дар китоби «Боз омадам» 100 суруду таронаи Аҳмад Зоҳир ҷой дода шудааст. Вале, афсӯс, ки дар он муаллифони ягон суруд нишон дода нашудаанд. Дар маҷмӯаи «Танҳо садост, ки мемонад» ёдовар мешавем, ки 179 матни суруду таронаи тоҷикии Аҳмад Зоҳир гирд оварда шудааст. Аз ин миқдор шеъру ғазал танҳо номи муаллифони 64 тои онҳо маълум асту халос. Боқимонда матнҳо ба қалами кӣ тааллуқ доранд, норӯшан аст.

Вале омӯзишу таҳқиқи матнҳои сурудҳои Аҳмад Зоҳир нишон медиҳад, ки репертуари бебаҳои ӯ аз эҷодиёти тақрибан 50 шоири классику муосири форсу тоҷик гулчин карда шудаанд. Дар байни шуарои классик Аҳмад Зоҳир бештар ба осори Ҷалолиддин Балхӣ, Шамси Табрезӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Соиби Табрезӣ рӯй овардааст. Барои мисол дар ҳоли ҳозир бо истинод ба маводе, ки дорем, метавонем бигӯем, ки Аҳмад Зоҳир аз эҷодиёти орифи тавоно Ҷалолиддини Балхӣ бештар аз 12 ғазалро ба оҳанг даровардааст, ки ҳар яке аз ин таронаҳо аз дигаре беҳтар аст.

Ғазалҳои «Ошиқ шудаӣ, ай дил, савдот муборак бод», «Биравед, эй ҳарифон, бикашед ёри моро», «Дидам нигори худро, мегашт гирди хона», «Маъшуқа ба сомон шуд, то бод чунин бодо», «Ман мастаму ту девона моро кӣ барад хона?», «Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест» ва ғ.ҳ. аз ҳамон ҷумлаанд. Мувофиқи маълумоти наздикони Аҳмад Зоҳир, ба хусус хоҳараш Зоҳира ва завҷааш Фахрия ӯ ба осори классикон, махсусан ба шуарои тасаввуф, асосан дар солҳои пеш аз маргаш рӯй оварда будааст.

Дар байни шоирони муосири форсу тоҷик Аҳмад Зоҳир бештар аз ҳама ба эҷодиёти шоири шаҳири иронӣ, сардафтари назми муосири тоҷик устод Абдулқосим Лоҳутӣ рӯ овардааст. Дар сӯҳбатҳо бо устод Ҷӯрабек Назриев Аҳмад Зоҳир сабаби ба эҷодиёти Ҷалолиддини Балхӣ ва Абдулқосими Лоҳутӣ бештар рӯ оварданашро чунин маънидод кардааст: «Ман аз он зиёд Мавлавиву Лоҳутӣ мехонам, ки гӯё ҳасби ҳоли мара кардаанд».

Дар ҳоли ҳозир тибқи маълумоте, ки дар даст дорем, Аҳмад Зоҳир 14 шеъри Абдулқосим Лоҳутиро дар шакли тарона ба ҳаводорони овозаш пешкаш кардааст. Аксари ин таронаҳо ду мавзӯъро дар бар гирифтаанд. Мавзӯи аввал пеш аз ҳама мавзӯи ишқист ва таронаҳои «Бути нозанинам маҳи меҳрубонам», «Ошиқ шудаам гуноҳам ин аст», «Ошиқам ошиқ ба рӯят, гар намедонӣ, бидон», «Ёр аз дили ман хабар надорад», «Сад раҳ дар интизорат то пушти дар давидам», «Девона намудам дили фарзонаи худро» ва ғайра дар ҳамин мавзӯанд.

Мавзӯи дигар ин мавзӯи ватандӯстӣ – иҷтимоӣ аст. «Танида ёди ту дар тору пудам меҳан, эй меҳан», «Зиндагӣ охир сарояд, бандагӣ даркор нест», «Тарсам озод насозад зи қафас сайёдам», «Аё сайёд раҳме кун, маранҷон нимҷонамро», «Фақат сӯзи диламро дар ҷаҳон парвона медонад», суруду таронаҳое ҳастанд, ки инҳоро Аҳмад Зоҳир дар солҳои охири ҳаёташ ба алоқамандони ҳунараш пешниҳод кардааст. Аҳмад Зоҳир ҳамчун ҳунарманди асилу инсони ватанпарасти ҳассос аз он таҳаввулоте, ки дар кишвараш дар он солҳои охир сурат мегирифт, дарк мекард, ки кишварҳои абарқудрат дар атрофи Афғонистон тор метананд, тори дасисаву макру ҳила.

Онҳо ба кашмакашиҳое гирифтор ҳастанд, ки натоиҷи он барои мардуми ин кишвар оқибатҳои баде ба бор доранд. Ин хатарро ӯ ҳамчун як шахси бофарҳангу донишманди ҷомеаи афғонӣ хеле хуб мефаҳмид, вале дар илоҷи воқеа мисли миллионҳои дигар дармонда буд. Ӯ фақат метавонист ба он абарқудратҳое, ки ба сӯи ватани ӯ чашм ало карда буданд, бо забони суруд бигӯяд:

Аё сайёд раҳме кун, маранҷон нимҷонамро,

Пару болам бикан, аммо масӯзон ошёнамро.

Вале ба ҳамватанони худаш ҳушдор медод, ки ба ҳар ҳол ба муҷодила бо душманон омода бошанд:

Гар фишори душманон обат кунад мискин машав,

Мард бош, ай хастадил, шармандагӣ даркор нест.

Интихоби чунин матнҳо барои суруду тарона дар як даврони ҳассоси таърихӣ барои кишвар далолатгари он аст, ки Аҳмад Зоҳир бо мардум буд, дарди ӯро аз дохил хуб дарк мекард ва барои табобати он кӯшишҳое ҳам ба харҷ додааст.

Дар номгӯи шоироне, ки Аҳмад Зоҳир аз ашъори онҳо суруду таронаҳояшро интихоб кардааст, шоирони забардасти иронӣ аз қабили Маликушшуаро Баҳор, Раҳии Муҳайирӣ, Ҳушанги Соя, Симини Беҳбаҳонӣ, Фаррухии Яздӣ, Табиби Исфаҳонӣ, Фурӯғи Фаррухзод, Фурӯғи Бастомӣ, Баҳодури Ягона, Пажмони Бахтиёрӣ ва ғайра, аз шуарои афғонӣ устод Халилуллоҳи Халилӣ, Зиё Қоризода, ва боз чандин нафари дигар, аз шоирони тоҷик устод Мирзо Турсунзода ва Абдулло Қодирӣ ҳастанд.

Дар бораи чӣ гуна Аҳмад Зоҳир як шеъри устод Мирзо Турсунзодаро интихоб намуд ва баъдан ба он оҳанг баст, дӯсти ӯ Ҷӯрабек Назриев нақли аҷибе кард. Тибқи он моҳи феврали соли 1976 баъди шиносоӣ пайдо кардан Аҳмад Зоҳир бо ҳамроҳии Ҷӯрабек Назриев меҳмони олими шинохта Шаҳбоз Кабиров мешаванд, ки он вақт он кас бо ҳамроҳии завҷаашон, шоираи ширинкалом Меҳриниссо дар Кобул ба ҳайси тарҷумон кор мекарданд. Дар ҳини сӯҳбат сухан аз шеъру шоирӣ меравад ва устод Шаҳбоз Кабиров, барои бо намунаи назми тоҷик шинос кардани Аҳмад Зоҳир «Мушоира» ном китоберо, ки дар он гулчине аз ашъори шоирони форсу тоҷики мамолики Осиё бо ҳуруфи арабӣ чоп шуда буд, ба ӯ нишон медиҳад. Ҳини шиносоӣ бо китоб фикри оҳанг бастан ба шеърҳои шуарои тоҷик пайдо мешавад. Барои баргузидани матн ҳозирин баъди машварат ба хулоса меоянд, ки онро ба тарз ё услуби фол кушодан интихоб намоянд.

Ҳамин тавр ҳам карданд ва шеъри устод Мирзо Турсунзода «Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман, ҳами кофист» рост омад. Аҳмад Зоҳир вақте шеърро хонд, он ба вай хеле хуш омад ва ваъда дод, ки ҳатман онро то Соли Нав, яъне то Наврӯз ба оҳанг медарорад.

Рӯзи Наврӯзи соли 1976 суруди «Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман, ҳамин кофист» нахустин бор дар байни мардум садо медиҳад ва аз ҳамон дам яке аз сурудҳои дӯстдоштаи алоқамандони Аҳмад Зоҳир ба шумор меравад:

Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман, ҳамин кофист,

Фидои як саломат, як каломат ман, ҳамин кофист.

Навиштам, пахш кардам мӯҳр, мондам даст бегуфтор,

Ҳаётамро, мамотамро ба номат ман, ҳамин кофист.

Агарчи ибтидои ошиқон дар ишқ ҳар ранг аст,

Вале бо номи ту ман ибтидо кардам, ҳамин кофист.

Устод Мирзо Турсунзода ин сурудро дар иҷрои Аҳмад Зоҳир бори аввал ҳангоми бемориаш дар шифохонаи ҳукуматӣ аз кассетае шунидааст, ки наздиконаш барояш ба он ҷо оварда будаанд. Дар ин бора ба нақли нафақахӯри меҳнатӣ, собиқ хоҳари шафқати шифохонаи ҳукуматии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Насима Шодиева таваҷҷӯҳ мекунем:

Боре ба шифохонаи мо барои табобат Раиси Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, устод Мирзо Турсунзодаро оварданд. Он вақт устод маъруфтарин ва маҳбубтарин одами ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафтанд. Он касро ҳама дӯст медоштанд. Махсусан мо занҳо бештар. Зеро ӯ ҳам вассофи мо буду ҳам мудофеи ҳуқуқи мо. Аз ҳамин сабаб аз духтурон то фаррошон ҳама мекӯшидем, ки оромишу низом дар шифохона халалдор нашавад.

Рӯзи навбатдории ман буд. Ногоҳ садои мусиқӣ баланд шуд. Ҳофизи бароям номаълуме суруд мехонд. Ҳарчанд лаҳнаш ширин буд, ба ёдам устод Мирзо Турсунзода расид, ки мабодо малоли хотирашон нашавад. Тез ба сӯи утоқе, ки аз он овоз меомад, давидам. Бинам, ки ин утоқи худи устод аст ва чанд нафаре магнитофонро баланд монда сурудеро гӯш мекунанд.

Султони ҲАМАД

Поёни қисми аввал

Сарчашма: https://www.facebook.com/groups/RCINEMA/permalink/1091065637944387/

Рейтинг
( Пока оценок нет )
Мақола ба шумо писанд омад? Бо дӯстонатон мубодила кунед:
Назари худро баён кунед:

;-) :| :x :twisted: :smile: :shock: :sad: :roll: :razz: :oops: :o :mrgreen: :lol: :idea: :grin: :evil: :cry: :cool: :arrow: :???: :?: :!:

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.