Саъдии Шерозӣ “Бо ҷавонӣ сар хуш аст ин пири бетадбирро”

Бо ҷавонӣ сар хуш аст ин пири бетадбирро,

Ҷаҳл бошад бо ҷавонон панҷа кардан пирро.

Ман ки бо мӯе ба қувват барнаёям, эй аҷаб, 

Бо яке афтодаам, к-ӯ бигсилад занҷирро.

Чун камон дар бозу орад сарвқадди симтан, 

Орзуям мекунад, к-омоҷ бошам тирро.

Меравад, то дар каманд афтад ба пои хештан, 

Гар бар он дасту камон чашм уфтад нахчирро¹.

Кас надидаст одамизод аз ту ширинтарсухан, 

Шаккар аз пистони модар хурдаӣ ё ширро?

Рӯзи бозори ҷавонӣ панҷ рӯзе беш нест, 

Нақдро бош, эй писар, к-офат бувад таъхирро.

Эй ки гуфтӣ дида аз дидори бутрӯён бидӯз, 

Ҳар чӣ гӯӣ, чора донам кард, ҷуз тақдирро.

Зуҳди пайдо куфри пинҳон буд чандин рӯзгор, 

Парда аз сар баргирифтем он ҳама тазвирро².

Саъдиё, дар пойи ҷонон гар ба хидмат сар ниҳӣ, 

Ҳамчунон узрат бибояд хостан тақсирро.

¹ Сайд, шикор.² Найранг, риё.

Сарчашма: https://guftor.ru/post/611/

Рейтинг
( Пока оценок нет )
Мақола ба шумо писанд омад? Бо дӯстонатон мубодила кунед:
Назари худро баён кунед:

;-) :| :x :twisted: :smile: :shock: :sad: :roll: :razz: :oops: :o :mrgreen: :lol: :idea: :grin: :evil: :cry: :cool: :arrow: :???: :?: :!:

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.