ШУКРОНА….

Сипос Худоеро ки намозро бар мусалмонон фарз гардонида ва онро бузургтарин ибодат ва сутуни дини ислом ва василаи наздик шудан ба худ қарор дод, ва дуруду салом бар беҳтарин фарзанди Одам (а) Паёмбари бузурги ислом ҳазрати Муҳаммад (с) ва бар олу асҳоби бузургвораш бод. Аммо баъд Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу мехоҳам мавриди шумо камеҳам ки бошад аз ҳоли касоне ки худро мусалмон мегиранд накл кунам!

Пурсидам: Чаро намозро тарк намудӣ? 

Гуфт: Машғул будам. 

Гуфтам: Чи машғулият муҳимтар аз намоз мебошад ки дар рӯзи қиёмат пештар аз намоз пурсида мешавад? 

Гуфт: Медони ки масруфияти дунё бисёртар аст, чи метавон кард.

Гуфтам: Оё намедони ки намоз ҳади фосил (ҷудокунанда) байни ислом ва куфр аст, магар намедонӣ ки расули акрам (с) фармуданд:«Фарқ дар миёни марди мумин ва кофир ва мушрик, тарки намоз аст».(Аҳмад ва Муслим)

Гуфт: Мусалмони танҳо ба намоз нест, муҳим ин аст, ки қалби мусалмон дуруст бошад, ман мусалмонеро азият намекунам ва бо ҳама рафтори нек дорам ва бо ҳама хуш ахлоқ ҳастам. 

Гуфтам: Ин ҳилаи шайтон аст, ки баъзе аз мусалмононро ба василаи он мефиребад, то гирифтори гуноҳ гарданд дар ҳолеки фикр мекунанд, ки кори хубе анҷом додаанд. Ва чи гуноҳ бузургтар аз тарки намоз, (ин ибодати бузург) аст. Ин васвасаи шайтон аст, ки аъмоли бади моро дар назарамон хуб намоиш медиҳад. «Замонеки шайтон (бо васвасаҳои худ) аъмолашонро барояшон меорист»(Сураи Анфол, ояти 48)

Гуфт: Бисёре аз мардум намоз мехонанд, вале гирифтори гуноҳ мешаванд. Гуфтам: Магар касеки намоз мехонад маъсум аз гуноҳ аст? Маъсум аз гуноҳ танҳо расули акрам (с) мебошанд, дигар ту аз ҷумлаи касоне бош ки намоз онҳоро аз фаҳшо ва мункар ва гуноҳ боз медорад, ва ту намуна бош барои дигарон. Аллоҳ таъоло мефармояд:

اتْلُ مَا أُوحِيَ إِلَيْكَ مِنَ الْكِتَابِ وَأَقِمِ الصَّلَاةَ إِنَّ الصَّلَاةَ تَنْهَى عَنِ الْفَحْشَاءِ وَالْمُنكَرِ وَلَذِكْرُ اللَّهِ أَكْبَرُ وَاللَّهُ يَعْلَمُ مَا تَصْنَعُونَ

«Ҳар чиро аз ин китоб бар ту ваҳй шудааст, тиловат кун. Ва намоз бигзор, ки ҳаройна, намоз одамиро аз фаҳшову мункар бозмедорад ва зикри Худо бузургтар аст ва Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст!» (Сураи Анкабут, ояти 45)

Гуфт: Ман калимаи шаҳодат мегуям ва алҳамдулиллоҳ мусалмон ҳастам, ва расули акрам (с) фармуданд: Калимаи шаҳодат калиди ҷаннат аст ва касеки ло илоҳа иллаллоҳ Муҳаммад русулуллоҳ гуяд оташи ҷаҳаннам бар ӯ ҳаром мегардад, ва дигар инки Худованд ғафуру раҳим аст. 

Гуфтам: Дар инки калимаи шаҳодат калиди ҷаннат аст, ҳеч шаке нест, аммо оё медони, ки уламо дар шарҳи ин ҳадис гуфтанд:Ло илоҳа иллаллоҳ калиди ҷаннат аст, аммо ҳар калид дандонаҳое дорад ки ба василаи он дар боз мешавад ва дандонаҳои калиди ҷаннат амали нек мебошад ва ло илоҳа иллаллоҳ бидуни амал ба авомири ислом монанди калиди бедандон аст, дигар инки Аллоҳ таъоло мефармояд:

وَبَشِّرِ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ أَنَّ لَهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِن تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ كُلَّمَا رُزِقُوا مِنْهَا مِن ثَمَرَةٍ رِّزْقًا قَالُوا هَذَا الَّذِي رُزِقْنَا مِن قَبْلُ وَأُتُوا بِهِ مُتَشَابِهًا وَلَهُمْ فِيهَا أَزْوَاجٌ مُّطَهَّرَةٌ وَهُمْ فِيهَا خَالِدُونَ

«Мужда бидеҳ ба касонеки имон оварданд ва кирдори неку анҷом доданд, эшонро аст боғҳои (биҳишти) ки дар зери дарахтони он наҳрҳо равон аст»(Сураи Бақара, ояти 25) 

Бубин ки танҳо имон кофи нест, балки ҳамроҳи имон амали солеҳ ва кирдори неку лозим аст, ва Худованд дар ҷой дигармефармояд:

وَالَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ أُولَئِكَ أَصْحَابُ الْجَنَّةِ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ

 «Ва касонеки имон оварданд ва кирдори писандида ва афъоли шойста анҷом доданд инон аҳли биҳиштанд ва ҷовидона дар он хоҳанд монд» Бақара 82.

Боқи сарбаланду хона обод бошед азизони дил!Илтимоси дуо дар ин рӯзҳои мудҳишу пурбало!

Рейтинг
( Пока оценок нет )
Мақола ба шумо писанд омад? Бо дӯстонатон мубодила кунед:
Назари худро баён кунед:

;-) :| :x :twisted: :smile: :shock: :sad: :roll: :razz: :oops: :o :mrgreen: :lol: :idea: :grin: :evil: :cry: :cool: :arrow: :???: :?: :!:

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.