Забони миллии тоҷикон дар оғози Шӯравӣ чи ном дошт?

Субҳони Аъзамзод: Истилоҳи «форсӣ» дар китоби “Намунаи адабиёти тоҷик”-и домулло Садруддини Ъайнӣ барои таърифи аслу ҳақиқати забон ва адабиёти форсии қаламрави Осиёи Миёна дар бештар аз 60 маврид истифода шудааст: «забони форсӣ», «осори адабияи форс», «адабиёти форсӣ», «шеъри форсӣ», «ашъори форсӣ», «шоъири форсизабон», «шуъарои форсӣ», «шуъарои форс ва тоҷик», «шоъири машҳури форсиён», «девони форсӣ», «насри форсӣ», «назму насри форсӣ», «рисола(ҳо)и форсӣ», «мактаби қироати форсӣ», «адабиёти синфии форсӣ», «мақолоти форсӣ», «асари форсӣ» ва…

Аммо истилоҳи «тоҷикӣ» барои забон ва адабиёти минтақаи Осиёи Миёна – «забони тоҷикӣ», «забон ва адабиёти тоҷик», «адабиёти тоҷик», «адабиёти нави тоҷик», «матбӯъоти тоҷикӣ» танҳо дар 14 маврид корбандӣ шудааст. Акнун ба хулоса оед, ки устоди бузургвор асли форсияти забон ва адабиёти миллати тоҷики моро хеле хуб дарк мекарда ва медонистаанд ва ин ҳам борҳо исбот шудааст, ки “Намунаи адабиёти тоҷик” ном гирифтани китоб ба хотири посух ба туркигароён будаасту халос…

Иқтибосҳо аз ду асари адабиётшиносии устод Айнӣ:

1. «Пас аз дусад соли истилои ъараб дар Хуросон ва Мовароуннаҳр дувумбора шеъри форсӣ зинда шуд ва дар Хуросону Мовароуннаҳри ъаҳди Сомониён ба камол расид».

2. «Устод Абулҳасани Рӯдакӣ…, ки дар адабиёти форсии ҷадиди Эрон номи устодӣ ва сардафтариро бардоштааст, аз Самарқанд…, аз тарбиятёфтагони он давра аст».

3. «Ҳаракати адабии форсӣ кам-кам қувват гирифта, дар сайри худ Фирдавсиҳо, Ъамъақи Бухороиҳо, Амир Муъиззиҳо, Низомии Ъарӯзии Самарқандиҳо, Хайёмҳо, Низомии Ганҷавиҳо, Фаридуддини Ъатторҳо, Саноиҳо, Ҷалолиддини Румиҳо, Хоқониҳо, Камоли Хуҷандиҳо, Саъдиҳо, Ҳофизҳо ва дигарҳоро расондааст» (1, 188).

Ин гуна довариҳои устод Ъайнӣ дар рисолаи роҷеъ ба Ибни Сино низ пайгирӣ шудааст: «Дар замони Сомониён… забон ва адабиёти миллӣ – форсӣ, ки дар охирҳо дар Осиёи Миёна номи тоҷикиро гирифт, аз сари нав зинда шуд, дар давраи Сомониён устод Абулҳасани Рӯдакӣ, Муродии Бухороӣ, Дақиқӣ ва Фирдавсӣ барин шоъирон… расиданд, ки дар торихи адабиёт ба номи сардафтари адабиёти баъд аз исломии Эрон шуҳрат ёфтанд» (2, 5).

Манобеъ:

1. Ъайнӣ, Садруддин. Муносибати адабияи Осиёи Миёна бо Эрон // Куллиёт. Ҷилди XI. Китоби якум.–Душанбе: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1963.–С.188-190.

2. Ъайнӣ, Садруддин. Шайхурраис Абӯъалии Сино.–Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, шӯъбаи адабиёти бадеъӣ, 1939.–36 с.

Ба тазкираи “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Айнӣ нигаред: «Устод Рӯдакӣ аввал касест, ки ШЕЪРИ ФОРСИро… тадвин (7, 16) ва “Калила ва Димна”-ро… БА ФОРСӢ манзум кардааст» (7, 14). «Ба назм овардани китобе мисли Калила ва Димна дар аввали шуъоъи ШЕЪРИ ФОРСӢ бар камоли қудраташ далолат мекунад» (7, 17). «Панҷсад сол пеш аз ин торих дар Тошканд… чунин ШОЪИРИ ФОРСИЗАБОНИ мушкилписанд (Бадри Чочӣ) нашъунамо ёфтааст» (7, 71). «Нахустин ШОЪИРИ ФОРСИЗАБОНИ соҳибдевон (Рӯдакӣ – С. А.) аз Мовароуннаҳр сар задааст» (7, 104). Амир Ъумархон «ДАР ФОРСӢ қудратнамоӣ кард» (7, 197) ва ғайра.

***

«Асосан Осиёи Миёна ҳамеша яке аз марказҳои бисёр муҳимми АДАБИЁТИ ФОРСӢ буда, балки пас аз нобуд шудани адабиёти ИН ЗАБОН ба воситаи ҳуҷуми ъараб ва сӯзондани осору КИТОБҲОИ ФОРСӢ Осиёи Миёна қадимтарин манбаъ ва сарчашмаи АДАБИЁТИ ФОРСИСТ» (қавли устод Лоҳутӣ дар сарсухани “Намунаи адабиёти тоҷик”, Маскав, 1926, с.4).

***

Донишманди забардасти тоҷик Тӯрақули Зеҳнӣ ба он нафароне, ки АДАБИЁТИ ФОРСИро ба АДАБИЁТИ ЭРОН, АДАБИЁТИ АФҒОНИСТОН, АДАБИЁТИ МОВАРОУННАҲР нисбат додаанд, таъкид медорад, ки ин ъамали адабиётро ба замин ва кишваре додан дар ъайни ҳол ҳад таъйин намудан аст. Дар ин сурат доираи АДАБИЁТИ ФОРСӢ хурд ва маҳдуд хоҳад буд.

Аз диди зиндаёд Зеҳнӣ, АДАБИЁТИ ФОРСӢ соҳа ё комплекси ҷомеъ ва густурдае мебошад, ки як тарафаш Эрон, тарафи дигар Афғонистону Ҳиндустон ва қисми севум Мовароуннаҳр аст. Нигоҳ кунед ба сухани Зеҳнӣ: «…АДАБИЁТИ ФОРСӢ ҳамеша ва ҳар ҷо АДАБИЁТИ ФОРСӢ ва муштарак аст ва бо воситаи ҳамин ЗАБОНИ АДАБИИ ФОРСӢ дар миёни ҳамаи форсизабонони Шарқ ба як услуби салис ва тарзи баёни сода метавон рӯҳ ва фикри инқилобиро нашру паҳн сохт». (Зеҳнӣ, Тӯрақул. Мусоҳиба дар бораи забон ва адабиёт // Авранг.–2001.–Июл-август.–№2(02).–С. 53-54).

«ШЕВАИ ФОРСИИ ҲОЗИРАИ ОСИЁИ МИЁНА аз ҷиҳати луғат ва эъроб хоссиятҳои қадимии худро БЕШ АЗ ҲАМАИ ШЕВАҲОИ ДИГАР муҳофизат кардааст. Агарчи аҳолии Осиёи Миёна ъасрҳои бисёр дар миёнаи ъунсурҳои Теҳрон, ки доимо аксариятро ташкил медоданд, воқеъ будаанд, ба ҳамаи ин софии забонашонро нигоҳ доштаанд.” [ъақидаи Ҷермон Вомберӣ аз китоби «Торихи Бухоро ва Мовароуннаҳр», иқтибоси мо аз мақолаи Тӯрақул Зеҳнӣ “Маслаҳатҳои ман дар бораи забон” // Раҳбари дониш.–1929.–№5-6(20-21).–С. 39-45]

“Ташкили аввалин давлати шӯроии Эрон дар дунё (вилояти мухтори тоҷик) далели хубест барои ин ки фирқаи иштирокиюн ҳуқуқи мазлумтарин ва пасмондатарин миллатҳоро ҳам мудофеъа мекунад.” (Дар бораи тақсими ҳудуди миллатҳои Осиёи Вусто / Овози тоҷик.–1924.–12 сент.)

***

Ъабдурраҳими Ҳоҷибоюф: “Забони асосии тоҷиконе, ки дар Ҷумҳурияти шӯроии Тоҷикистон зиндагонӣ мекунанд ва ҳамчунин дар Осиёи Миёна ва дар мамлакатҳои ҳамсояи мо маскун мебошанд, форсӣ аст. Забони форсии тоҷикон аз забони ҳозираи Эрон бо тозагии худ фарқ дорад.” (Ъ. Ҳоҷибоюф. Ҷумҳурияти ҳафтум – Тоҷикистон: Маълумоти мухтасари сиёсӣ ва иқтисодӣ дар бораи Тоҷикистон.–Тошканд-Истолинобод: Нашр. давл. Тоҷикистон, 1930.–С. 11).

Ъабдурраҳими Ҳоҷибоюф: “…Забони тоҷикон ба гурӯҳи забонҳои эронии хонаводаи ориёӣ мансуб аст ва ҳеч ъумумияте бо забони туркон надорад. Бештари тоҷикон, ки таҳти фишор қарор гирифтаанд, ба шеваҳои мухталифи наздик ба забони форсӣ гуфтугӯ доранд, ъилова бар ин, ъумумияти забон ва хат тоҷиконро бо мардуми Афғонистон, Форс ва кишварҳои дигари Шарқи хориҷӣ ваҳдат мебахшад. Забони форсӣ то тасарруфи Туркистон аз ҷониби русҳо дар тамоми хонигариҳои Осиёи Миёна забони дорои хату давлатдорӣ маҳсуб мешуд. Дар Бухоро то инқилоб ин ҳолат боқӣ монд…” (Ходжибаев. Тезисы по вопросу о положении таджиков. Иқтибос аз: Р. Масов. История топорного разделения, с. 58).

Ъабдурраҳими Ҳоҷибоюф: “Ҷумҳурии Бухоро на ҷумҳурии узбакӣ, балки давлати эронӣ буд.” (Заседание комиссии по таджикским вопросам 26 июля 1929 г.– ЦГА, ф. 35, оп. 2, д. 1999. Иқтибос аз китоби: Р. Масов. История топорного разделения, с. 120).

Ин фикр барои исботи эронияти тоҷикон дар даврони мунозираи сиёсиву иҷтимоъии солҳои 20-и садаи бист чун далели муҳим ба кор омадааст (дар ин бора ниг.: М. Шакурӣ. Тоҷикони Варорӯд дар остонаи ъасри умед.–Варорӯд (Маҷмӯъаи ъилмиву омӯзишӣ). Шумораи аввал.–Д., 2003.–С. 10; ҳамчунин: Фитнаи инқилоб дар Бухоро, с. 72).

Дар нашри дувуми “Торихи табратақсим”, китоби Раҳими Масуф («История топорного разделения») дар бахши аввали китоб ин нақли қавл аз Ъ. Ҳоҷибоюф дар бораи “эронӣ будани” давлати Бухоро тағйир хӯрда, вожаи “эронӣ” ба “тоҷикӣ” табдил ёфтааст: «Бухарская республика не была узбекской республикой, это таджикское государство» (Таджики…, с. 142).

Дар матни нашри дувуми асари Р. Масуф дигаргуниҳое ба чашм мерасад ва бархе матолиб таҳрир хӯрдааст. Барои тасдиқи фикр бояд ба асли матни китоби муаррихи зиндаёд руҷӯъ кард.

“Аз давраи бостон дар Осиёи Миёна халқҳои гуногуни қабоили ориёӣ маскун шудаанд. Ҳанӯз дар давраи юриши юнониён ба Ҳинд ин халқҳо дар сатҳи матлуби буланди рушд қарор дошта, дар қиёс бо онон дорои шаҳрҳои бузург буданд.” (Абдурахим Ходжибаев. Тезисы по вопросу о положении таджиков. Иқтибос аз: Р. Масов. История топорного разделения, с. 53.)

Рейтинг
( Пока оценок нет )
Мақола ба шумо писанд омад? Бо дӯстонатон мубодила кунед:
Назари худро баён кунед:

;-) :| :x :twisted: :smile: :shock: :sad: :roll: :razz: :oops: :o :mrgreen: :lol: :idea: :grin: :evil: :cry: :cool: :arrow: :???: :?: :!:

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.