100 фоида аз сураи Юсуф

Аллоҳ таъоло мефармояд: «Ҳамоно дар ҳикояти Юсуф ва бародаронаш барои доништалабон ва аҳли таҳқиқ ибрат ва ҳикмати бисёр мундариҷ аст».

Фоидаи 1: Аҳди падар бо фарзандонаш дар тарбияи онҳо.

Фоидаи 2: Хоби нек аз тарафи Парвардигор аст, ки падар барои Юсуф (алайҳис салом) баёни онро манъ кард.

Фоидаи 3: Сухан накарда пинҳон кардани неъмат барои маслаҳа ҷоиз аст. «Яъқуб (алайҳис салом) гуфт: «Эй фарзанди азизам, зинҳор хоби худро ба бародаронат ҳикоят макун».

Фоидаи 4: Байни бародарон шайтон дохил мешавад, ҳатто бародароне, ки аз як падару модар бошанд ба дилҳои онҳо душманӣ меандозад.

Фоидаи 5: Ба падар лозим аст, ки байни фарзандонаш адл кунад.(ояти 6).

Фоидаи 6: Аллоҳ таоло аз бандагонаш касеро хоҳад ихтиёр мекунад ва ин ихтиёр неъмат аст.

Фоидаи 7: Аз хонаводаи нек фарзанди нек меояд. (ояти 7).

Фоидаи 8: Бадбинӣ соҳибашро ба зарарҳо ва мушкилиҳо дучор мекунад.

Фоидаи 9: Бадбинии бародарон ба он оварда расонд, ки қасди куштани бародари худро кунанд: «Бояд Юсуфро бикушед ё дар диёре дур аз падар бияфканед».

Фоидаи 10: Шахсе гӯяд, ки гуноҳ карда, пас тавба мекунам ва ба роҳи рост меравам, ин тавба фосид аст. (ояти 11-15).

Фоидаи 11: Албатта гумони бад ҷоиз нест, чун ҳуҷҷат ба кори бад мешавад:

«Эй фарзандон ман аз он тарсон ва парешон хотирам, ки аз ў дар биёбон ғафлат кунед ва ў таоми гургон шавад».

Фоидаи 12: Аллоҳ таоло Юсуф (алайҳис салом)-ро аз оғози кор собит карда буд. (ояти 16-18).

Фоидаи 13: Гарчанде шабона бародарон ба назди падар бо ҳиллаҳо омада бошанд, ин зоҳири онҳо худ ҳиллаи онҳоро гувоҳӣ медод.

Фоидаи 14: Яқуб (алайҳис салом) дид, ки курта нодарида аст, вале бо хун олуда аст ва чӣ хел гург бе дарондани курта инсонро бихурад?

Фоидаи 15: Ҷоиз будани мусобиқа ва машрӯъ будани он, ба мисли мусобиқа бо асп ва камонпаронӣ. (ояти 9).

Аспдавонӣ ва камонпаронӣ ин амрҳое аст, ки барои ҷанг муайян карда шудааст ва онро бо ҷоиза бозӣ кардан ҷоиз аст ва бозиҳое, ки ғайри амрҳои муайяне дар нашри дин набошад, бо ҷоиза бозӣ кардани он ҷоиз нест.

Мусобиқа бар се навъ аст: 1. Бозиҳое, ки бо ҷоиза бозӣ кардани он ҷоиз аст, ба мисли камон, силоҳи дастӣ, тайёра, танк ва ҳама василаҳои паронданӣ. Бо ҷоиза бозӣ кардани мусобиқаҳои нашри дин ҷоиз аст, ба мисли ҳифзи Қуръон, суннат ва илм.

  1. Бозиҳое, ки бо ҷоиза бозӣ кардани он ҷоиз нест, ба мисли мусобиқаи давидан, ки бар он ихтилоф аст, вале бе ҷоиза ва бе муқобили шахси дигар ҷоиз аст.
  2. Бозиҳое, ки бо ҷоиза ва ё беҷоиза бозӣ кардани он ҳаром аст, ба мисли бозии хурусҷанг ва гусфандҷанг.

Фоидаи 16: Яъқуб (алайҳис салом) гуфт: «Балки ин амри зишту қабеҳро нафси маккор дар назари шумо бисёр зебо ҷилва дод».

Фоидаи 17: Уламо сабри ҷамилро мегӯянд: Сабре, ки дар вай шикоят ва нороҳатие нест. (ояти 19-22).

Фоидаи 18: Башорат ба амри шодиву хурсандӣ.

Фоидаи 19: Албатта харидани чизе мутааллиқ ба харид ва фурӯш аст.

Фоидаи 20: Албатта фурӯхтани шахси озод ва хӯрдани пули он аз гуноҳҳои кабира буда ва он аз феъли бародарони Юсуф (алайҳис салом) аст.

Фоидаи 21: Тарбия ёфтани Юсуф (алайҳис салом) дар хонадони азизи Миср бе ягон хориву тангӣ. (ояти 21).

Фоидаи 22: Ҷавоне, ки дар тоати Аллоҳ нашъу намо меёбад, албатта Парвардигор ба ў илм ва ҳикматро ато мефармояд. (ояти 23-24).

Фоидаи 23: Хилват бо зани бегона хатарнок ва муҳаррам аст, ки инсонро ба мусибатҳои бузург бурда мерасонад. (ояти 23).

Фоидаи 24: Ҳилла ва фиреби зан бо Юсуф (алайҳис салом) чанд василаҳо дошт:

  1. Бо кори ношоиста хостану фиреб додан.
  2. Юсуф (алайҳис салом) дар хонаи Азиз буд, лекин дар онҷо ғариб набуд.
  3. Аз қулф кардани дар нигаҳбон ғоиб буд ва ин даъват ва роҳ ба сўйи ҳаром буд.
  4. Юсуф (алайҳис салом)-ро он зан ба он кор ҳавасманд мекард.
  5. Юсуф (алайҳис салом) ҷавон буд.
  6. Он зан саййиди Юсуф(алайҳис салом) буд, ки амр ва наҳй ва тоат аз они ў буд.
  7. Юсуф (алайҳис салом) ғулом буд, озод набуд, ки ғуломон дар назди онҳо чанд дараҷа паст буданд.
  8. Юсуф (алайҳис салом) дар ин шаҳр ғариб буд ва маълум аст, ки ғариб дар шаҳри бегона назар ба фарзанди ҳамин диёр аз нангу ор ва шармандагӣ наметарсад.
  9. Он зан хеле зебо буд.
  10. Он зан соҳиби фармонравоӣ ва подшоҳӣ буд, ки агар чизе мехост, ҳозир мекард.
  11. Шавҳари он зан марди боғурур буд.
  12. Ҳиллаву фитнаи он зан аз дигар занони он шаҳр зиёда буд.
  13. Он зан Юсуф (алайҳис салом)-ро ба маҳбас таҳдид кард.

Дар инҷо сабабҳои бисёри даъват ба зино аст, лекин Юсуф (алайҳис салом) хеле устувор буд, истодагарӣ карда зино накард ва дар назди Худованд ба шаъну шарафи бузурге расид.

Фоидаи 25: Аллоҳ таоло дӯстони худро дар лаҳзаҳои душворӣ мададгор мешавад ва ба амрҳое онҳоро собит мегардонад.

Фоидаи 26: Агар аз тарафи Аллоҳ таоло ёрдаму кӯмак нашавад, инсон ба ҳақ соҳиб намегардад.

Фоидаи 27: Гувоҳӣ ва шаҳодати шахси наздик ба наздиконаш боқувваттар аз шаҳодати шахси дур аст.

Фоидаи 28: Ҳиллаи зан хеле бузург аст, агар хоҳад онро иҷро мекунад ва ин чизе аст, ки Худованд онҳоро чунин халқ кардааст.

Фоидаи 29: Юсуф (алайҳис салом) хеле ҷамоли зебо ва бузурге дошт. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд, ки «Юсуф нисфи ҷамоли оламро дошт». (ояти 30-32).

Фоидаи 30: Байни занон паҳншавии сирҳо хеле бо суръати тез аст.

Фоидаи 31: Вақте, ки занҳо ҷамоли Юсуф (алайҳис салом)-ро диданд, гуфтанд:»Ин чӣ инсонест, магар фаришта бошад». Назди мардум сухане аст, ки фаришта зебо асту шайтон қабеҳ. Худованд аз Ҷибрил (алайҳис салом) хабар дода гуфт: «Зу мирратин фаставо» Тарҷума :»Ҳамон кас, ки тавоноии фавқулоддае (яъне ҷамол) дорад». (Сураи Наҷм-6). Сурати шайтон бошад: «Талъуҳо кааннаҳу рууссуш шаётин» Тарҷума: «Шукуфаи он монанди сарҳои шаётин аст». (Сураи Соффот-65).

Фоидаи 32: Албатта барои тоати Аллоҳ таъоло шахси мусалмон ба сахтиҳо сабр мекунад, гарчанде ӯро ба сўйи бадие партоянд. (ояти 33-35).

Фоидаи 33: Аллоҳ таъоло дуои холисонаи дўстони худро иҷобат мекунад. (ояти 36).

Фоидаи 34: Албатта симои шахсони солеҳ дар рӯяшон дида мешавад. (ояти 37-42).

Фоидаи 35: Даъваткунанда ба сўйи ҳақ бояд дар байни мардум шахси боваринок ва дилпур бошад.

Фоидаи 36: Даъваткунанда аввал бояд аз тавҳид шурӯъ кунад. Мисле, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Маъоз (разияллоҳу анҳу)-ро барои даъвати тавҳид ба сўйи Яман фиристонданд ва Юсуф (алайҳис салом) дар маҳбас бар ин ду шахси хобдида ҷавоби саволро аввал аз тавҳид оғоз кард.

Фоидаи 37: Гуфтани таъбири хоб фатво аст. «Қузияал амрул лази фиҳи тастафтиён». Уламои ислом мегӯянд, ки бе илм ба таъбири хоб сухан кардан ҷоиз нест.

Фоидаи 38: Гирифтани сабабҳои ҷоиз, барои наҷот дуруст аст.

Фоидаи 39: Хоби нек ҳақ аст ва мумкин аст, ки хоби некро кофир бубинад, лекин ин нодир аст.

Фоидаи 40: Юсуф (алайҳис салом) ба пурсандаи таъбири хоб нагуфт, ки аввал маро аз маҳбас берун кунед, баъд чавоб медиҳам, балки дар ҳол гуфт, ки ҳафт сол зироъат кунед.

Фоидаи 41: Дар ин оятҳо усули иқтисод ва ҳифзи мол аст, ки он асли иқтисод аст.

Фоидаи 42: Баъди солҳои хушкиву сахтӣ албатта соле фаро расад, ки борони фаровон насиби мардум шавад.

Фоидаи 43: Юсуф (алайҳис салом) аз маҳбас ба сўйи мардум набаромад, магар бо покӣ ва ҳавасмандӣ, ки хеле дурандеш буд ва бар ў муҳимтар ин ислоҳи хатогииҳои гузашта ва ислоҳи амале, ки гирифтор шуда буд. (ояти 50-54).

Фоидаи 44: Агар шахси қодире талаби мансаб кунад, пас он ҷоиз аст ва агар ин талаб зарар ба нафсаш нашавад ва бояд он шахс қудрати худро ба малик баён кунад ва талабаш барои фоидаи мардум, на барои фоидаи шахсии худ бошад ва ба ин мансаб ғайри Юсуф (алайҳис салом) дигар шахс қодир набуд. (55-57).

Фоидаи 45: Аллоҳ таоло ба солеҳон агар нияти хуб дошта бошанд, маконат медиҳад. (56). Мисли ҳаёти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар Мадина Мунаввара ва Юсуф (алайҳис салом) дар Миср. (с.Аъроф;129 ва 137).

Фоидаи 46: Ба Юсуф (алайҳис салом)) се навъи сабр ҷамъ шуд: 1.Сабр бар тоати Аллоҳ таоло.

2.Сабр аз гуноҳ кардан бар Аллоҳ таоло.

  1. Сабр ба тақдири Аллоҳ таоло.

Фоидаи 47: Юсуф (алайҳис салом) дар муддати ҷудоӣ аз бародарони худ, ки онон калонсол буданд дар шакл тағйир наёфтанд ва Юсуф (алайҳис салом), ки хурдсол буд то калон шудан дар ин муддат хеле тағйир ёфт ва Юсуф (алайҳис салом) онҳоро шинохт, лекин онҳо Юсуф (алайҳис салом)-ро нашинохтанд. (59-62).

Фоидаи 48: Юсуф (алайҳис салом) донову закӣ буд, фаромӯшхотир набуд, ки ба бародаронаш гуфт: «Шумо аз падаратон бародари дигаре доред, онро низ ба инҷо биёред».

Фоидаи 49: Эҳтироми меҳмон ва додани чизе ба шахси мусофири муҳтоҷ бояд доимӣ ва одати ҳар марду зани мусалмон бошад.

Фоидаи 50: Барои расидан ба мақсадҳои мубоҳ, ҳиллаҳои мубоҳ ҷоиз аст.

Фоидаи 51: Албатта шахси муъмин аз болои санг ду бор намелағжад. (63-64).

Фоидаи 52: Таваккал кардан ба Аллоҳ таъоло сабаби дур кардани макрӯҳот аст. Падари Юсуф Яъқуб (алайҳис салом) таваккал ба Аллоҳ таъоло кард.

Фоидаи 53: Икрому эҳтироми мардум ин василаест барои кашидани дилҳои онҳо ба сўйи худ. (65).

Фоидаи 54: Ҳар вақте, ки инсон ба ягон кор муҳтоҷ аст, гӯяд: Ба Худованди Бузург аҳд кардам, ки чунин мекунам ва ё чунин намекунам. (66).

Фоидаи 55: Аз фиқҳи Яъқуб (алайҳис салом) буд, ки агар инсон ба ягон кораш ғолиб ояд, пас вай маъзур аст. (Бақара-286).

Фоидаи 56: Баъди бастани аҳд, эълон кардани таваккал ба Аллоҳ таъоло ҳама чизро зиёда гардонад ва бар вай барака ва хайр ва ёвари ҳардуи тарафайн гардад. (Қасас-27,28).

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баъди бастани аҳд ё иттифоқ ин калимаро мегуфтанд: «Он чизе, ки гуфтем Аллоҳ таоло бар он вакил аст».

Фоидаи 57: Бе ягон васила гирифтани чизе виқоя аз чашм машрӯъ ва ҷоиз аст. Фарзандони Яъқуб (алайҳис салом) соҳиби ҷамол ва адади зиёд аз мардон буданд, ки мардум ба онҳо чашм мекарданд ва Яъқуб (алайҳис салом) ба онҳо гуфт: «Аз як дар дохил нашавед, балки аз дарҳои гуногун дохил шавед». (67,68).

Фоидаи 58: Шахси мусалмон бояд гумони баде, ки мардум бар он мекунанд, аз худ дур кунад.

Фоидаи 59: Воқеъ шудан ба тақдири Худовандӣ гирифтани сабабҳоро манъ намекунад.

Фоидаи 60: Зиёд будани икроми як бародар аз дигар бародарон ҷоиз аст. Мисли икроми Юсуф (алайҳис салом). (69,75).

Фоидаи 61: Юсуф (алайҳис салом) хост бо ҳиллае бародари хурди худро дар наздаш дорад.

Фоидаи 62: Музд ва подош додани шахсе машруъ аст. Ба мисли шахсе, ки чизеро гум кард ва гуфт: Касе, ки чизи гумкардаи маро дарёфт кунад 100 сомонӣ подош аст ва ақди додани подош маълум бошад, гарчанде амал маҷҳӯл аст.

Фоидаи 63: Аҳди кафолат ҷоиз аст.

Фоидаи 64: Инсон агар кореро таҳия кунад, бояд пайрави сабабе шавад ва боздошт кардани Юсуф (алайҳис салом) бародарашро аз рўйи шариъати Яъқуб (алайҳис салом) буд, на аз рўйи дини подшоҳ. (76, 77).

Фоидаи 65: Воҷиб будани ҳукм аз рўйи шариъат ва суннатҳои Паёмбар (салаллоҳу алайҳи ва саллам) аст.

Фоидаи 66: Воҷиб аст, ки китоби Аллоҳ Қуръони Каримро гирем ва аз рўйи он амал бикунем.

Фоидаи 67: Баъзе мардум аз истифодаи оятҳо дар ғайри мавзеъаш навоварӣ мекунанд. (Рум-2,3).

Фоидаи 68: Инсон барои бузург доштани шаъни аҳду паймон ва ҳис кардани масъулияти он бояд боварии сахту комил дошта бо амал кардан онро таҳқиқ кунад.

Фоидаи 69: Инсон агар донад, ки каломи ўро дуруғ медонанд, бояд бо суханони худ шоҳид дошта бошад. (82.84).

Фоидаи 70: Сабри ҷамил оқибаташ ҳамида аст.

Фоидаи 71: Гумони нек аз чизҳои лозим шуморидашудаи тавҳид аст ва акси он зидди тавҳид мебошад.

Фоидаи 72: Гиря кардан бар зарари сабр аст, лекин дар вақти вафоти наздикон ҷоиз аст, ки ашк резонем. Ин ашк аз рўйи раҳм ва шавқат аст, ки ашки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар вақти вафоти фарзандашон нозил шуд. Фарёд задан дар вақти вафоти наздикон аз гуноҳҳои кабира аст.

Фоидаи 73: Шахси мусалмон бояд тамоми шикояти худро ба сўйи Аллоҳ таъоло бикунад. (85,87).

Фоидаи 74: Фарқ байни таҷассус ва таҳассус чист? Таҷассус, ин шунидани сухане аст, ки намехоҳанд ту он суханро бишнавӣ ва ҷосус аз амалҳои бади инсон буда, тамоми васоили он муҳаррам аст.

Таҳассус, ин пурсидани шахс аз чизе аст, масалан аз роҳ ва аз ахбор, ки ин ҳама мубоҳ аст.

Фоидаи 75: Ноумед шудан аз раҳмати Худованд ҳаром аст ва дилсардӣ зидди тавҳид буда, ҷоиз нест.

Фоидаи 76: Бародарони Юсуф (алайҳис салом) аз кардаи худ пӯшаймон шуда чунин гуфтанд: Ба Аллоҳ савганд, ки туро бар мо бартарӣ бахшида ва мо хатокор будем.

Фоидаи 77: Агар инсон дар ҳоли хорӣ ягон наздикони худро бубинад, ғаму андуҳаш кам гашта, қаҳру ғазаби худро тарк карда ба онҳо раҳм мекунад.

Фоидаи 78: Инсон нагӯяд, ки ин мансабро ман бо зиракӣ ва доноӣ дарёфтам, балки бигӯяд, ки ин маконат бо қудрати Худованд аст. Юсуф (алайҳис салом) эътироф кард, ки ин инъом аз тарафи Аллоҳ аст.

Фоидаи 79: Агар Худотарсӣ ва сабр бо ҳам ҷамъ шаванд, Аллоҳ таъоло оқибати ҳамидаро ато мефармояд.

Фоидаи 80: Юсуф (алайҳис салом) ба бародаронаш гуфт: Имрӯз маломату тавбеҳе бар шумо нест, Худованд шуморо мебахшад ва Ў меҳрубонтарини меҳрубонон аст.

Фоидаи 81: Бахшиш дар назди Қодиру Тавоно аст.

Фоидаи 82: Агар бар ту шахсе хатое кард, дуо ва мағфирати ўро бикун ва агар ба ту зулм кард, бигӯ, ки Аллоҳ туро бахшад, дар ин ҳолат барои ту аҷру савоби бузург дода шавад.

Фоидаи 83: Паёмбарон (алайҳимус салом) мӯъҷизаҳое доранд, ба мисли куртае, ки аз Юсуф (алайҳис салом) оварда ба рўйи Яъқуб (алайҳис салом) молида шуд, пас чашми ў бино гардид.

Фоидаи 84: Чизҳои маънавӣ он аст, ки инсон онро ҳис намекунад, пас оё бўйи Юсуф (алайҳис салом) аз Миср то Фаластин вуҷуд дошт? Не, албатта ин муъҷизаи Яъқуб (алайҳис салом) буд, ки бўйи фарзандашро аз масофаи дур ҳис мекард.

Фоидаи 85: Дўст доштани башорати нек, мукофот барои башоратдиҳанда аст.

Фоидаи 86: Дар вақти оқи падар шудан, фарзанд бояд аз падараш талаби истиғфори гуноҳашро хоҳад ва бигӯяд, ки «Эй падар моро бубахш».

Фоидаи 87: Инсон бояд хатогиҳои худро эътироф кунад.

Фоидаи 88: Илтимоси инсон дар вақти даст ба дуо бардоштан сабаби иҷобати дуо аст. Бинобар ин Яъқуб (алайҳис салом) дар ҳол дуо накард, балки вақти саҳар дуо кард.

Фоидаи 89: Икрому ҳурмати падару модар некӣ ба онҳост, ки Юсуф (алайҳис салом) онҳоро ба хонаи худ ҷой дод ва дигаронро бошад ба меҳмонхона бурд.

Фоидаи 90: Юсуф (алайҳис салом) барои даромадан ба Миср ба онҳо дилпурӣ дод.

Фоидаи 91: Фарзандон бояд падару модари худро зиёд эҳтиром кунанд.

Фоидаи 92: Онҳо ба Юсуф (алайҳис салом) саҷда карданд, ки ин саҷда дар шариъати онҳо ҷоиз буд, аммо дар шариъати мо саҷда ба ғайри Аллоҳ ҷоиз нест. Ибни Касир ва Қитода (раҳимаҳуллоҳ) дар тафсир меоранд, ки аз шариъати Одам (алайҳис салом) сар карда, то Исо (алайҳис салом) ин амал ҷоиз буд.

Фоидаи 93: Таъбир кардани хоб ҷоиз аст, агар чанде он баъди бист ё си сол воқеъ шавад.

Фоидаи 94: Аз ахлоқи Паёмбарон (алайҳимус салом) ин буд, ки Юсуф (алайҳис салом) тамоми ҳодисаҳо ва зулму ситамҳое, ки байни ў ва бародаронаш шуда буд, фаромӯш накард ва ҳам қасоси онҳоро нагирифт.

Фоидаи 95: Неъматҳое, ки инсон дар ҳама аҳвол рӯ ба рӯ мегардад, бояд эътироф кунад.

Фоидаи 96: Оқибати ҳама сахтиҳо некиҳост. Юсуф (алайҳис салом) гуфт: «Ў ба ман некӣ кард ҳангоме, ки маро аз зиндон берун овард».

Фоидаи 97: Худованд Латифу Меҳрубон аст ва мисли Мерубонии Ў ба Юсуф (алайҳис салом) дар чоҳ, дар маҳбас, дар фақирӣ, дар золим нагаштани ў ва инчунин меҳрубониаш ба аҳли хонадони худ баъди солҳои дароз.

Фоидаи 98: Аллоҳ таъоло ду парокандагиро ҷамъ кард дар ҳоле, ки онҳо гумон доштанд баъди ин мулоқоте нест, вале Парвардигори оламиён ин оиларо баъди вақти дарозе бо ҳам ҷамъ кард.

Фоидаи 99: Инсон вақте, ки неъматро ба пурраги ҳосил мекунад, аз Аллоҳ мепурсад, ки хотимаи ўро бо ҳамин роҳ анҷом бидиҳад, бинобарин Юсуф (алайҳис салом) гуфт: «Маро мусулмон бимирон ва ба солеҳон мулҳақ намо».

Калимаи солиҳин дар ин оят ҳама Паёмбарони гузаштаанд, ки рафиқи аъло ҳастанд, пас рафиқи аъло киҳо ҳастанд? Рафиқи аъло Паёмбарон, Сиддиқин, Шуҳадо ва Солиҳин мебошанд. (101. 102).

Фоидаи 100: Тамоми ин қисса ба мову шумо ибрат буда, тасдиқкунандаи он чӣ пеш аз мо ба аҳли китоб омада буд, мебошад, ки фарқи шариъати пешина аз шариъати мо ҳамин аст. Ин қисса ҳидояти халқ аз залолату гумроҳӣ буда раҳмат бар муъминон аст ва ба шахси оқил фақат ин қисса кифоякунанда нест, балки тамоми қиссаҳое, ки дар Қуръон омадааст.

Рейтинг
( Пока оценок нет )
Мақола ба шумо писанд омад? Бо дӯстонатон мубодила кунед:
Назари худро баён кунед:

;-) :| :x :twisted: :smile: :shock: :sad: :roll: :razz: :oops: :o :mrgreen: :lol: :idea: :grin: :evil: :cry: :cool: :arrow: :???: :?: :!:

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.