ДОСТОНИ АЛӢ ВА ҲАМНАБАРДАШ

Аз Алӣ омӯз ихлоси амал,Шери Ҳақро дон мутаҳҳар аз дағал.Дар ҷанге Алӣ ибни Абӯтолиб (р) душмани худро ба замин заду шамшер кашид, ки бикушадаш. Паҳлавон ба рӯйи он бузургвор оби даҳон андохт. Алӣ аз куштани ӯ сарфи назар карду шамшерашро дар ғилоф андохт. Паҳлавони шикастхӯрда аз ин кор ҳайрон шуд.

Гуфт: «Бар ман теғи тез афроштӣ,Аз чӣ афкандӣ? Маро бигзоштӣ?Гуфт: «Ман теғ аз пайи Ҳақ мезанам,Бандаи ҳаққам, на маъмури танам.Шери Ҳаққам, нестам шери ҳаво,Феъли ман бар дини ман бошад гуво».

Алӣ фармуд:–Ман ҷанг дар роҳи Худо мекунам ва туро ҳам бо фармони ӯ мехостам бикушам. Аммо чун оби даҳон андохтӣ, агар даст ба хуни ту меолудам, ин кор ба хотири хашму кин мебуд ва аз роҳи Худо гум ме-шудам.Он гоҳ Алӣ достонеро баён кард, яъне ҳазрати Расули акрам (с) хабар дода буд, ки фалон кас рӯзе туро хоҳад кушт. Ва он мард, ки зоҳиран мусалмон буд, ба дасту пойи Алӣ афтод, ки ӯро пеш аз ин ки чунин гуноҳе бикунад, бикушад. Ҳазрати Алӣ бо ин ки яқин дошт, пешбинии Паёмбари Худо (с) рост хоҳад омад, нахост душмани худро бикушад ва нахост, ки хуни касеро ба хотири худ бирезад. Паҳлавон, ки ин достонро шунид:

Гуфт: «Ман тухми ҷафо мекоштам,Ман туро навъе дигар пиндоштам.

Сипас гуфт:–Ҳоло донистам, ту пойбанди ҳавои нафс нестӣ ва танҳо дар роҳи Худою фармони ӯ шамшер мезанӣ. Он қадар бар худ ҳокимият дорӣ, ки дар авҷи пирӯзӣ бар душмани ҷон ӯро мебахшӣ. Ман низ ислом меоварам ва бо ҳамроҳи панҷоҳ нафар аз хонаводаи дӯстонаш имон оварданду мусалмон шуданд:

Теғи ҳилм аз теғи оҳан тезтар,Бал зи сад лашкар зафарангезтар.

Сахт хоколуд меояд сухун,Об тира шуд, сари чаҳ банд кун.

То Худояш боз софу х(в)аш кунад,Ӯ, ки тира кард, ҳам софаш кунад.

Сабр орад орзуро, не шитоб,Сабр кун, «валлоҳу аълам би-с-савоб».

Аз китоби «Достонҳои «Маснавӣ»

Рейтинг
( Пока оценок нет )
Мақола ба шумо писанд омад? Бо дӯстонатон мубодила кунед:
Назари худро баён кунед:

;-) :| :x :twisted: :smile: :shock: :sad: :roll: :razz: :oops: :o :mrgreen: :lol: :idea: :grin: :evil: :cry: :cool: :arrow: :???: :?: :!:

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.