Ҳодисаҳои бо нафти WTI рӯхдодаро чунин тавзеҳ медиҳам:

Ҳодисаҳои бо нафти WTI рӯхдодаро чунин тавзеҳ медиҳам:

Вожаест бо номи “шартномаи фючерсӣ”. Яъне нафтро шумо имрӯз мехаред, аммо иҷрои он дар оянда, дар як замони муайян ба вуқуъ меояд. Дар сурати иҷро нашудани ин шартнома яке аз ҷонибҳо, ки сабаби иҷро нагаштани шартнома шудааст, зарари калон мебинад.

Хориҷкунандагони нафт , нафти ҳануз зери замин бударо ба харидорон барои як давраи муайян дар замони оянда пешниҳод менамоянд, харидон низ дар навбати худ онро тибқи шартномаи фючерсӣ харидори мекунанд.

Дар ҳамин ҳол шартномаи фючерсӣ бо пешпардохти нопурра амал менамояд,. Яъне, барои мисол, шумо нафти моҳи июнро бо қимати 20$ ҳамин ҳоло харидорӣ мекунед, аммо 2$ пешпардохт менамоед, ва 18$ боқимондаро ҳангоми иҷрои шартнома пардохт менамоед. Инро эксператсияи фючерс меноманд, аз рӯи моҳият бояд чунин бошад.

Ҳамаи ин бо беҳтарин шакл ба амал меомад, ба шарте, ки миёнадароҳо аз байн мерафтанд. Дар амал қисмати зиёди фючерсҳоро мёнадароҳо мехаранд ва рӯзи иҷрои шартномаҳо бо арзиши дигар ба харидорони аслӣ мефурӯшанд. Дар натиҷа миёнадаро ё манфиат мебинад ё зарар. Дар бозори ором чунин ба амал меояд, аммо вақте ки шикаст пеш меояд ва талабот ба нафт аз байн меравад, аммо шумо мефаҳмед, ки вақтатон расидааст ва бояд шартномаро иҷро намоед, аммо чӣ кор карда метавонед? Шумо як нафр сармоягузор ҳастед, ҷавоне бо либоси шинам, бароятон нафт ҳеҷ гоҳ лозим нест, барои ин миқдор нафти бисёр ҷои нигоҳдорӣ ҳам надоред ва лулаҳо ва танкерҳоро саривақт бояд озод намоед, барои ин шумо як роҳ доред, бо кадом роҳе набошад фючерсҳоро ҳатто бе пул фурӯшед , на фақат бепул, ҳатто агар лозим шавад пул пардохт мекунед то ин ки нафти шуморо бигиранд.

Ман инро бисёр сода намудам, то ин ки барои ҳамагон фаҳмо гардад.

Муаллиф: Лухмонзода М.

Рейтинг
( Пока оценок нет )
Мақола ба шумо писанд омад? Бо дӯстонатон мубодила кунед:
Назари худро баён кунед:

;-) :| :x :twisted: :smile: :shock: :sad: :roll: :razz: :oops: :o :mrgreen: :lol: :idea: :grin: :evil: :cry: :cool: :arrow: :???: :?: :!:

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.