Ислом – дини башардӯстӣ
 يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنَّا خَلَقْنَاكُمْ مِنْ ذَكَرٍ وَأُنْثَىٰ وَجَعَلْنَاكُمْ شُعُوبًا وَقَبَائِلَ لِتَعَارَفُوا إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِنْدَ اللَّهِ أَتْقَاكُمْ إِنَّ اللَّهَ عَلِيمٌ خَبِيرٌ  Эй мардум, мо шуморо аз як марду зан офаридем ва шуморо ба фирқаҳо ва миллатҳо ҷудо намудем. Ҳамоно беҳтарини шумо дар назди Худованд парҳезгортарини шумост. Худованд доно ва огоҳ аст. (Ҳаҷарот, ояи 13)  Парҳезгор […]
Ислом аз нигоҳи олимон
Хуштар он бошад, ки сирри дилбарон,  Гуфта ояд дар ҳадиси дигарон. (Румӣ)  Мақоми ниҳоӣ барои ҳар шахси хирадманд Ислом аст. (Л.Н.Толстой)  Ман боварӣ дорам, ки асли ҳақи­қат дар Қуръон аст ва он ода­ми­­­ятро муваффақ мегардо­­­­­­над. (Наполе­­он)     Ислом ҳидоят мекунад, ки маф­туни офариниши Худо бошем. Ҳан­гоме, ки Ғарб дар олами пур аз тарсу ҷаҳолат зиндагӣ дошт, сито­раи Ислом аз Шарқ […]
Забони миллии тоҷикон дар оғози Шӯравӣ чи ном дошт?
Субҳони Аъзамзод: Истилоҳи «форсӣ» дар китоби “Намунаи адабиёти тоҷик”-и домулло Садруддини Ъайнӣ барои таърифи аслу ҳақиқати забон ва адабиёти форсии қаламрави Осиёи Миёна дар бештар аз 60 маврид истифода шудааст: «забони форсӣ», «осори адабияи форс», «адабиёти форсӣ», «шеъри форсӣ», «ашъори форсӣ», «шоъири форсизабон», «шуъарои форсӣ», «шуъарои форс ва тоҷик», «шоъири машҳури форсиён», «девони форсӣ», «насри […]
Забони ‘тоҷикӣ’ ё ‘форсӣ’ ё ҳарду?
Акбари Турсон*: Дар байни фикру мулоҳизаҳое, ки зимни мутолеъа ва муҳокимаи Лоиҳаи Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадаанд, махсусан як пешниҳод боъиси андеша ва нигарониҳои мост, ки ба номи забони давлатиямон дахл (рабт) дорад. Як гурӯҳ одамон (мутаассифона, миёни онҳо зиёиён низ ҳастанд) бидуни ягон таҳлилу тааммули ҳамаҷиҳата ва ҷиддии ъилмӣ мехоҳанд, ки онро […]
РӮЗА ГИРИФТАНИ КӮДАКОН АЗ ЧӢ СИННЕ ВА ЧӢ ГУНА БОЯД БОШАД?
Суол: Кӯдакон ва навҷавонони писар ё духтар аз чӣ синне бояд рӯза бигиранд? Ва оё шаръан барои рӯза гирифтани онон синни муайяне вуҷуд дорад? Ҷавоб: Дар ҳадис омадааст, ки Паёмбар (с) мефармояд: «Руфиъал қаламу ъан салосин: ъанис сағир ҳатто якбара ва ъанин ноими ҳатто ястайқиза ва ъанил маҷнуни ҳатто юфиқа» (Се гурӯҳ таклиф надоранд: 1. Тифл […]
Истеҳсолкунандагони нафт чораҳои изтирориро пеш гирифтанд
Нуқтаҳои сурх танкерҳои нафткашони пур, ки аз сабаби набудани талаботи ҷаҳони ба нафт — арзиши тахминии як руза ба ҳар киштӣ $ 30 000 ташкил мекунад, дар баҳрҳо дармондаанд Нафти зиедатӣ дар бозор ба он оварда расонид ки, истеҳсолкунандагони нафт ва маҳсолеҳи он чораҳои изтирориро пеш гирифтанд ва шуруъ ба дунболи маконҳои ғайримаъмулӣ барои захираи сузишвори […]
ҚИССАҲОИ ҚУРЪОНӢ-II
Идомаи қиссаи ҳазрати Одаму Ҳаво ВАСВАСАИ ШАЙТОН Одам бо завҷааш дар биҳишт шоду хуррам зиндагӣ доштанд. Аммо Иблис ғам дошт, зеро ӯро аз биҳишт Худованд ронда буд. Баъдан Иблис ба фиреби онҳо шурӯъ кард, то аз меваи барояшон Худованд манъкарда бихӯранд. Иблис бо макру ҳилла бар Одам ва Ҳаво талқин мекард, то аз меваи дарахт […]
Ҳурмати Падару Модар – эҳтиром ба волидайн
Парвардигор ба воситаи китоби азиму-ш-шаъни хеш бандагонашро огоҳ сохтааст, ки нисбат ба падару модари худ меҳрубон буда, ҳамеша нисбати онҳо сухану амалҳоеро анҷом диҳанд, ки боиси хушҳолиашон гардад ва дар навбати худ онҳо доимо аз даргоҳи Парвардигор шукургузорӣ кунанд, ки фарзандашонро дар роҳи рост раҳнамоӣ намудааст. Фарзандони солеҳ барои волидон ҳадяи беҳтарини Холиқи ягона, нури чашмон, […]
Ояд аз шеъру сухан бӯи Ватан — Лоиқи Шералӣ
Ояд аз шеъру сухан бӯи Ватан, Бинам аз рӯи сухан рӯи Ватан. Ҳар кӣ нируманд бошад дар ҳунар Такя дорад гар ба нируи Ватан. Шоирӣ аслан ватандорӣ бувад, На суханбофӣ ба ҳар кӯи Ватан. Шоирӣ он аст, ки бо савқи шеър Беватанро оварад сӯи Ватан. Шеър аз меҳри Ватан сар мезанад, Дар фазои ҷовидон пар […]
АҲМАД ЗОҲИР ВА ШОИРОНИ ТОҶИК — II
-Биё, Насимаҷон, биё. Аҳмад Зоҳирро гӯш кун, гуфтанд ба ман устод. Баъдтар фаҳмидам, ки яке аз шогирдони устод кассетаи овозхони маъруфи афғон Аҳмад Зоҳирро, ки дар он як шеъри устод «Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман, ҳамин кофист» низ ба оҳанг дароварда шуда будааст, барояш овардааст. Устод аз ин тӯҳфа хеле ҳам хурсанд шуда […]