Истеҳсолкунандагони нафт чораҳои изтирориро пеш гирифтанд

Нуқтаҳои сурх танкерҳои нафткашони пур, ки аз сабаби набудани талаботи ҷаҳони ба нафт — арзиши тахминии як руза ба ҳар киштӣ $ 30 000 ташкил мекунад, дар баҳрҳо дармондаанд

Нафти зиедатӣ дар бозор ба он оварда расонид ки, истеҳсолкунандагони нафт ва маҳсолеҳи он чораҳои изтирориро пеш гирифтанд ва шуруъ ба дунболи маконҳои ғайримаъмулӣ барои захираи сузишвори намуданд. Агар қабл аз ин ширкатҳо танкерҳои бисер бузург (very large crude carriers, VLCC) истифода мебурданд, дар ҳоли ҳозир онҳо маҷбур шуданд, ки ба истифодаи киштиҳои кучактар гузаранд. Дар ин бора навистааст Financial Times.

Авҷи талабот ба VLCC, ки то 2 миллион бушка нафтро ҷой медиҳад гузашта рафт — айни ҳол ефтанани чунин танкери озод имкон надорад, аз ин рӯ, арзиши фрахт (иҷораи киштиҳо) ба поен рави шуруъ кард. Дар ҳоли ҳозир арзиши иҷораи VLCC коҳиш ефтааст то $ 167 000 рузаш.

Талабот ва арзиш ба танкерҳои ҳаҷми хурд боло рафт. Сухан оиди танкрҳои Long Range 2 бо ғунҷоиши 800 ҳазор, ва Long Range 1 бо ҳаҷми аз 345 ҳазор то 615 ҳазор бушка меравад. Қимати иҷораи киштиҳои (фрахт) аввал бо арҳиши рекорди то 173 ҳазор доллар барои як руз боло рафт, дувуминаш — дубаробар шуда ба 112 ҳазор доллар барои як руз расид.

Масрафи нафт ва маҳсулоти он дар ҷаҳон 100 миллион бушка дар як руз аст, тақрибан ҳамон миқдор маҳсулот бароварда мешвад. Аммоаз сабаби вируси куруно, замоне ки қисмати бузурги корхонаҳои саноатӣ боздошти шуданд, талабот дар як шабонарӯз то 30 миллион бушка коҳиш ефт, ки дар натиҷа ба таклифҳои аз ҳад зиед оварда расонид.

Аз ин сабаб қариб ҳамаи имконоти захирасози замини пур шуда будаги ё ба иҷора супорида шуда буд, бисере аз харидорон эҳтиеҷ ба амборҳои шинокунанда (танкер) доранд. Аз руи гуфтаи трейдерҳо омилҳои дигар низ ҷой доранд, ки ба баланд шавии арзиши фрахт таъсир мерасонанд. Бо сабаби вируси куруно дар аксарияти портҳо, алалхусус дар ИМА, борфарори ба мушкил дучор шудааст. Ин ба он оварда мерасонад ки, киштиҳо ба кишварҳое ки онҷо борфарори бидуни тағири назаррас анҷом меебанд, фиристода мешавад. Танкерҳо дар роҳҳои чаҳони алакай роҳбандиро эҷод намудаанд. Дар гулугоҳи Сингапур, роҳбандии бузурге иборат аз 60 танкерҳо эҷод шудааст, аммо дар отрофи Калифорния 30 танкерҳо безаракат истодаанд. Аз пастравии талабот ба ашёи хом, киштиҳо ҷои рафтан надоранд.

Рейтинг
( Пока оценок нет )
Мақола ба шумо писанд омад? Бо дӯстонатон мубодила кунед:
Назари худро баён кунед:

;-) :| :x :twisted: :smile: :shock: :sad: :roll: :razz: :oops: :o :mrgreen: :lol: :idea: :grin: :evil: :cry: :cool: :arrow: :???: :?: :!:

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.