СИТОРАШИНОСОН ВА ФОЛБИНОН НИЗ МАНБАИ ИТТИЛООТАНД

Дар гузашта подшоҳону сарварони давлатҳо ба хотири иттилоъ гирифтан аз пешомадҳои хеш ва наздикону ақрабояшон аз хизмати муннаҷимону ситорашиносон ва ҳатто фолбинон васеъ истифода мекарданд. Имрӯзҳо низ дар замони пешрафти илму техника ин амал роиҷ аст. Дар назди хадамотҳои иттилоотӣ ва зиддииттилоотии кишварҳои мутараққӣ шӯъбаҳои махсусе амал мекунанд, ки бо ҷамъоварӣ, таҳқиқу баррасӣ ва ба масъулони давлат пешкаш кардани иттилооти аз чунин манбаъҳо ба даст омада машғуланд.

Дар вақти яке аз чунин пурсишҳо ситорашиносон ба Ардавон хабар мерасонанд, ки тибқи ҷобаҷогирии ҷирмҳои осмонӣ, аз ҷумла, ситораву саёраҳои маъруф, дар қаламрави Эронзамин подшоҳи нав падид меояд ва ӯ подшоҳони худро нобуд сохта, ҷаҳонро ба ягонаподшоҳӣ меоварад. Фолбини дигаре ҳатто мегӯяд, ки подшоҳи оянда шахсе хоҳад буд, ки ӯ дар зарфи се рӯзи наздик қаламрави подшоҳ Ардавонро тарк намояд.

Ардашер тамоми ин суханонеро, ки мунаҷҷимону фолбинон ба Ардавон мегуфтанд, тавассути канизаки ӯ мефаҳмад. Ва ӯ ба канизак гуфт, ки агар андешаат ба ман росту ягонааст, дар ҳудуди ин се рӯз, ки доноёну ахтаршиносон мунтахабан гуфтаанд: «Ҳар кас, ки аз подшоҳи хеш бигурезад, ба подшоҳӣ бирасад», биё бо ман биравем, то ҷаҳонгир шавем». Канизак ба ин пешниҳоди Ардашер розӣ мешавад ва қабл аз он, ки бигурезад, аз ганҷинаи Ардавон шамшери ҳиндӣ, зини заррин, камари мешсар, тоҷи заррин, ҷоми заррин, гавҳару дираму динор, ҷавшану зиреҳ ва зинафзори пироста ва бисёр чизҳои дигар гирифта барои Ардашер биоварду Ардашер низ ду аспи беҳтарини Ардавонро, ки «рӯзе ҳафтод фарсанг роҳро тай карда метавонистанд», зин кард ва бо ҳамроҳии канизак роҳи Порсро пеш гирифт.

Ҳамин тариқ касби иттилооти дақиқ ва тарзи дурусти саривақтии истифода аз он Ардашерро ҳидоят ба он кард, ки дар гирифтани давлат саъйу кӯшиш намояд. Бо худ гирифтани боигарии калон ва аспони чобуки Ардавон, ки ба қавле номбардорони ӯ будаанд, низ далолатгари дурустии гуфтаҳои мост. Дар масири ҳаракати хеш ба сӯи Порс Ардашер ба хотири дар ғафлат намондан ва дастгир нашудан ва ҳарчи тезтар ба ҳадаф расидан низ ба касби иттилоот машғул будааст. Билохира Ардашер бо ҳамроҳии канизаку молу мулки ба даст овардааш ба соҳили баҳр мерасад ва онҷо одамони зиёдеро, ки аз сиёсати Ардавон норозӣ буда, аз ҷабру зулми ӯ гурехта мегаштанд, дар атрофи худ муттаҳид месозад. Аксари ин одамон фарри каёниро дар симои Ардашер медиданд ва аз авлоди Доро будани ӯро эътироф мекарданд. Ба ӯ на танҳо шахсони бебизоат, балки афроди соҳиби боигариву лашкари зиёде низ ҳамроҳ мегарданд. Масалан, Бунак ном сипаҳдоре аз Исфаҳон бо шаш нафар хуҷастаписару силоҳи зиёд дар ҷое, ки ба хотири Ардашер Ромиш – Ардашераш ном карданд, ба назди Ардашер омад ва арзи садоқат намуд:

Чунон сер гаштам зи шоҳ Ардавон,

Ки аз пиразан шуда марди ҷавон.

Ба фармони ту кӯҳ ҳомун кунем,

Ба теғ оби дарё ҳама хун кунем.

Ҳамин тариқ Ардашер афсарон ва лашкарони бисёреро ҷамъ оварда, таълим дод ва ба ҷанги Ардавон ва фарзандонаш омода намуд. Дар аввал Баҳмани Ардавонро шикаст дод. Сипас худи Ардавонро дар яке аз набардҳо ба қатл расонида, ду фарзандашро дастгир намуда зиндонӣ месозад. Ду фарзанди калонтари Ардавон аз майдони ҷанг ба сӯи Ҳиндустон мегурезанд. Ардашер духтари Ардавонро ба занӣ гирифт ва боз ба Порс рафт ва шаҳристоне бино кард, ки он ҷоро Ардашерфар хонданду муддате ба ободонии шаҳру деҳоти қаламраваш машғул гашт.

Дар набарди зидди шоҳи Курдон Модиг Ардашер аввал ба шикаст мувоҷеҳ шавад ҳам, вале баъди он, ки худи ӯ шахсан аз сарчӯпоне оид вазъи ҷуғрофии маҳали корзор касби иттилоъ мекунад, дар натиҷаи шабехун задан бо теъдоди каме аз сарбозонаш лашкари Модигро торумор менамояд.

«ШУНИДАН КАЙ БУВАД МОНАНДИ ДИДАН»

Дар мисоли зерин донишу таҷрибаи Ардашер дар соҳаи истифодаи дуруст аз иттилооти бадастомада хеле ҳам баръало мушоҳида мешавад ва возеҳ мебинем, ки ӯ шахсан чи гуна дар татбиқи иттилооти бадастомада ширкат меварзад. Дар қаламрави ӯ Кирми Ҳафтбод ном марде буд, ки як духтар дошту ҳафт писар. Лақаби Кирмро аз он сабаб гирифта буд, ки духтараш кирмеро аз даруни себе гирифта ба воя мерасонад ва билохира он кирм мисли фил бузург мешавад ва чун аждаҳое хӯрок мехӯрад. Ҳафтбод тавассути фарзандон ва ҳамон кирми бадкеш соҳиби молу мулк шуда дар қуллаи кӯҳе қалъа сохта, ба дуздиву ғорати мардум машғул мешавад. Кор то ба ҷое мерасад, ки Ҳафтбод ҳатто соҳиби лашкари панҷҳазора мешавад ва онро ба ғорати вилоятҳои гирду атроф мефиристад. Қалъаи болои кӯҳро Кирму дигар лашкари корозмуда дифоъ мекарданд.

Барои тасхири ин қалъа Ардашер лашкаре мефиристад, вале он ба осонӣ аз тарафи Ҳафтбоду фарзандонаш торумор мегардад. Сипас ӯ худ сарварии лашкарро ба ӯҳда гирифта ба корзори Кирм мерасад, вале фирефтаи ҳилаву найранги Ҳафтбод гардида, ба муҳосира афтода, лашкарашро пурра аз даст медиҳад ва худ ба қиммати бузурге ҷон ба саломат мебарад. Дар деҳае, ки Монд ном дошт, ба бародарон Бурзак ва Бурзодур аввалан худро ҳамчун сарбози Ардашер муаррифӣ мекунад ва чун мутмаин мешавад, ки бародарон ҷонибдор ва мухлиси Ардашер ҳастанд, худашро ошкор месозад ва аз онҳо илоҷи воқеаро пурсон мешавад. Бародарон ба ӯ мегӯянд: — «Ту хештанро дар ниқоби марди мусофир ороста кун ва хизматгори ӯ шав. Ду марди диногоҳро бо худ бар ва дар дил дуо бар Яздону ҳамешаспандон хон ва ба ҳангоми хӯрок хӯрдани он Кирм рӯин (сурб) гудохта ба даҳони он аждаҳо бирез, то бимирад».

Ардашер бо диққат ин пешниҳодро шунид ва ба Бурзаку Бурзодур гуфт, ки дар амалӣ кардани он ҳамроҳаш бошанд. Қабл аз ба ҷанги Кирм рафтан Ардашер нақшаи онро нозукона тарҳрезӣ намуд, ки тибқи он барнома лашкари 12 ҳазор нафараи ӯро яке аз сарлашкарони соҳибтаҷрибааш Шоҳгири хирадманду солор сарварӣ мекард. Ардашер ба Шоҳгир чунин дастур дод: «Акнун равшанравон бош, шабу рӯз талоя (аскарони пешгард) ба пой бошад, дар он сарварони бодонишу раҳнамойро дохил кун. Ҳама дидагонашонро кушода доранду посбонӣ кунанд. Ман акнун яке кимиё месозам, ки ин меросе аз ниёям Исфандиёр ба ман аст. Агар дидбонон рӯз дуд бинанду шаб оташ, бидонед, ки ахтару рӯзи бозори Кирм гузашт ва шумо зуд ба сари кори Кирм бишитобед».

Сипас Ардашер аз миёни меҳтарон ҳафт нафар мард, минҷумла Бурзаку Бурзодурро интихоб кард, ки онҳо ҳама ҳамрози Ардашер буданд ва розашонро ба боди ҳаво ҳам намегуфтанд. «Басе гавҳару ганҷу дебову ҳар гуна чиз гирифт. Ду сандуқро пур аз сурбу арзиз кард. Як деги рӯин бор кард» ва бар тан ҷомаи хуросонӣ роҳи қалъаи Кирмро пеш гирифт. Дарбонон чун бозаргони хуросонӣ будани ӯро фаҳмиданд, ба рӯяш дарвозаи қалъаро кушода худро зери борони тӯҳфаву ҳадяҳои савдогари наҷиб диданд. Ардашерро бо Бурзаку Бурзодур ба нишони эҳтиром дар хонаи Кирм ҷой карданд. Ардашер се рӯз шахсан парастиши Кирмро кард. Бо парастандагони Кирм май ва ба худи Кирм шахсан хӯрок пухта медод.

Дар ин байн яке аз нафарҳои ҳамроҳаш ба қалъа воридшударо ба берун, ба назди лашкараш фиристод ва тавассути ӯ ба лашкар дастури омодабош дод ва онҳоро мунтазири ишора, яъне сар додани дуд аз қалъаи Кирм кард. Бо расидани фурсати мувофиқ Ардашер баъд аз он, ки парастандагони Кирмро масти лояқил карда буд, ба деги рӯин сурбу қурғошим рехта онро гудохт ва ҳамин, ки Кирм талаби хӯрок кард ба ҳалқи ӯ сурби гудохтаро рехт. Кирм садои даҳшатноке бароварду ҷон дод. Шӯр дар қалъа барпой шуд. Ардашер парастандагонро, ки ҳама маст буданд, аз дами теғ гузаронд. Дар қалъа оташ сар доданд ва дуди он оташро дида лашкари Шоҳгир ба қалъа ҳуҷум овард ва онро тасхир намуд. Ҳафтбод ва Шоҳуни айёри ӯ низ баъдан дастгир шуда ба дор овехта шуданд.

Дар қадимтарин асари хатии адабӣ – таърихии мардуми форснажод, ки то ба замони мо омада расидааст ва таърихи тақрибан 1600 сола дорад — «Корномаи Ардашери Бобакон», чи тавре ки дидем, муаллиф хеле муфассал аз тарзу усули фаъолияти иттилоотӣ чи гуна истифода бурдани Ардашери Бобаконро ба қалам додааст. Гузаронидани чунин амалиётро ба мисли амалиёти Ардашер оиди тасхири қалъаи Кирм Ҳафтбод хадамоти ҷосусӣ ва зиддиҷосусии мамолики дунё, ки мушкили мушобеҳ доранд, орзу мекунанд. Охир, ҳанӯз ҳам роҳи асосии кушодани дарвозаҳои қалъаҳои дастнорас – харидани дарбонҳои онҳо боқӣ мондааст. Ё худ тавассути истифода аз май ва дигар маводи мадҳушкунанда касби иттилоот кардану безарар намудани рақибон магар усули кӯҳна шудааст?

Яке аз роҳбарони собиқ пуриқтидортарин хадамоти иттилоотӣ ва зидддииттилоотии ҷаҳон КГБ – и СССР Вячеслав Широнин дар китоби худ «Под колпаком контразведки», ки соли 1996 нашр гардидааст, дар хусуси роли ин хадамот дар ҷанги Афғонистон сухан ронда менависад, ки муҷоҳиддини афғон дар фаъолияти хеш оиди сари вақт огоҳ кардани ҳамшариконашон аз хатар аз усули нисбатан содда, вале санҷидашуда – сар додани гулханҳои бузург ва сердуд истифода мекарданд. Ҳамсафон баробари дидани ин ишораҳо тибқи маслиҳати пешакӣ амал мекунанд. Айнан он чизеро, ки дар фаъолияти Ардашер ҳангоми тасхири қалъаи Кирми Ҳафтбод дидем.

«ФИРИСТОДАРО РОЗ БИГИР…»

Дар поёни ҳамин асари «Корномаи Ардашери Бобакон» панду андарзҳои ин абармарди таърих, бунёдгузори ҳукумати Сосониён оварда шудааст, ки дар он низ Ардашери Бобакон зарурати ба даст даровардани иттилоотро доири аҳволи дохиливу берунии мамлакат таъкид кардааст. Аз ҷумла, дар яке аз андарзҳояш ӯ ба шоҳони баъдина чунин васият кардааст: «Аз ҳар ҷое, ки фиристода ояд, ӯро пеши худ хону бар тахти заррин шинон ва ба пурсиш ҳама рози ӯро бигир. Аз доду бедоди кишвараш, аз оину аз шоҳу аз лашкараш, аз неку бад ва аз ному овозаи ӯ огоҳ бошӣ. Ӯро ба айвон бурда ҳарчӣ ба кор бурд, биороӣ. Ва аз он пас ба хону майаш бихон ва ба тахти заррин биншон, бо хештан ба шикори нахчираш бар, лашкари бисёре дар анҷуман бигир. Ҳангоми гусел карданаш хилъати шаҳриёрӣ биорой.

Ба ҳар сӯи кишвар мубадонро бифирист, чунки онҳоянд беозору бедордилу бихрадон. То ҳар сӯ шаҳрҳо сохтанд ва бар ин ганҷе бипардохтанд.

Ба гирди ҷаҳон хирадмандону бедордилу корогоҳонро фиристон, ки ҷое ки замин хароб буд ва агар об кам буд, хироҷ аз он бум бардоштӣ ва замини касонро хор намегузоштӣ».

Ҳамин гуна таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир кардан ба касби иттилоот ва тарзу усули истифода аз он буд, ки Ардашери Бобакон тавонист пояҳои чунин як давлати абарқудратро таҳким бахшад, ки зиёда аз 400 сол (224 – 651) арзи вуҷуд намояд. Давлати Сосониён дар аҳди Хусрави I Анӯшервон (531 – 579) ба авҷи иқтидори худ расид. Хусрави I ҳатто Ямани Арабистонро тасхир намуд. Дар аҳди ин шоҳ инсофу адолат чунон густариш ёфта буд, ки бо гузашти 1420 сол номи Анӯшервони одил рамзи подшоҳону амирони адолатпеша гардидааст. Хотам – ул – анбиё Ҳазрати Муҳаммади пайғамбар (с) дар як ҳадиси мубораки хеш аз он изҳори ризоят ва хушнудӣ кардааст, ки дар аҳди шоҳи адолатпеша Анӯшервони Одил ба дунё омадааст.

Дар ин ҷо ба андешаҳои худ оиди касби иттилоот дар аҳди Ардашери Бобакон бо ин мисраъҳои пандомӯзи паямбари назм Абулқосими Фирдавсӣ ҳусни хотима мебахшем:

Чунин гуфт марди суханофарин,

Зи ахбори шоҳони Эронзамин…

Ҷаҳоне ба зоти ту вобастаанд,

Ба фармони ҳукми ту побастаанд.

Ба ғафлат макун хоб, бедор бош!

Зи аҳволи гетӣ хабардор бош!

Чу дар ӯҳдаи туст олам тамом,

Машав ғофил аз кори худ, вассалом.

(идома дорад),

аз китоби «АЗ АРДАШЕР ТО ШЕРИ ПАНҶШЕР»,

Султон Ҳамад, 2001 с.

Рейтинг
( Пока оценок нет )
Мақола ба шумо писанд омад? Бо дӯстонатон мубодила кунед:
Назари худро баён кунед:

;-) :| :x :twisted: :smile: :shock: :sad: :roll: :razz: :oops: :o :mrgreen: :lol: :idea: :grin: :evil: :cry: :cool: :arrow: :???: :?: :!:

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.