Родмардоне дар атрофи Паёмбар(с) Абузари Ғифорӣ

Пешвои муқобалакунандагонва душмани сарватҳо

Ў аз неъмати ёфтааш шоду сармаст ба сўи Макка омад.

Дуруст нест, ки машаққатҳои сафар ва гармии саҳро ўро ба беморӣ ва ранҷ андохта буданд. Лекин мақсаде, ки ба сўи ў саъй дошт, дарду ранҷашро аз ёд бароварда ва дар рўҳи ў ҳолати хуррамӣ ва нишотро дамонида буд.

Ў дар Макка худро ношинос гирифта мегашт. Гўё ў аз ҷумлаи касонест, ки қасди Макка намудаанд, то ба бутҳои бузурги ин хона тавоф кунад ё мисли касе, ки роҳашро гум кардааст ё касе, ки дурии сафар ва аз ҷой ба ҷое рафтан ўро монда кардааст. Аз ин рў дар ин шаҳр ҷой гирифтааст, то истироҳат кунад ва тўшаи роҳ ғундорад.

Агар аҳли Макка медонистанд, ки ў ба суроғи Муҳаммад (с) омадааст ва мехоҳад гуфтаҳои ўро гўш кунад, албатта, нисбаташ беҳурматӣ мекарданд. Вале ў парво надорад, агар нисбаташ беҳурматӣ кунанд. Вале баъди рў ба рў шудан бо он марде, ки барои мулоқоти ў биёбонҳоро тай намудааст, ва баъди имон оварданаш ба ў агар аз садоқати ў қаноъатманд гардад ва ба даъвати ў мутмаин шавад.Ў ба гўш кардани хабарҳо аз дур шурўъ кард. Агар гурўҳеро медид, ки аз Муҳаммад (с) сухан мегўянд, бо эҳтиёт ба онҳо наздик мешуд. Бо ин роҳ аз ахбори пароканда маълумоти зиёде ҷамъ намуд ва барои худ яқин кард, ки дар куҷо ўро метавон дид. Пас субҳи рўзи дигар ба он ҷой рафт. Расулро танҳо нишаста дид. Ба ў наздик шуд ва гуфт:

– Субҳ ба хайр, эй бародари Араб!

Паёмбар (с) ҷавоб дод:

– Ва бар ту салом эй бародар.

Пас Абузар гуфт:

– Аз он чизе ки мегуӣ, барои ман бисаро.

Паёмбар (с) гуфт:

– Ин гуфтаҳо шеър нестанд, ки сарояндагӣ кунам, инҳо оёти Қуръони карим ҳастанд.

Абузар гуфт:

– Барои ман бихон.

Пас Паёмбар (с) барои ў қироат кард ва Абузар гўш дод ва андаке нагузашта буд, ки Абузар овоз дод:

– Гувоҳӣ медиҳам, ки ба ҷуз як маъбуди барҳақ дигар Худое нест ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад (с) бандаи Ў ва Расули Ўст.

Пас Паёмбар (с) аз ў пурсид:

– Ту аз куҷоӣ, эй бародари Араб?

Абузар гуфт:

– Аз Ғиффор.

Дар ин ҳангом як табассуми зебое дар лабони Паёмбар (с) пайдо шуд ва тарҳи рўяшро таъаҷҷуб фаро гирифт.Абузар низ хандид. Ў сирри таъаҷҷуби Паёмбарро медонист. Таъаҷҷуби Паёмбар (с) аз он буд, ки ин марди исломоварда аз қабилаи Ғиффор аст.

Ғиффор қабилаест, ки дар роҳзанӣ Ҷазиратулараб мислашро нашунидааст. Ва аҳли ин қабила дар ғорат кардани мардум ба роҳи ғайри машрўъ зарбулмасал буданд. Онҳо шарики шаб ва торикиҳо буданд. Вой бар ҳоли он мусофире мебуд, ки агар шабонгоҳ ба дасти яке аз Ғиффориён меафтид.Магар ҷои таъаҷҷуб нест, ки яке аз мардони ин қабила имрўз меояд, то ислом орад, ҳол он ки ислом дини нав ва пинҳонист.

Абузар қиссаро худаш чунин ривоят мекунад:

– Паёмбар (с) аз рўи таъаҷҷуб ба сабаби аз қабилаи Ғиффор будани ман нигоҳашро ба боло афканд ва ба ман таваҷҷуҳ намуда гуфт:

–Ба ҳақиқат Худованд касеро хоҳад ҳидоят мекунад.

Оре, Худованд касеро хоҳад ҳидоят мекунад.

Ба таҳқиқ Абузар (р) аз ҷумлаи касоне буд, ки Худованд хост онҳоро ҳидоят кунад ва барои онҳо хайрро раво дид.

Ва ў соҳиби басират буд барои Ҳақ. Ривоят мекунанд, ки ў аз ҷумлаи касоне буд, ки дар ҷоҳилият бар зидди ибодати бутҳо қиём намуда буданд ва ба Худои халқкунандаи бузург имон оварда буданд.Ва ҳамчунин вақте шунид, ки Паёмбаре зуҳур намудааст, ки бутҳо ва парастандагони онҳоро ба сафоҳат (беақлӣ) нисбат медиҳад ва мардумро ба сўи ибодати Маъбуди Ягонаи Ғолиб даъват мекунад, бори сафарашро барбаста ба сўи ў шитобид.

* * *

Абузар дарҳол имон овард.

Дар тартиби шахсони имоноварда, нафари панҷум ё шашум буд.

Ў дар лаҳзаи аввал, ҳатто дар соатҳои аввалини даъвати ислом имон оварда буд.

Дар ҳоле ки ў исломро қабул кард, Паёмбар (с) ба даъвати сиррӣ машғул буд. Ибодатҳо ва таълимоташ чӣ дар нафси худаш ва чӣ дар ёрони панҷгонааш ба таври гўшакӣ, пинҳонӣ сурат мегирифтанд ва Абузар ҷуз ин ки имонашро пинҳон кунад ва бегумон аз Макка баромада равад ва ба сўи қавми худ баргардад, вазифаи дигаре надошт. Валекин Абузар, Ҷундуб ибни Ҷанода табиати хурўшанда ва ҷанговаре дошт. Барои он халқ шуда буд, ки дар куҷое набошад, дар муқобили ботил истодагарӣ кунад.

Ў Паёмбарро дид, ки дар ин лаҳзаҳои аввал даъвати сирриро авлотар медонад, валекин тибқи андешаи ў бояд як фарёди ошкоро баланд кард.

Ў баъди ислом оварданаш фавран аз Расул (с) чунин суол кард:

– Эй Расули Худо (с), ба ман чӣ амр мекунӣ?

Расул ҷавоб дод:

– Ба пеши қавму қабилаат бозмегардӣ, то ин ки фармони ман ба ту расад.

Абузар гуфт:

– Қасам ба зоте, ки нафси ман ба дасти ўст, ман боз намегардам, то ин ки дар масҷид исломро бо овози баланд эълон накунам.

Оё ба шумо нагуфтам? Магар ин табиати исёнгари мубориз, дар лаҳзае, ки як олами наверо кашф намудааст, ки дар вуҷуди Паёмбари мабъус зоҳир гаштааст метавонад, ки ба сўи хонаводааш хомўшона бозгардад?

Ин кор аз тоқати ў берун аст.

Ин ҳангом ба Масҷидулҳаром дохил мегардад ва бо овози баланд фарёд мезанад:

– Гувоҳӣ медиҳам, ки ба ҷуз як маъбуд Худои дигаре нест ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад (с) Паёмбари Худост.

Ин фарёд чуноне медонем, аввалин фарёдест ба сўи ислом бо садои баланд, ки ба ҷалолу азамати Қурайш таҳдид намуд ва бар гўшҳои онҳо кўбид. Ва соҳиби ин фарёд як марди мусофирест, ки дар Макка аҳлу авлод ва хешу табор ва ҳимоятгаре низ надорад.

Ў рў ба рў шуд ба он чӣ ки аз назари худи ў низ пўшида набуд.

Мушрикон ўро иҳота намуда чунон задандаш, ки беҳўш шуда афтод.

Ин хабар ба амаки Паёмбар (с) Аббос расид. Ў давида омад, вале натавонист ўро аз ғазаби онҳо халос кунад, магар бо як ҳиллаи хело нозуке.

Ў ба мушрикон гуфт:

– Эй ҷамоъаи Қурайш, шумо мардуми тиҷоратпешаед ва роҳи шумо аз наздики қабилаи Ғиффор мегузарад ва ин мард низ аз қабилаи Ғиффор аст. Агар бозгардад ва қавмашро бар зидди шумо барангезонад, албатта роҳи тиҷорати шуморо хоҳанд гирифт.

Пас ақлашон ба ҷояш омад ва ўро тарк намуданд.

Валекин Абузар ба таҳқиқ ҳаловати ранҷу заҳматро дар роҳи Худо чашидааст ва қасди онро надорад, ки Маккаро тарк кунад, пеш аз он ки бори дигар зиёдтар ба ин лаззатҳояш даст ёбад.

Ва ҳамчунон дар рўзи дуввум ва шояд дар ҳамон рўз бо ду зан рў ба рў шуд, ки дар атрофи ду бут (Усофа ва Ноила) тавоф мекарданд ва дуъо менамуданд. Абузар низ он ҷо ҳозир буд. Ў дар назди он бутҳо истод ва он ду бутро бисёр ҳақоратҳо дод. Пас он ду зан фарёд кашиданд. Дар як лаҳза мисли мўру малах мардҳо давида омаданд ва то беҳўш шуданаш ўро заданд.

Вақто, ки ба ҳўш омад, бори дигар фарёд зад:

– Гувоҳӣ медиҳам, ки нест маъбуде ба ҷуз Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад (с) Расули Худост.

Паёмбари Худо (с) табиати шогирди нави аз дигар ҷо омадаашро дарк кард ва қудрати фавқулъоддаи муқобила дар муқобили ботил доштаи ўро эҳсос намуд. Вале ҳоло вақти он нарасидааст. Бори дигар ўро барои бозгашт ба сўи қавму қабилааш амр кард, то ин ки чун ошкоро шудани ин динро шунид, бозгардад ва дар рафти ҷараёни ҳодисаҳо саҳми худро гузорад.

* * *

Абузар ба назди қавму қабилааш бозгашт. Ба онҳо аз Паёмбари нав зуҳур карда, ки мардумро ба сўи парастиши Худованди якто даъват мекунад ва ба сўи макорими ахлоқ мехонад, қисса кард. Қавму қабилааш яке пас аз дигаре ба дини ислом дохил шуданд ва ў ба қабилаи худаш танҳо кифоят накард, балки ба сўи қабилаи Аслам рафт ва ин чароғро он ҷо низ равшан сохт.

Аз ин байн рўзҳо гузаштанд ва Паёмбар (с) ба сўи Мадина ҳиҷрат кард ва дар он ҷо бо дигар мусалмонон тарҳи иқомат ихтиёр намуд.

Рўзе дар баландиҳои атрофи Мадина сафҳои дарозе аз пиёда ва савора пайдо шуд, ки аз ҳаракати онон ғубори ғализе ба ҳаво хест. Агар такбирҳои кўбандаи онҳо намебуд, бинанда онҳоро як лашкари ғораткунандаи мушрикон гумон мекард.

Ин ҷамъияти азим ба Мадина наздик шуд ва дохили шаҳр гардид ва рўй ҷониби масҷиди Паёмбар (с) ва ҷои иқомати ў овард.

Ба таҳқиқ ин ҷамъияти бузург қабилаи Ғиффор ва Аслам буданд, ки онҳоро Абузар оварда буд ва ҳамаашон аз мардон, занон, пирон, ҷавонон ва кўдакон ислом оварда буданд.

Албатта Паёмбар (с) ҳаққе дошт, ки таъаҷҷуб ва ҳайраташ зиёд гардад, зеро қабл аз ин дар замони хеле пештар, вақте дар наздаш як мардро аз қабилаи Ғиффор дида буд, ки имон ва исломашро ошкоро мекунад, таъаҷҷуби зиёде карда ва аз ғояти таъаҷҷуб ин калимаро гуфта буд:

– Худованд касеро хоҳад ҳидоят мекунад.

Аммо имрўз Худованд онҳоро ҳидоят намуд, тамоми қабилаи Ғиффор мусалмон шуда ба пеши ў омаданд ва бо дасти Абузар қабилаи Аслам низ ислом оварда ба наздаш омадаанд.

Ба таҳқиқ “ғўлҳои ғоратгар ва ҳампаймонони шайтон”, пешвоёни амали хайр ва ҳампаймонони Ҳақ гардиданд.

Пас магар ин сухан, ки: Худованд касеро хоҳад ҳидоят мекунад, дуруст нест?

Паёмбар (с) бар чеҳраҳои зебо ва ширини аз меҳрубонӣ ва муҳаббат лабрези онҳо нигоҳе афганд ва рўй сўи қабилаи Ғиффор карда гуфт:

–Ғиффор, Худованд онҳоро мағфират кунад.

Баъд азон рўй ба ҷониби қабилаи Аслам намуд ва гуфт:

– Аслам, Худованд ин қабиларо дар сулҳу оштӣ нигоҳ дорад.

Бо ин амали шоиста магар Паёмбар (с) ин мубаллиғи бузург, боқувват ва камназир, Абузарро ба таҳният хос намегардонад?

Оре, зуд аст, ки мукофоти ў бузург ва таҳияи барои ў гуфта бисёр муборак мегардад.

Ва зуд аст, ки ибтидои зиндагии вай ва таърихи ин бузургмард олитарин нишонаҳоро бар худ мегиранд.

Ва зуд аст, ки асрҳо ва наслҳо мегузаранд вале мардум дар ҳаққи Абузар суханони Паёмбарро (с) такрор мекунанд:

– Замин дар болои худ набардоштааст ва осмон соя наафкандааст касеро, ки ростгўтар аз Абузар бошад. Ростгўтар аз рўи лаҳҷа аз Абузар!

Дар ҳақиқат Паёмбар (с) ояндаи ин дўсташро хонда буд ва тамоми ҳаёти ўро дар ин чанд калима хулоса намуд:

– Ростӣ ва ҷасорат, ин ҷавҳари тамоми зиндагонии Абузар аст.

Ростии зоҳирӣ ва ботинӣ.

Ростии ақида ва гуфтор.

Ва зуд аст, ки ба садоқат зиндагиашро сипарӣ хоҳад кард. Нафси худро ва дигаронро ҳаргиз дар каҷфаҳмӣ намеандозад ва дигаронро низ имкон намедиҳад, ки ўро дар ғалатфаҳмӣ андозанд.

Ва ҳаргиз садоқати ў садоқати кўр-кўрона нест, аз ин рў сидқи хомўшона дар назди Абузар сидқ ҳисоб намеёбад.

Сидқи ў ошкор ва ҳувайдост: ошкор кардани ҳақ ва муқобила бо ботил, амали ростинро қувват додан ва хаторо мункир шудан.

Ростӣ дўстии солим барои Ҳақ аст ва таъбири боҷуръатона аст барои Ҳақ ва пеш рафтани босуръатона аст бо ҳамроҳии Ҳақ.

Паёмбари Худо (с) бо биниши нозук ва мўшикофонаи худ аз болои ғайби дур ва ояндаи номаълум тамоми мушкилотеро, ки садоқат ва устувории Абузар ба зудӣ ба сари ў меорад, медид. Аз ин рў ўро муттасил ба он амр мекард, ки бо сабр ва оҳистагӣ ба корҳои бузург дохил шуданро пешаи худ созад.

Рўзе Паёмбар (с) ба Абузар чунин суол кард:

– Эй Абузар, чун бо ту амироне рў ба рў шаванд, ки ғаниматҳоро моли шахсии худ мегардонанд, ту чӣ кор мекардӣ?

Абузар ҷавоб дод:

– Он гоҳ қасам ба зоте, ки туро ба ростӣ фиристодааст, бо ин шамшерам мезанам.Паёмбар (с) ба ў гуфт:

– Оё туро ба коре далолат кунам, ки беҳтар бошад? Сабр кун, то бо ман мулоқот намоӣ.

Ту чӣ гумон мекунӣ, ки барои чӣ Паёмбар (с) махсусан ин суолро дод?

Амирон ва мол?

Ин мушкилест, ки Абузар ба зудӣ ҳаёташро сари ин қазия мебахшад ва ин мушкилоти Абузар аст бо ҳамроҳии муҷтамаъ ва оянда.

Ин қазияро Паёмбар (с) дониста буд. Пас ба ў ин суолро дод, то ўро бо ин насиҳати гаронбаҳо муҳайё ва мусаллаҳ бигардонад: Сабр кун, то бо ман мулоқот намоӣ.

Ва зуд аст, ки Абузар васияти муаллимаш ва Паёмбарашро дар ёд нигоҳ медорад. Пас ҳеҷ гоҳ шамшереро, ки ба он амирони аз моли ҷамъият сарватманд гардидаро ғоибона таҳдид кард, баланд нахоҳад бардошт, валекин дар муқобили онҳо як лаҳзае аз рўз сукут нахоҳад кард.

Оре, чун Паёмбар (с) ўро аз бардоштани шамшер дар рўи ин гурўҳ одамон манъ карда бошад, пас ўро аз истифодаи забони тезаш дар гуфтани калимаи ҳақ манъ нанамудааст.

Ва ба зудӣ инчунин хоҳад кард.

* * *

Аҳди Паёмбар (с) гузашт ва баъди ў асри Абубакр (р) ва асри Умар (р) бо пирўзии комил дар муқобили фиребандагони зиндагӣ ва ба роҳ андозандагони фитна дар ҳаёт низ гузашт.Ҳатто шахсиятҳое, ки рағбат ва хоҳиши дунёро доштанд, дар он рўзҳо барои рағбатҳояшон роҳе ё гузаргоҳе намеёфтанд.

Ба таҳқиқ дар аҳди хеш амири мўъминон Умар (р) дар он рўзҳо саркардагон, амирон ва сарватмандонро дар ҳама қаламрави ислом дар рўи замин ба тақводорӣ ва камбағалона зистан лозим гардонида буд. Ба ҳадде, ки гумон мекардӣ, ки аз тоқати башарӣ берун аст.

Агар волие аз волиҳояш дар Ироқ ё дар Шом ё дар Санъо ё дар кадом аз мамлакати дур, ягон навъи шириниеро, ки оммаи мардум қудрати харидани онро надошт, мехўрд, дарҳол баъди чанд рўзе хабар ба Умар (р) мерасид ва дарҳол фармони қотиъи ў ба он ҷо ирсол мегардид ва он волиро ба Мадина бозхост менамуд то ҳисоботи сахтро бидиҳад.

Осуда бош эй Абузар ва бисёр осуда бош, модоме ки Форуқи бузург амири мўъминон аст.

Модоме ки ҳеҷ чиз мисли сўиистифода аз мансаб ва ҷамъоварии сарват ба зиндагии Абузар тангӣ намеорад. Пас ба дурустӣ, ки ибни Хаттоб бо ҳўшёрии бурандааш ва тақсими боадолатонаи мансабҳо ва сарватҳо ба Абузар оромӣ ва ризомандӣ мебахшад. Пас ў худашро ба ибодати Худо ва ба ҷиҳод дар роҳи Худо бахшид. Ва агар мухолафате дар умури дин медид, ба хомўшӣ паноҳ намебурд (яъне муқобила мекард), вале ин кам воқеъ мешуд.

Мутаассифона, бузургтарин ва боадолаттарин ва пешқадамтарин ҳокимони башарият ногузир рўзе дармегузаранд ва аз пушти худ як фазои холии даҳшатнокро боқӣ мегузоранд ва рафтани онҳо зиддиятҳоеро эҷод мекунад, ки аз онҳо гурез нест ва мардум низ тоқати пешгирии онро надоранд. Ва кишваркушоиҳо дар маҷрои худ давом мекунанд ва бо ҳамроҳии он андозаи рағбатҳо ва даст ёфтан ба танаъъуми дунё ва серию пурӣ меафзояд.

Абузар хатарро эҳсос мекунад.

Дур нест лаҳзае, ки шахсиятҳои омодаи баланд бардоштани байрақи Худо, барои бардоштани байрақҳои шахспарастӣ дар гумроҳӣ бияфтанд.

Воқеъан дунё ба музахрафоти ботил ва ғурури ваҳшиёнаи хеш наздик аст, ки касони накўкорро дар фитна афканад.

Дар ҳақиқат молеро, ки Худованд онро хидматгузор ва мутеъи инсон офаридааст, наздик аст, ки ба як хоҷаи мустабид табдил ёбад.

Боз нисбати чӣ касоне? Нисбати ёрони Паёмбар Муҳаммад (с), ки аз дунё даргузашт, ҳол он ки зиреҳи ҷангиаш дар гарав буд, дар ҳоле, ки ғарамҳои бозёфт ва ғаниматҳои ҷанг дар зери пойҳояш рехта шуда буд.Ба дурустӣ, ки сарватҳои замин, ки Худованд онҳоро барои ҳамаи мардум халқ намудааст ва ҳаққи онҳоро дар ин неъматҳо баробар гардонидааст, шояд ба эҳтикор ва сарвати шахсиятҳои алоҳида табдил гарданд. Ва ҳокимият, ки аз ҷумлаи масъулиятҳои муҳимаст ва аз тарси ҳисоб дар назди Худо дилҳои дўстони Худо аз он ба ларза меоянд, ба асбоби зулм, сарват ва зарбазанандаи ҳалокатбор табдил гардад.

Абузар тамоми ин рўйдодҳоро дид. Ў дигар андеша накард, ки вазифа ва масъулияти ў чист, балки дарҳол дасташро ба шамшераш бурд ва ҳаворо дар ҷунбиш овард ва пора-пора намуд ва барҷаста дар рў ба рўи ҷамъият бо шамшере, ки ҳеҷ гоҳ хато нахўрдааст, бархост. Лекин ба зудӣ дар дилаш садои васияте, ки Паёмбар (с) ба ў карда буд, танин андохт. Шамшерашро ба ғилоф андохт. Сазовор нест, ки он шамшерро ба рўи мусалмоне бардорад.

Сазовор нест, ки мўъмин бародари мўъмини худро бикушад, магар ба хато. (сураи Нисо, ояи 92).Вазифаи ў имрўз куштан нест, балки муқобила ва эътироз кардан аст.

Ва шамшер асбоби тағйир додан ва рост намудан нест, балки сухани рост боамонат ва диловарона асбоби тағйир аст.

Сухани одилонае, ки ба гумроҳӣ намебарад ва аз оқибаташ ҳеҷ тарсе нест.

Рўзе, ки Паёмбар (с) дар байни оммаи мардум хабар дода буд, ки: замин дар рўи худ набардоштааст ва осмон соя наафкандааст касеро, ки дар лаҳҷааш ростгўтар аз Абузар бошад.

Пас касеро, ки ин қадар сидқи лаҳҷа ва сидқи қаноъатмандгардонӣ бошад, ўро ба шамшер чӣ ҳоҷат?Як суханеро, ки ў мегўяд, ҳар оина буррандатар аз ин аст, ки рўи замин пур аз шамшер бошад.

Бояд ба ин ростгўияш ба сўи амирон, сарватмандон ва ба сўи тамоми он ашхосе, ки бо майл намуданашон ба сўи дунё дар муқобили дине, ки ба сифати роҳнамо омад – на гирдоварандаи андоз, паёмовар – на подшоҳӣ, раҳму шафқат – на азоб, таваҷҷўҳ ва фурўтанӣ – на кибру фахр, баробарӣ – на табақабандӣ, қаноъат – на ҳирс, кифоят ба андак – на исрофкорӣ ва дар гирифтани дунё бо ҳазар будан – на дилбохтагӣ ба дунё ва худкушӣ барои дунё, эҷоди хатар намудаанд, хурўҷ намояд.

Бояд ба муқобили тамоми ин ашхос хурўҷ кунад, то Худованд байни ў ва байни онҳо ба Ҳақ ҳукм кунад ва Худованд беҳтарини ҳукмкунандагон аст.

Ва Абузар ба сўи қасрҳое, ки маҳали зулм ва сарват буданд, хурўҷ намуд ба муқобила ва муъоразааш бар зидди онҳо мубориза мебурд. Дар як макон паси макони дигаре ва дар андак муддате як ливое гардид, ки дар атрофаш мардум ва ранҷбарон гирд омаданд. Ҳатто ба масофаҳои дур, ки сокинонашро надидааст, овози ў расид ва ба ҳеҷ сарзамин намегузашт ва ба ҳеҷ қавме номаш намерасид, магар суолотеро бармеангехт, ки муҳим буданд ва манфиатҳои соҳибони султа ва сарватро зери хатар мегузошт.

Агар ин инқилобии бузург мехост то як байрақи хосае барои худ ва ҳаракаташ интихоб кунад, дар болои он ғайри як анбуре (асбоби доғ кардан), ки аз ғояти сурхӣ ва алангаи оташ медурахшид, чизе дигаре нақш намебуд. Пас ба таҳқиқ ин суруд ва нидои ў, ки дар ҳама вақту макон такрораш менамуд ва мардум низ такрораш менамуданд ва гўё ки замзамае буд, аз ҳамин калимаҳо иборат буд:

– Башорат бидеҳ, хазинакунандагонеро, ки хазина мекунанд тилло ва нуқраро, ба як анбури оташин, ки ба он пешониҳо ва паҳлўҳои онҳоро рўзи қиёмат доғ мекунанд.

Ў дар ҳар кўҳе мебаромад ва ба ҳар водие мефаромад ва дар ҳар шаҳре медаромад ва ҳар амиреро мулоқот мекард, ин калимаҳо дар забонаш буданд.

Ва мардум низ ҳар гоҳ медиданд, ки ў меояд ба истиқболаш бо гуфтани ин калимаҳо бармехостанд: “Башорат деҳ хазинакунандагонро ба асбоби сўхтан аз оташ ”.

Ба таҳқиқ ин ибора барои ин масъулияти ба ўҳда гирифтааш, ки ҳаёташро назри он намуда буд, парчам гардид. Ин дар ҳоле рух дод, ки бо чашми сар мушоҳида намуд сарватҳо дар дасти шахсони алоҳида ҷамъ мешаванд ва ҳокимият ба қудратталабӣ ва сарватҷаъмкунӣ табдил ёфтааст. Чун дид, ки муҳаббати дунё ба сари ҳама ғолиб омада ва гумон аст, ки тамоми он дастовардҳоеро, ки заҳмати чандинсолаи рисолат аз зебоӣ ва парҳезгорӣ ва фидокорӣ ва ихлосмандӣ ҳосил намуда буд, рупўш ва нобуд созад.

Пас аз сарзамине сар кард, ки аз ҳама дида макони зулму ситам ва тарсу ҳарос буд. Он сарзамини Шом буд, ки Муъовия ибни Абусўфиён ҳокимияташро зери даст дошт. Ва ин сарзамин нисбати ҳосилхезӣ ва фоидаи хубтару беҳтар гирифтан, аз ҳамаи сарзаминҳои қаламрави ислом болотар буд. Ва ў моли хазинаро беҳисобу китоб ба ҳар кас тақсим кард ва ба ин восита дили он ашхосеро, ки обрўе доштанд, ба сўи худ моил сохт ва ба воситаи ин бахшишҳо ояндаи дуреро, ки ба он чашми тамаъ дўхта буд, эмин гардонид.

Ин киштзорҳо, қасрҳо ва сарватҳо ҳомилони боқимондаи даъватро низ дар фитна андохта буданд. Пас Абузар бояд хатарро қабл аз ба ҳалокат расонидани онон пешгирӣ кунад.

Ин пешвои муқобилакунандагон он як порча либоси хоксоронаи худро аз банди по болотар кашид (киноя аз ин ки ба коре миён барбастан) ва босуръат ба Шом омад. Чун мардуми оддӣ омадани ўро шуниданд, ба истиқболаш шитофтанд ва ҳар куҷое, ки мерафт, бо ҳаяҷону иштиёқ атрофашро мепечониданд ва нидо дармедоданд:

– Ба мо нақл кун, эй Абузар.

– Ба мо қисса кун, эй ёри Паёмбари Худо (с).

Абузар ба он анбўҳи мардум бо назари кунҷковӣ менигарист ва медид, ки аксари онҳо камбағалонанд. Сипас нигоҳашро ба ҷойҳои баланди атроф мутаваҷҷеҳ месохт ва қасрҳо ва киштзорҳои зиёдеро медид.Ў ба мардуми ўро иҳота карда муроҷиъат намуда, мегуфт:

– Ман аз он касе таъаҷҷуб мекунам, ки дар хонааш луқмаи ноне надорад ва чӣ гуна бо шамшери бараҳна бар зидди ин мардум қиём намекунад ?

Аммо дарҳол насиҳати Паёмбар (с) ба хотираш омад ва ба ҷои исён бо силоҳи сухан, сухани кўбанда, бо мантиқе қавӣ фаъолият намуданро авлотар донист. Пас аз сўҳбатҳои ў мардум фаҳмиданд, ки ҳамаи онҳо мисли дандонаҳои шона баробаранд. Ва байни онҳо назди Худованди бузург ҳеҷ гуна фарқиятгузорие нест. Ва ҳамаи онҳо дар ризқу рўзӣ шариканд ва ин ки касе бар каси дигаре афзалият надорад, магар ба парҳезгорӣ. Ва ин ки амири қавм ва пешвои он, бояд аввалин касе бошад, ки гуруснагӣ кашад, чун мардум гурусна бошанд. Ва чун мардум сер бошанд, охирин каси сер бошад.

Пас ў ба худ қарор дод, ки бо ин суханон ва шуҷоъатмандиаш дар тамоми қаламрави ислом як фаҳмиши куллӣ эҷод намояд.

Дар андак муддат Шом ба занбўрхонае табдил гардид, ки маликаи мутоъи худро ёфтааст. Агар Абузар барои исён ишораи андаке мекард, оташи ҷанг ва кинаву хусумат аланга мегирифт. Вале чунон ки гуфтем, ҳимматашро танҳо ба он равона кард, ки дар байни ҷамъият як фаҳмиши куллие эҷод намояд, ки мардум ба он эҳтиром қоил бошанд. Ин суханони ў мавзўъи сўҳбат дар маҷлисҳо, масҷидҳо ва роҳу бозорҳо гардиданд.Ба таҳқиқ хатари Абузар ба нуқтаи олии худ дар муқобили имтиёзоти баамаломада дар он лаҳзае расид, ки Муъовия дар пеши назари мардум бо Абузар мунозира намуд ва шахсони он ҷо буда ин хабарро ба набудаҳо расониданд ва бод ин қиссаро ба ҳар тараф пареш кард.

Ба таҳқиқ Абузар аз рўи сухан ростгўйтарини аҳли олам аст. Ва ў ҳамчунон ки Паёмбар (с) ва муаллимаш васф намуда буд, қоим монд.

Қоим монд ва бе тарсу ҳарос ва бе хотирбинӣ. Ин буд, ки бо Муъовия дар бораи сарватҳои пеш аз ҳоким шуданаш ва сарвати имрўзааш, суолу ҷавоб намуд. яъне аз хонааш, ки дар макка зиндагӣ мекард ва аз қасрҳое, ки имрўз дар Шом дорад.

Баъд аз ў ин саволро ба ҳамнишинони Муъовия дод, ки ҳамроҳи Муъовия аз Макка ба Шом омада буданд ва баъзеашон соҳиби киштзорҳои зиёд ва қасрҳо шуда буданд.

Ў ба онҳо нидо дардод:

– Оё шумо он одамоне ҳастед, ки чун Қуръон ба Паёмбар (с) фуруд меомад, Паёмбар (с) дар ҳузури шумо буд??

Ва аз ҷониби онҳо худаш ҷавоб медод:

– Оре шумо касоне ҳастед, ки Қуръон дар байни шумо фуруд омад ва дар тамоми маъракаҳои ҷиҳод ҳамроҳи Паёмбар (с) будед.

Пас бозгашта аз онҳо пурсид:

– Оё шумо дар Қуръон ин оятро нахондаед: Ононеро, ки тилло ва нуқраро хазина мекунанд ва дар роҳи Худо онро сарф намекунанд, пас башораташон бидеҳ ба як азоби дарднок. Рўзе, ки он зару симро дар оташи ҷаҳаннам мегудозанд, пас пешониҳо ва паҳлўҳои онҳоро ва пуштҳояшонро ба он доғ мекунанд ва мегўяндашон: ана ин аст, чизе ки барои худатон хазина кардед! Пас лаззати чизи хазинакардаатонро бичашед! (сураи Тавба ояи 34-35).

Ва Муъовия давоми ҳадисро қатъ намуда гуфт:

– Ин оят дар ҳақи аҳли китоб нозил шудааст.

Ва Абузар фарёд мекашад:

– Не, балки ҳам барои онҳо ва ҳам барои мо фиристода шудааст.

Ва Абузар суханашро идома дода Муъовия ва касонеро, ки ҳамроҳаш буданд, насиҳат карда чунин гуфт:

– Аз ҳамаи киштзору қасру амволи доштаатон даст кашед ва ҳеҷ нафаре аз шумо аз ҳоҷати якрўзааш беш чиз ҷамъ накунад.

Ва хабари Абузар ва ин мунозараҳо даҳан ба даҳан, аз ҷамъияте ба ҷамъияте, аз сўҳбате ба сўҳбате ба ҳар тараф паҳн мешуданд.

Ва ин суруди Абузар дар ҳар хона ва роҳу манзил бо овози баланд садо медод:

Ононеро, ки хазина мекунанд ба як доғкунанда аз оташи дўзах дар рўзи қиёмат башорат бидеҳ.

Пас Муъовия хатарро ҳис кард ва суханони ин исёнгари бузург дар роҳи Ҳақ дар муқобили ноҳақӣ ўро дар даҳшат андохт. Вале қадри ўро донист ва ба ў зараре нарасонд ва ба халифа Усмон (р) мактуб ирсол намуд, ки дар он навишта буд: “Ба таҳқиқ Абузар мардумро дар Шом фосид кард”.

Пас Усмон (р) ба Абузар мактуб фиристода, ўро ба Мадина бозхонд. Ва Абузар бори дигар почаҳои эзори худро бар зад ва Шомро тарк намуда, дар вазъе, ки аҳли Димашқ ба сабаби гирди ҳам омадани мардум барои видоъ мислашро надида буданд, ба Мадина баргашт.

* * *

– Ман ба дунёи шумо ҳоҷате надорам.

Ин сухане буд, ки Абузар баъди ба Мадина расидан дар сўҳбати тўлониаш ба халифа Усмон (р) гуфт.Усмон (р) аз гуфтугў бо Абузар ва аз хабарҳое, ки аз ҳар тараф дар бораи ҳамраъйии мардум бо андешаҳои Абузар ба ў мерасониданд, дар бораи хатари даъват ва қуввати ин даъват, хулосаи саҳиҳ баровард ва қарор дод, ки ўро дар Мадина дар ҳамсоягии худ нигоҳ дорад ва истиқомати ўро дар Мадина ҳатмӣ гардонад.Усмон (р) ин қарори худро ба Абузар бо нармӣ, оҳиста-оҳиста фаҳмонид ва гуфт:

– Ту дар паҳлўи ман бош, албатта, субҳ шутури навзоидаи сершир аз наздат мебарояд ва шом бармегардад (киноя аз ин ки аз моли дунё ба ту медиҳам – Мутарҷим).

Абузар чунин ҷавобаш дод:

– Ман ба дунёи шумо ҳоҷатманд нестам.

Оре, ўро ба дунёи мардум ҳеҷ ҳоҷате набуд.

Аслан ў аз ҷумлаи покзодагонест, ки сарвати рўҳро ҷустуҷў менамоянд ва дунёро барои он дўст медоранд, ки бибахшанд, на ин ки бигиранд.

Пас аз халифа Усмон (р) дархост кард ба ў иҷоза бидиҳад, то рафта дар Рабза (мавзеъе дар атрофи Мадина) зиндагонӣ кунад. Халифа ба ў иҷоза дод.

Абузар дар давоми муқобилияткуниҳояш дар аҳд бо Худо ва Паёмбар (с) амонатнигоҳдор буд. Ва дар замири хеш насиҳати Паёмбарро нигоҳ медошт ва пайравӣ менамуд, ки таъкид карда буд, то ҳаргиз шамшер баланд накунад. Кас гумон мекунад, ки Паёмбар (с) тамоми пешомадро медонист. Ҳамчунон пешомади Абузар ва ояндаи ўро. Аз ин сабаб буд, ўро бо ин насиҳати гаронбаҳо роҳнамоӣ кард.

Аз ҳамин сабаб вақте Абузар медид, ки баъзе аз фитнахоҳон мехостанд аз суханон ва даъватҳои ў барои расидан ба хоҳишот ва макрҳояшон сўистифода кунанд, нороҳатии худро пинҳон наменамуд.Рўзе ў дар Рабза буд, ки як гурўҳ намояндагон аз Куфа омаданд ва аз ў хоҳиш намуданд, ки зидди халифа байрақи исёнро баланд кунад. Ў сухани ононро қотеъона рад намуда гуфт:

– Қасам ба Худо, агар Усмон (р) маро дар болои баландтарин дарахт ва ё фарозтарин кўҳ овезад, ман ўро гўш мекунам ва итоат мекунам ва сабр мекунам ва инро ғанимат медонам ва барои худ инро беҳтар мешуморам.Ва агар маро аз ин уфуқ то уфуқи дигар бигардонад, ҳар оина ўро гўш мекунам ва итоъаташ мекунам ва сабр мекунам ва инро барои Худо медонам ва барои худам беҳтар мешуморам.

Ва агар маро ба сўи манзилам бозгардонад, ҳар оина ўро гўш мекунам ва итоъаташ мекунам ва сабр мекунам ва инро барои аҷр назди Худо мекунам ва барои худам беҳтар мешуморам.

Ин мард дар корҳояш ягон ғарази дунёӣ надошт аз ин сабаб Худованд ба ў нури басират ато намуд ва аз ҳамин ҷиҳат буд, ки бори дигар дарк намуд, ки фитнаи мусаллаҳона дар зимни худ чӣ гуноҳ ва хатаре дорад. Аз ин ҷост, ки худро канор гирифт. Ҳамчунон дарк намуда буд, ки хомўшӣ аз гуфтани ҳақ чӣ гуноҳ ва хатар дорад. Аз ин ҷиҳат аз хомўшӣ низ парҳез кард ва садо баланд намуд. На тамаъе ўро таҳрик менамуд ва на оқибати коре ўро аз роҳаш бероҳа мебурд.

Ба таҳқиқ Абузар аз муқобилаи ғайри мусаллаҳона фориғ гардид ва худро аз мардум ҷудо намуд ва ба Худо пайваст.

Ва ў тамоми умрашро дар диққат ва ҳушёрӣ намудан дар баробари хатову лағжишҳое, ки ба сабаби вазифа ва мол ҳосил мешаванд сипарӣ хоҳад намуд. Пас ҳокимият ва мол дар худ як ғурур ва фитнае доранд, ки Абузар аз он дар бобати бародарони байрақи исломро бо ҳамроҳии Паёмбар (с) бардошта, ки бар онҳо воҷиб аст ҳамеша он байрақро бардоранд, ҳарос дорад.

Аз як тараф ҳукумат ва мол рагҳои асаби зиндагианд барои мардум ва ҷамоъатҳо, вале вақте онҳоро гумроҳӣ фаро гирад, масири зиндагии мардум ба хатари ҷиддӣ рў ба рў мегардад.Ба таҳқиқ, Абузар барои асҳоби Паёмбар (с) орзу мекард, ки ягон нафари онҳо аморатро қабул накунанд ва мол ҷамъ нанамоянд ва ҳамеша дар ҳидоят намудани мардум пешво ва парастандаи Худо бошанд.Абузар бадкирдорӣ ва хунхорагии дунё ва молро медонист. Инчунин дарк намуда буд, ки Абубакр (р) ва Умар (р) такрорнашаванда ҳастанд. Ва борҳо аз Паёмбари Худо (с) шунида буд, ки асҳобро аз ангезаи аморат барҳазар медошт ва дар бораи аморат мегуфт:

– Аморат ин амонат аст ва он рўзи қиёмат хорӣ ва пушаймонист, магар ба касе, ки онро ба миқдори ҳаққаш гирифта бошад ва он ҳуқуқеро, ки мансаб бар ўҳдаи кас мегузорад, адо карда бошад.

Пас кор ба дараҷае расид, ки Абузар маҷбур шуд аз бародарони исломии худ канорагирӣ кунад. Агар натавонад худро тамоман аз онҳо бибурад, зеро онҳо аморатро қабул намуданд ва соҳиби сарват гардиданд.Рўзе Абумўсои Ашъарӣ бо Абузар вохўрд ва аз ғояти хушнудии дидори ў фарёд кашид:

– Хуш омадӣ Абузар! Хуш омадӣ бародари ман!

Вале Абузар ўро аз худ дур кард ва гуфт:

–Ман бародари ту нестам, ман он вақт бародарат будам, ки волӣ ва амир набудӣ!

Ҳамчунин рўзе Абуҳурайра бо ў вохўрд ва дар канораш гирифт, вале Абузар ўро бо дасташ аз худ дур андохт ва гуфт:

–Аз ман дур шав! Оё ту касе нестӣ, ки аморатро қабул намудӣ ва дар хонаҳои боҳашамат зиндагонӣ кардӣ ва барои худ чорво ва киштзорҳо гирифтӣ?

Ва Абуҳурайра аз шахсияти худ дифоъ намуда, мехост ин овозаҳоро рад кунад.

Шояд дар зоҳир чунин намояд, ки Абузар дар бораи мансабҳо ва сарват муболағаи зиёде ҳам мекунад, вале Абузар мантиқе дорад, ки ростгўии ўро ҳамроҳи шахсияташ ва имонаш дар як қолаби муайян андохтааст. Яъне Абузар дар ақида ва рафтораш дар ҳадде меистад, ки Паёмбар (с) ва ду дўсти ў Абубакр (р) ва Умар (р) ба ёдгор мондаанд.

Ва шояд баъзеҳо гумон кунанд, ки ин тасаввуроти Абузар як дараҷа хаёлист, ки дар воқеъ татбиқи он номумкин аст. Вале Абузар ин маслакро як мақсади олӣ мешуморад, ки роҳи зиндагонӣ ва амал бояд дар қолаби ў муҷассам гардад, хусусан барои он мардоне, ки ҳамасри Паёмбар (с) буданд ва аз паси ў намоз хонданд ва ҳамроҳаш ҷиҳод карданд ва барои ба ў гўш додан ва итоъат намудан, байъат карданд.

Ҳамчунон ки зикр шуд, аз ин пеш ў ба фаҳмиши равшани худ дарк намуда буд, ки ҳокимият ва сарват, чӣ асари қотиъе дар зиндагонии мардум доранд. Аз ин сабаб ў андеша дорад, ки ҳар халале дар амонати ҳукм ва адолати сарват воқеъ шавад, хатари ҷиддиро эҷод мекунад ва лозим аст, ки пешгирӣ ва муқобала карда шавад.

* * *

Дар ҳақиқат, Абузар ҳар қадар, ки тавон дошт, ливои пешвоии Паёмбари бузург ва ду дўсташро дар ҳоли амонатдорӣ ва нигоҳбонии қотеъона баланд афрошт ва ў дар фанни ғалаба бар болои барангезандагони аморат ва сарват қоим устод.

Чун ўро ба амирии Ироқ даъват намуданд, гуфт:

–На, қасам ба Худо, ҳаргиз маро ба дунёи худ моил карда наметавонед.

Рўзе яке аз дўстонаш ўро дар либоси кўҳнае дида пурсид:

–Оё ғайри ин либосе надорӣ? Ман чанд рўз пеш назди ту ду либоси наве дида будам?

Абузар ҷавоб дод:

– Эй писари бародар, ман онҳоро ба як шахси аз худ мўҳтоҷтар додам.

Мусоҳибаш гуфт:

– Қасам ба Худо, ки худат ба он либосҳо аз дигарон мўҳтоҷтарӣ.

Абузар ҷавоб дод:

–Худо паноҳ бидиҳад. Ту дунёро бисёр бузург медонӣ, оё дар тани ман ин куртаро мебинӣ? Ман як куртаи дигар барои намози ҷумъа дорам ва бузе дорам барои ҷўшидан ва харе дорам, ки савораш мешавам. Пас дар зиндагии мо аз ин дида неъмати зиёдтареро метавон орзу кард?

Абузар рўзе чунин ҳикоят мекард:

–Маро дўстам, (яъне Паёмбар (с)) ба ҳафт чиз васият кардааст:

1. Ба дўстии мискинҳо ва наздикии онҳо.

2. Бо ин ки ҳамеша аз худ пасттарҳоро назар кунам на аз худ болотарҳоро.

3. Аз касе чизе наталабам.

4. Ба хешу табор пайванди дўстӣ дошта бошам.

5. Сухани ҳақро бигўям, агарчӣ талх бошад.

6. Дар роҳи Худо аз маломати маломаткунандагон натарсам.

7. Калимаи: “ Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ (Нест тавоноӣ ва қуввате, магар ба Худо)”-ро бисёр бигўям.

Дар ҳақиқат, ў иродатманд ба ҳамин васият зиндагонӣ намуд ва ҳаёташро тибқи ин васият дар қолаб андохт, то ин ки дар байни қавм ва пайравонаш ангуштнамои мардум гардид.

Имом Алӣ (р) чунин мегўяд:

–Имрўз касе, ки дар роҳи Худо аз маломати маломаткунанда натарсад, ба ғайри Абузар дигар боқӣ намондааст!

Ў ҳамчун мубориз дар роҳи муқобала бо сўистифодаи мансаб ва ҷамъ кардани сарватҳо зист.

Ў тамоми зиндагониашро дар роҳи пешгирии хатоҳо ва барқарор гардондани ростӣ сарф кард.

Ў тамоми умр барои хотири Худо масъулияти насиҳат ва тарсонидан (аз гуноҳ)-ро ба ўҳда дошт.

Ўро аз фатво додан манъ менамуданд, вале баръакс овози ў баландтар садо медод. Ва барои касоне, ки ўро аз ин амалаш манъ менамуданд, чунин мегуфт:

–Қасам ба Худое, ки нафси ман дар дасти ўст, агар шамшерро дар гардани ман биниҳед ва ман умеде дошта бошам, ки як калимаеро, ки аз Паёмбар (с) шунидаам, метавонам ба мавқеъи иҷро биёрам, пеш аз он ки гарданамро бибуред, албатта онро ба мавқеъи иҷро хоҳам овард!

Эй кош, он замон мусалмонон ба сухан ва насиҳатҳои ў гўш медоданд. Дар он сурат фитнаҳое, ки дар оянда кори мусалмононро печида гардонида, давлат, ҷамъият ва исломро ба хатарҳои зиёде мувоҷиҳ сохтанд, дар гаҳвора мемурданд.

Акнун Абузар баъди мухолифаташ бо Усмон (р) дар Рабза, дар он ҷои барои иқомат ихтиёр кардааш дар ҳолати сакароти мавт аст. Биёед ба назди ў биравем, то бо ин мусофири бузург ҳаққи адои видоъро ба ҷой орем ва дар лаҳзаи хатми зиндагонии ифтихормандаш ҳамроҳаш бошем.

Ин зани сиёҳи лоғар, ки дар паҳлўяш нишаста мегиряд, ҳамсараш аст ва Абузар аз ў мепурсад:

–Чаро мегирйӣ? Мурдан амрест ҳақ.

ҳамсараш мегўяд:

– Барои он мегирям, ки ту мемирӣ ва пеши ман пораи либосе нест, ки туро кафан кунам.

Абузар мисли шафақи дар ҳоли ғуруб табассуме кард ва гуфт:

– Ором ва дилпур бош. Гиря накун, зеро ман аз Паёмбари Худо (с) рўзе, ки бо ҷамъе аз асҳоб назди ў будем, шунидаам, ки мегуфт:

– Яке аз шумо дар биёбоне мемирад ва як гурўҳи мусалмонон дар ҷанозааш ҳозир мешаванд.

Ҳамаи онҳое, ки он рўз ҳамроҳи ман буданд, мурданд. Дар байни ҷамоъатҳо ва деҳаҳо ғайри ман дигар касе намондааст ва ман акнун дар биёбон мемирам. Пас дар роҳ интизор бош. Бешак бояд як гурўҳи мусалмонон биёянд, зеро қасам ба Худо, ман ҳеҷ вақт дурўғ нагуфтаам ва касе низ маро фиреб надодааст.

Ва рўҳи ў бо Худо пайваст.

Ў дар ҳақиқат рост гуфта буд.

Он қофилае, ки дар биёбон босуръат меомад, як гурўҳи мусалмонон бо сарварии саҳобаи Расули Худо (с), Абдуллоҳ ибни Масъуд буданд.

Воқеъан, пеш аз он ки ибни Масъуд ба он ҷой бирасад, (ба тариқи илҳом) он саҳнаро пеши назар мебинад. 

Саҳнае, ки як чизи дароз мисли ҷасади мурда хобидааст ва дар наздаш як пиразан ва кўдаке мегиряд. 

Лаҷоми аспашро ба он тараф мегардонад. Қофила низ аз паси ў ба он тараф ҳаракат мекунад ва ҳамин ки назараш ба ҷасади мурда меафтад, дўст ва бародараш дар роҳи Худо ва ислом, Абузарро мешиносад. Об дар чашмони муборакаш чарх мезанад ва болои сари ин ҷасади пок истода мегўяд:

– Расули Худо (с) рост гуфта буд:

–Ту танҳо меравӣ ва танҳо мемирӣ ва танҳо барангехта мешавӣ.

* * *

Ин ҳодиса дар ғазои Табук рўй дода буд, соли нўҳум аз ҳиҷрат. Расули Худо (с) барои омодагӣ ба ҷанги румиён фармон дода буд. Бар зидди ононе, ки алайҳи ислом макр ва ҳила доир мекарданд.

Вақте ки мардум ба ҷиҳод даъват шуданд, замони қаҳтӣ ва гармои шадид буд. Роҳ низ дур ва душман ниҳоят хавфнок буд. Дар ҳақиқат, баъзе аз мусалмонон аз рафтан худдорӣ менамуданд.

Ва Паёмбар (с) бо асҳоб ба роҳ баромаданд. Ҳар гоҳ ки ба роҳи худ идома медоданд, мушкилӣ ва машаққат бештар мешуд. Ва медидӣ, ки марде қафо мезад. Мардум мегуфтанд:

– Эй Расули Худо (с), фалонӣ қафо зад.

Пас Паёмбар (с) мегуфт:

– Бигузоредаш. Агар дар вуҷудаш некӣ бошад, Худованд ўро ба зудӣ ба шумо мерасонад. Ва агар ин чунин набошад, Худо шуморо аз вуҷуди нопоки ў роҳат мебахшад.

Рўзе мардум диданд, ки Абузар нест. Ва ба Расули Худо (с) гуфтанд, ки Абузар қафо монд. Ва сабаб ин буд, ки шутураш аз пой монда буд.

Ва Паёмбар (с) сухани аввалаашро такрор кард. Шутури Абузар зери фишори гуруснагӣ ва ташнагӣ ва гармо заъиф гардида буд ва аз ғояти мондагӣ пояшро ба зўр мебардошт.

Абузар бисёр кўшид, ки онро ба тезрафторӣ водор кунад, вале натиҷае набахшид, балки хастагӣ асари худро бар шутур ҳар лаҳза зиёдтар менамуд.

Ва Абузар дид, ки бо ин ҳол аз қофилаи мусалмонон қафо мемонад ва изи пои онҳоро гум мекунад. Пас пиёда шуд. Ва колои худ ва бори уштурро ба пушташ ниҳод ва пои пиёда равон гардид ва дар миёнаи биёбони тафсон медавид, то Паёмбар (с) ва асҳобро дарёбад.

Субҳи дигар, вақте ки мусалмонон борҳояшонро ба замин монданд, то истироҳат кунанд, яке аз онҳо чангу ғубореро мушоҳада кард. Ва дар паси он чангу ғубор шабаҳи марде менамуд, ки бо суръат ба самти онҳо меомад. Касе ин ҳолатро дида вазъро ба Паёмбар (с) хабар дод.

Паёмбар (с) гуфт:

– Бояд Абузар бошад.

Ва онҳо ба сўҳбати худ идома доданд. Чун шахси оянда расид, ўро шинохтанд.

Мусофир тадриҷан ба онҳо наздик мешуд ва аз ғояти хастагӣ пойҳояшро аз болои реги тафсон базўр бармеканд ва бори пушташ барояш гаронӣ мекард. Лекин ў дар камоли қаноъатмандӣ ва фараҳ буд, зеро қофилаи муборакро дарёфт ва аз Паёмбари Худо (с) ва бародарони муҷоҳидаш қафо намонд. Ва чун ба сари корвон расид, нафаре аз ёрон фарёд баровард:

– Эй Расули Худо (с), қасам ба Худо, ки ин кас Абузар аст.

Абузар ба тарафи Паёмбар (с) рафт.

Ва ҳамин ки чашми мубораки Паёмбар (с) ба ў афтод, дар рўи муборакаш як табассуми меҳрубонона ва навозишкорона ҳувайдо гардид ва гуфт:

– Худованд Абузарро раҳмат кунад. Танҳо меравад, танҳо мемирад ва танҳо барангезонида мешавад.

Имрўз бо гузаштани бист сол ё зиёдтар, Абузар баъди он ки тамоми ҳаёташро дар роҳи масъулияти ба зимма гирифтааш сарф кард, танҳо дар биёбони Рабза фавтид.

Воқеъан, ў дар таърихи башарият аз рўи бузургӣ ва парҳезгориаш, устуворӣ ва ҷавонмардиаш яккаву ягона будааст. Ва зуд аст, ки дар назди Худованд низ яккаву танҳо маҳшур хоҳад шуд, зеро бисёрии фазилатҳояш ҷоеро дар паҳлўи ў барои касе боқӣ нагузоштааст.

Рейтинг
( Пока оценок нет )
Мақола ба шумо писанд омад? Бо дӯстонатон мубодила кунед:
Назари худро баён кунед:

;-) :| :x :twisted: :smile: :shock: :sad: :roll: :razz: :oops: :o :mrgreen: :lol: :idea: :grin: :evil: :cry: :cool: :arrow: :???: :?: :!:

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.