Суҳайб ибни Синон

Тиҷорат фоида дод, эй Абояҳё!

Ӯ дар канори неъмат таваллуд шуда буд.

Падараш ҳокими Убилла ва аз ҷониби Хисрави Парвиз волии онҷо буд.

У аз ҷумлаи арабҳое буд, ки аз сарзаминҳои худ дур шуда, пеш аз ислом ба Ироқ омада буданд. У дар қасри падараш, ки дар соҳили дарёи Фурот дар наздикии ал-Ҷазира ва ал-Мувсил бино шуда буд, серу пур ва хушбахтона зиндагӣ мекард.

Замоне ин сарзамин таҳти ҳуҷуми Рум қарор гирифт ва ғоратгарон адади зиёди мардумро асир гирифтанд ва ин кӯдакро, ки Суҳайб ибни Синон аст, низ ба ғуломӣ бурданд.

Ва ӯро ғуломфӯрушон баъди сарсониҳо ва мусофиратҳои тӯлонӣ ба Макка меоранд. Дар он ҷо ба Абдуллоҳ ибни Ҷудъон фурӯхта мешавад. Ин ҳодиса баъди он рӯй медиҳад, ки ӯ замони тифлиашро сипарӣ намуда, айёми навҷавониашро дар сарзамини Рум гузаронида ва дар он мулк то андозае забон ва лаҳҷаи онҳоро аз худ карда буд.

Ақлу заковат, ҳӯшёрӣ ва мухлисии у ба хоҷааш писанд меояд. Аз ин рӯ, ӯро озод мекунад ва барои ӯ имконияти тиҷорат карданро ҳамроҳи худаш муҳайё месозад.

Ва рӯзе, беҳтараш бигузорем дӯсти у Аммор ибни Ёсар аз он рӯз ба мо қисса кунад:

-Ман рӯзе Суҳайб ибни Синонро дар назди ҳавлии Арқам дидам, дар ҳоле, ки Паёмбари Худо (с) он ҷо буд.

Ба ӯ гуфтам:

-Ту чӣ мехоҳӣ?

Суҳайб ба ман ҷавоб дод:

-Ва ту чӣ мехоҳӣ ?

Ман гуфтам:

-Мехоҳам ба назди Муҳаммад (с) дароям ва ба гуфтори ӯ гӯш диҳам.

Суҳайб гуфт:

-Ман низ ҳаминро мехоҳам.

Мо ҳарду ба назди Паёмбари Худо (с) даромадем, ӯ ба мо исломро арза намуд. Мо ислом овардем.

Он ҷо то бегоҳ нишастем. Аз он ҷо хориҷ шудем ва махфиёна роҳ мерафтем. Бо ҳамин Суҳайб роҳашро ба сӯи хонаи Арқам ёфт.

У роҳашро ба сӯи ҳидоят ва нур ёфт ва низ ба сӯи қурбониҳои пурмашаққат ва фидяҳои бузург роҳро пайдо кард. Гузаштан аз дари чӯбине, ки даруни хонаи Арқамро аз берун ҷудо месозад, ин муҷарради гузаштани остонаи дар не, балки гузаштан аз тамоми ҳудуди олам буд.

Олами қадим бо ҳама он чизҳое, ки аз худ таҷассум мекунад аз дин, ахлоқ, низоми зиндагӣ. Ва қадам ниҳодан аст ба сӯи олами нав, бо тамоми он чизҳое, ки дар худ муҷассам менамояд аз дин, ахлоқ ва низоми зиндагӣ.

Ва гузаштан аз остонаи ҳавлии Арқам, он ҳавлие, ки паҳноии ӯ аз як қадам зиёда нест дар воқеъ, ин гузариш аз як уқёнуси пурдаҳшат буд, васеъ ва паҳно.

Ва гузаштан аз ин фароз, яъне ин остона, эълоне буд ба як аҳде, ки дар зимни худ масъулиятҳои хело бузургро дарбар мегирифт.

Ва ба нисбати фақирон, ғарибон ва ғуломон, гузаштани ин фарози ҳавлии Арқам, маънои қурбониеро дошт болотар аз тоқату бардоштҳои маъмулии башарӣ.

Ва ба дурустӣ, ки дӯсти мо Суҳайб марди ғарибе буд ва дӯсташ, ки ӯро дар назди ҳавлии Арқам мулоқот кард, Аммор ибни Ёсир низ марди фақир буд. Пас онҳо бо ин истиқболи машаққат ва боло кардани остинҳояшон барои мулоқоти ин хатарҳо чӣ мехоста бошанд?

Ин нидои имон аст, ки дар муқобилаш муқовимат карда намешавад.

Ва ин сифатҳои олии Муҳаммад (с) аст, ки таровати бӯи ӯ дилҳои накӯкоронро аз ҳидоят ва муҳаббат пур месозад. Ва ин дурахши навест аз маъдани холис, ки ақлҳои аз чизҳои бӯй гирифтаи қадим ва гумроҳиву қашшоқӣ безоргаштаро ба тааҷҷуб андохтааст.

Қабл аз ҳама ин раҳмати Илоҳӣ буд, ки ба касе хоҳад онро мерасонад ва ҳидоят аз ҷониби Худост, ки ҳидоят мекунад ба воситаи ӯ касеро, ки ба сӯи ӯ руҷӯъ менамояд.

© ® ©

Суҳайб ҷои худро дар ин қофилаи мӯъминон ёфт.

Ва ҷои ниҳоят васеъ ва баландеро дар миёни ранҷдода- шудагон ва азобкардашудагон гирифт.

Ва низ мақоми баландеро дар миёни бахшандагон ва қурбонидиҳандагон барои худ ишғол кард.

Дар ҳақиқат ӯ ба мо аз сари ростӣ, аз садоқати бузургаш нисбати масъулиятҳояш мисли мусалмоне, ки бо Паёмбар (с) байъат намуда ва дар таҳти байрақи ислом рафтааст, нақл мекунад. У мегӯяд:

Дар ҳар ҷамъомаде Паёмбар (с) ҳозир мешуд, ман ҳатман он ҷо ҳузур доштам.

Ва ӯ ҳар байъатеро ба ҷо меовард, ман ҳатман он ҷо ҳузур доштам.

Ва ҳар гоҳ бо гурӯҳи ҷанговароне, ки мерафт, ман ҳатман он ҷо ҳузур доштам.

Ва дар ҳар ҷое, ки ҳамчун ҷанговар дар ҷангҳо ё дар аввали замон ё дар охираш иштирок менамуд, ман дар он ҷо ё дар тарафи росташ ё чапаш будам.

Ва ҳар гоҳе, ки мусалмононро хатар аз пеши рӯяшон таҳдид мекард, ман дар пеши рӯяшон ҳозир будам ва агар хатар аз пушти сарашон таҳдид мекард, ман он ҷо ҳозир будам.

Ва ҳаргиз нагузоштам, ки Паёмбари Худо (с) байни ман ва душман бошад, то ин ки ба рафиқи аъло пайваст.

Ин ниҳоят сурати равшане аз имони нодир ва масъулиятшиносии бузург аст.

Суҳайб ба ин имони олӣ аз рӯзи аввале, ки нури Худоро истиқбол кард ва дасташро ба дасти рости Паёмбар (с) гузошт, сазовор буд.

Аз ҳамин рӯз иборат алоқааш на танҳо бо одамон ва бо дунё, балки бо нафси худаш табиати наверо бар худ касб кард.

Аз ҳамин рӯз ба худ як вуҷуди қоим ва аз муҳаббати дунё дур ва ҷонфидоие ҳосил намуд, ки ба воситаи он бо ҳодисаҳо рӯ ба рӯ мегашт, онҳоро мутеъ месохт ва бо даҳшатҳо рӯ ба рӯ мешуд, онҳоро ба ларза меандохт.

Ҳамчунин ба ҳаёташ идома медод ва бо як икдоми ҷасурона ба масъулиятҳояш мувоҷиҳ мешуд.

У аз ҳеҷ саҳнаи набард ва хатаре тахаллуф наварзидааст.

Рӯзҳои муборизаҳои бузург ва садоқату муҳаббати олиаш аз рӯзи ҳиҷраташ оғоз гардиданд. Дар он рӯз аз тамоми сарват ва зару зевари аз тиҷорати судмандаш, ки дар тӯли солҳои зиёди дар Макка сукунат доштанаш ба даст оварда буд, даст кашид. У аз тамоми сарваташ дар ҳоле даст кашид, ки ин сарват тамоми дороияш буд ва дар як лаҳзае, ки азамати онро дудилагӣ ва ақибравӣ олуда насохта буд.

Вақте ки Паёмбар (с) азми ҳиҷрат намуд, аз ин қасдаш Суҳайбро огоҳ кард ва қарор чунин буд, ки Суҳайб шахси сеюми ин се нафара бошад, ки онҳо: Паёмбар (с), Абубакр (р) ва Суҳайб буданд.

Ва Қурайшиён низ нақшаи манъ намудани Паёмбарро хеле дақиқ тарҳрезӣ намуда буданд.

Суҳайб дар он замоне, ки Паёмбар (с) ва ҳамроҳаш (Абубакр (р)) бо ёрии Худо роҳи худро пеш гирифта буданд, дар яке аз домҳои онҳо афтид ва аз ҳиҷрат чанд вақт манъ шуд.

Ва Суҳайб баъди баҳсу талошҳои зиёд тавонист аз дасти бадхоҳонаш халосӣ ёбад ва ӯ дарҳол ба пушти шутураш савор шуд ва равона гардид ва дар биёбон бо суръат мерафт.

Аҳли Қурайш дар пайи ӯ сайёдони худро фиристода ӯро дарёфт карданд.

Вақте ки Суҳайб онҳоро дид, рӯ ба рӯяшон қарор гирифт ва ба сӯи онҳо фарёд зад.

— Эӣ гурӯҳи Қураӣшиён! Шумо медонед, ки ман ҳунармандтарин тирандоз дар миёни шумоям ва қасам ба Худо, шумо ба ман наздик шуда наметавонед, то он даме, ки тамоми тирҳои дар тирдон будаамро ба сӯятон партоб накунам ва вақте ки тирҳо тамом шуданд, шуморо бо шамшер хоҳам зад, то он даме, ки ҳеҷ чизе дар дастам намонад. Пас агар хоҳед пеш биёед, вале агар хоҳед, ман шуморо ба сӯи молҳоям раҳнамоӣ мекунам ва шумо маро ба ҳолам бигузоред.

Онҳо дар нафсҳои худ кори худро нархгузорӣ ва савдо намуданд, ки кадом як беҳтар, пас нахостанд, ки бимиранд ва қабул намуданд, ки молҳояшро бигиранд ва ба ӯ гуфтанд:

-Ту ба назди мо мӯҳтоҷу фақир омадӣ, пас молҳоят дар назди мо зиёд гардид ва дар миёни мо то ин андоза, ки ҳастӣ расидӣ, акнун ҷону моли худро гирифта меравӣ?

У онҳоро ба ҷои пинҳон кардаи молаш роҳнамоӣ кард ва онҳо низ ӯро ба ҳолаш раҳо намуданд ва ба сӯи Макка бозгардиданд.

Таъаҷҷуб дар ин аст, ки онҳо сухани ӯро бе шакку тардид бовар карданд ва натарсиданд, ки фиребашон медиҳад ва шоҳиде ҳам напурсиданд. Ҳатто барои ростгӯияш қасамаш низ надоданд. Ин тарзи муомила ва мавқеъгирии Қурайшиён бузургӣ ва азамати Суҳайбро нишон медиҳад, ҳамчун марди ростгу ва амонатнигоҳдор.

Суҳайб ба ҳиҷрати худ аз нав шурӯъ кард. Танҳо, саодатманд, то ин ки дар Қубоъ бо Паёмбар (с) расид.

Он ҳангом Паёмбар (с) нишаста буд ва дар атрофаш баъзе саҳобагон низ буданд. Суҳайб намудор гардид. Чун Паёмбар (с) ӯро дид, садо кард: Эй Абуяҳё!

Савдо фоида дод! Савдо фоида дод! Эй Абуяҳё!

Ва дар он лаҳзаҳо ояти карима нозил гардид:

Баъзе мардумонанд, ки ҷони худро дар роҳи ризои Худо мефурӯшанд ва дар роҳи тоъати ӯ ба хидмат вомедорандаш ва Худо сахт раҳмкунандаи бандагон аст (Сураи Бақара, ояти 207).

Оре, Суҳайб нафси худро, ки мӯъмин аст, ба тамоми дороияш, ки барои ҷамъ намудани он тамоми ҷавониашро сарф намудааст, харид. Ва ҳаргиз ҳис накард, ки зиён дида бошад.

Пас мол, зар ва тамоми дунё чӣ арзише доранд, модоме имонаш бо ӯ боқӣ монд, вақте бузургӣ барои рӯҳаш ва ирода барои роҳи интихобнамудааш боқӣ буд.?

Паёмбар (с) ӯро хеле зиёд дӯст медошт ва Суҳайб бо вуҷуди парҳезгорӣ ва тақвояш бозарофат ва ҳозирҷавоб буд.

Рӯзе Паёмбар (с) ӯро дид, ки хурмо мехӯрад ва як чашмаш варамида аст.

Паёмбар (с) хандида ба ӯ гуфт:

-Оё дар ҳоле, ки чашмат варам аст, хурмо мехӯри?

У дарҳол чунин ҷавоб дод:

-Чӣ зараре дорад? Ман хурморо бо ин чашми дигарам мехӯрам!

Ва ӯ хеле саховатманд буд. Тамоми моҳонаи аз байтулмол ба ӯ расидаро дар роҳи Худо садақа мекард, муҳтоҷон ва дармондагонро ёрӣ медод. Ҳамчунон ки дар ояти карима омадааст: Ва ҳам бар дӯстии Худо ба фақир ва ятим ва асир таъом медиҳанд (Сураи Инсон, ояти 8).

То ҳадде, ки саховати аз андоза берунаш таваҷҷуҳи Умарро бедор кард ва ба ӯ гуфт:

-Ман мебинам, ки хеле зиёд саховатмандӣ мекуни, гумон мекунам, ки исрофкорӣ менамоӣ.

Суҳайб чунин ҷавоб дод:

Ман аз Паёмбар (с) шунидаам, ки мегуфт:

-Беҳтарини шумо касест, ки дигаронро таъом медиҳад.

© © ©

Ва агар зиндагонии Суҳайб моломоли фазилатҳо ва бузургиҳо бошад, пас интихоб кардани Умар ибни Хаттоб (р) ӯро барои имоматии мардум дар намоз, як фазилати иловагиест, ки зиндагонии ӯро аз ҷило ва азамат саршор месозад.

Дар он ҳангом, ки амири мӯъминон Умар (р) намози бомдод мегузорид ва ба ҷони ӯ сӯиқасд шуд ва эҳсос кард, ки мӯҳлати зиндагиаш ба охир расидааст, ба ёронаш ва асҳоб бо чунин калимаҳо васият кард:

— Бигузор бо мардум Суҳайб намоз гузорад.

Он рӯз Умар (р) аз саҳобагон шаш нафарро ихтиёр кард ва кори интихоби халифаи навро ба онҳо вогузор намуд.

Ва он касе, ки бо мардум намоз мегузорад, албатта халифа аст. Пас дар рӯзҳои холии байни вафоти халифа ва интихоби халифаи нав, кӣ мусалмононро дар намоз имоматӣ мекунад?

Ба дурустӣ, ки Умар (р) ва хусусан дар он лаҳзаҳое, ки рӯҳи поки вай роҳашро ба сӯи Худо пеш мегирад, пеш аз он, ки касеро ихтиёр кунад, ҳазор бор фикр мекунад ва саросема намешавад. Чун ихтиёр мекунад, ҳеҷ касе ин ҷо муносибтар аз касе нест, ки интихоби халифа ба ӯ меафтад.

Умар (р) Суҳайбро интихоб мекунад.

Уро барои он интихоб мекунад, ки дар намоз имоми мусалмонон бошад, то вақте халифаи нав бархезад ва ба анҷоми вазифаҳояш пардозад.

Уро интихоб намуд, ҳол он ки медонист, ки дар лаҳҷаи қироаташ осори ғайриарабӣ вуҷуд дорад, пас ин интихоб аз камоли неъмате буд, ки Худованд бар бандаи солиҳаш Суҳайб ибни Синон дода буд.

Рейтинг
( Пока оценок нет )
Мақола ба шумо писанд омад? Бо дӯстонатон мубодила кунед:
Назари худро баён кунед:

;-) :| :x :twisted: :smile: :shock: :sad: :roll: :razz: :oops: :o :mrgreen: :lol: :idea: :grin: :evil: :cry: :cool: :arrow: :???: :?: :!:

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.