Талоқ ба хотири волидайн

Дар тамоми оилаҳо мушкиливу якдигарнофаҳмӣ байни арӯсу наздикони шавҳар вуҷуд дорад. Арӯсе нест, ки аз хонаводаи шавҳар боре ҳам шикоят накарда бошад ва хусуру хушдомане ҳам вуҷуд надоранд, ки аз тамоми рафтори арӯсашон розӣ бошанд. Мушкилиҳои келуну хушдомани ҳамеша буду боқӣ мемонад.

Моён замоне соҳиби зиндагии осуда мегардем, ки аз хатогиҳои ҳамдигар чашм пӯшем.

Дар ҷомеаи мо одатан падару модари арӯс тамоми кӯшиши худро мекунанд, то ки духтарашон бо шавҳараш ҳаёти осоишта бинад. Волидони арӯс бо домод кор надоранд. Сабаб дар он аст, ки домод ҳамеша дур аз чашми падарарӯсу модарарӯсаш зиндагӣ мекунад. Агар домод ҳам мисли арӯс дар хонаи хусуру хушдоманаш зиндагӣ мекард, шояд қазия ранги дигарро мегирифт.

Азбаски тақрибан тамоми оилаҳо ҳамроҳи арӯс зиндагӣ мекунанд, байни арӯс ва хусуру хушдоман нофаҳмиҳои зиёд суръат мегирад. 

Албатта ҳар яки шумоён борҳо шоҳиди хусуматҳои келину хушдоман шудаед. Борҳо шунидаем, ки арӯсро танҳо барои итоати волидайн шавҳараш талоқ дод. Сабаби вайрон гаштани оила падару модари домод буданд.

Вақте падару модар ҳамсаратро талоқ деҳ гӯён ба писар амр мекунанд, писар чӣ кор бояд кунад? Итоати волидонро кунад ё бо ҳамсараш зиндагиро давом диҳад.

Оиди ин масъала аксари уламо аз Абуҳанифа сар карда, соҳиби тамоми мазоҳиб ва ҳатто уламои муосир бар он раъянд, ки дар ин ҳангом писар метавонад аз гуфтаи волидон сарпечӣ карда, сухани онҳоро рад кунад.

Иддаи дигар мегӯянд, итоати волидон воҷиб аст, вақте падару модар талаби талоқ мекунанд, фарзанд бояд ҳамсарашро талоқ диҳад.

Аммо иддае аз уламои дигар ҳастанд, ки мегӯянд барои фарзанд беҳтар аст ба хотири ризогии волидонро ба даст овардан, агар волидон ҳамсаратро талоқ деҳ гӯянд, ҳамсарашро талоқ диҳад.

Барои он, ки далелҳоро ба пуррагӣ омӯзем ва масъаларо аз наздик ҳал кунем, бояд ба асли қазия нигоҳ кард. Ин ҷо бояд тавре амал кард, ки ба касе зулм нашавад. Ҳаққи волидон ва ҳаққи ҳамсар риоят карда шавад.

Дар осорҳои саҳобагон омадааст, Абдуллоҳ писари Умари хаттоб мегӯянд:

Ман ҳамсаре доштам, падарам Умар ҳамсарамро хеле бад медид. Боре аз ман талаб кард то ҳамсарамро талоқ диҳам, ман бошам талаби падарамро рад кардам. Сипас падарам Умар ба назди Паёмбар омада, Паёмбарро аз масъала хабардор кард. Паёмбар ба ман гуфтанд:

أطع اباك

Падаратро итоат кун. (ҳамсаратро талоқ деҳ)

Баъзеҳо ба ин осор нигоҳ карда гумон мекунанд, вақте падар писарро амр мекунад, то ҳамсарашро талоқ диҳад, писар бояд ҳатман талоқ диҳад.

Вале инҷо бояд ба шахсияти падар нигоҳ кунем. Оё тамоми падарҳо мисли Умар ҳастанд. Умаре, ки бо заковати фавқулода ва адлу инсофи олӣ машҳур аст. Оё тамоми падарҳоро метавон бо Умар муқоиса кард?

Боре марде ба назди Имом Аҳмад омада мегӯяд, падарам мехоҳад ман ҳамсарамро талоқ диҳам, оё аз падарам итоат кунам?

Имом Аҳмад мегӯянд: На, падаратро фармонбардорӣ накун, ҳамсаратро талоқ надеҳ.

Он мард мегӯяд, аммо вақте Умар аз писараш Абдуллоҳ талаб мекунад, ки ҳамсаратро талоқ деҳ, Пайомбар ба Абдуллоҳ гуфтаи падаратро иҷро кун, мегӯянд.

Аҳмади Ҳанбал мегӯянд: Магар падари ту мисли Умар аст?! Агар ҳамчун Умар падар дошта бошӣ, аз падарат итоат куну ҳамсаратро талоқ деҳ.

Вақте падару модар аз фарзанд талаб мекунанд, ки ҳамсарашро талоқ диҳад, фарзанд шитоб накарда, инчунин куллан гуфтаи волидайнро нодида нагирифта, бояд масъаларо биомӯзад. Шахсияти волидон ва шахсияти арӯсашро ба пуррагӣ дарк кунад.

Хеле маъзарат мехоҳам, аммо баъзе падару модароне ҳастанд, ки дар сар задани камтарин камбуди аз тарафи арӯс, келинро бо талоқ таҳдид мекунанд. Аз писар мехоҳанд аз арӯсаш ҷудо шавад.

Барояшон аслан муҳим нест, ки инҷо як оила аз байн рафта истодааст, кӯдакҳо зиндаятим шуда истодаанд. 

Вақте падару модар аз фарзанд талоқ арӯсашонро талаб мекунанд, писар бояд тамоми атрофи масъаларо баррасӣ кунад, волидон чаро аз ӯ талоқ талаб доранд, гуноҳи арӯс дар чӣ аст ва волидон чӣ мақсад доранд?

Сабаби талаби талоқи волидон ҷангҷолҳои кучаки оилавӣ, низоъҳои оддии келину хушдоманӣ бошад дар ин ҳолат фарзанд набояд гуфтаи волидонро иҷро кунад. Зеро дар мо ҳадиси машҳури Расулаллоҳ аст, ки мегӯянд:

لا طاعة في معصية الله انما الطاعة في المعروف

Дар баробари ба Аллоҳ гуноҳ кардан аз касе набояд итоат кард. Замоне аз дигарон итоат карда мешавад, ки ба корҳои нек амр кунанд. (Бухорӣ)

Ба иттифоқи уламо бесабаб талоқ додан, гуноҳ мебошад. Талошҳои кӯчаки оилавӣ наметавонад, сабаби талоқ гардад. Вақте ба сабабҳои мушкилиҳои кӯчак волидон аз фарзанд талаби талоқ мекунанд, фарзанд набояд гуфтаи волидонро иҷро кунад.

Аммо ҳолатҳое ҳам мешаванд, ки волидон беасос талаби талоқ намекунанд. Арӯсро хеле хуб мешиносанд ва медонанд, ки ин арӯс сабаби бадбахтии фарзандашон мегардад.

Вақте волидон шахсони ҳаким ҳастанд, боинсофу ботафаккур шинохта шудаанд, фарзанд бояд дар мавриди талаби талоқи волидон андеша кунад. Шахсияти ҳамсарашро омӯзад. Чаро волидон талоқ хостанд, мақсадашон чӣ аст, фарзандро аз зани бад наҷот додан ва ё арӯсро ба хотири беэҳтиромиаш ҷазо додан, инро ҳатман бояд пайгирӣ кард. Калиди тамоми ин печидагиҳо сӯҳбатҳои ошкорои рӯ ба рӯ бо иштироки тамоми оила аст.

Баъзан волидон аз Тоҷикистон истода ба Русия занг мезананд, арӯсро комилан ба шавҳараш сиёҳ мекунанд ва исрор меварзанд, ки дар ҳол худи ҳозир занг занаду арӯсашро талоқ диҳад. Писар дар ҳолати асабоният беягон таҳқиқоту пурсиш занг мезанаду ҳамсарашро талоқ медиҳад. Пас аз муддате огоҳ мешавад, ки масъала ба андозае, ки волидон бузург нишон додаанд, воҳима нест. Ҷангҷолҳои кӯчаки оилавӣ буду бас. Писар пушаймон мешавад, мехоҳад ҳамсарашро баргардонад, аммо ибораи се талоқро талаффуз карда буду ҳамсарашро аз даст дода буд.

Баъзан дар ҳақиқат арӯс балои ҷони падару модар мегардад. Бо дурӯғу суханчинӣ, ҷангандозиву низоъталабӣ зиндагии як оиларо сиёҳ мегардонад. Шавҳарашро алайҳи волидонаш мешӯронад, мудом аз паи дасиса медавад. Ҳадафи аслиаш шавҳарро комилан моли худ кардану аз падару модар хоҳару бародараш ҷудо кардан аст.

Волидон инро тоқат карда наметавонанд ва аз фарзанд талаб мекунанд то арӯси балои ҷонашон шударо талоқ диҳад. Дар ин вақт вақте айбҳои арӯс баръало бо ҳуҷҷату далел исбот шуд, писар бояд итоати волидонро кунад, зеро бо ин гуна арӯс зиндагӣ кардан, зулм ба волидон аст. Баръало волидонро озор додан аст. 

Вақте мард медонад, ки ҳамсараш зани бадахлоқ аст, волидонашро азият мекунад, ислоҳ шудани нест дар ин ҳолат барои ризогии волидон бояд аз ин гуна ҳамсар ҷудо шавад.

Вақте Ҳазрати Иброҳим ба хонаи фарзандашон Исмоил меоянд, аз ҳамсари Исмоил оиди зиндагиашон пурсон мешаванд.

Ҳамсари Исмоил мудом аз шавҳараш ва зиндагиаш шикоят мекунад. Иброҳим ба арӯс мегӯянд, вақте шавҳарат ба хона баргашт, ба ӯ аз ман салом расон ва ба ӯ бигӯ, то остонаи хонаашро тағйир диҳад.

Исмоил дарк мекунад, ки мақсад аз тағйири остона тағйири ҳамсар аст ва бояд аз ҳамсараш ҷудо шавад. Ба ҳамсараш мегӯяд ба назди волидонат рав.

Иброҳим алайҳи салом мебинанд, ки ҳамсаре, ки аз ҳамсараш ба дигарон шикоят мекунад, аз зиндагиаш рози нест, асло ҳамсари хуб нест, арзандаи Исмоили Паёмбар нест.

Ҳангоми талаби талоқ фарзандон бояд масъаларо куллан биомӯзанд, кӣ ҳақ аст, кӣ ноҳақ аст, оё масъала ба талоқ додан меарзад ё на, инҳоро ҳатман бояд ба назар гирем. Талоқ ба гуфтан осон аст, аммо паси калимаи талоқ оламе пур аз дарду ҳасрат пинҳон аст. Ризоги волидон бошад сирри хушбахтии фарзандон аст, ки бояд барои ноил шудан кӯшиш кард.

Рейтинг
( Пока оценок нет )
Мақола ба шумо писанд омад? Бо дӯстонатон мубодила кунед:
Назари худро баён кунед:

;-) :| :x :twisted: :smile: :shock: :sad: :roll: :razz: :oops: :o :mrgreen: :lol: :idea: :grin: :evil: :cry: :cool: :arrow: :???: :?: :!:

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.